Тарбияи оилаҳои ҷавон дар рӯҳияи меҳмондорӣ ва меҳмоннавозӣ

Тарбияи оилахои чавон дар рухияи мехмондори ва мехмоннавози.

Тоҷикон чун ҳама халқҳои Шарқ бо меҳмоннавозӣ ва валинеъматиашон дар ҷаҳон ном баровардаанд. Ҳар касе боре вориди хонадони тоҷикон гардидааст, як умр меҳмоннавозии онҳоро фаромӯш намекунад. Воқеан, халқи мо меҳмонро атои Худованд мешуморанд ва ӯро азизу муътабар медонанд.

Пирони рӯзгордидаву корозмуда мудом таъкид мекунанд, ки замину хонаатро фурӯш, тамоми амволи рӯзгоратро ба гарав гузор, вале хотири меҳмонро пос дор. Боз мегӯянд, агар ягон чизи дар бисотат буда ба меҳмон писанд ояд, ба вай бубахш. Иззату эҳтироми меҳмон аз остонаи даромади хона оғоз мешавад. Соҳибхона ӯро хоҳ шиносаду хоҳ не, бо суханони самимиву хуш истиқбол гирифта, ҳолпурсӣ мекунад, «хуш омадед» мегӯяд, барори корашро мехоҳад, аз хешу табор ва ҳамдиёронаш пурсон шуда, зуд ба дасташ об рехта, ҷойи нишаст нишон медиҳад.

Ба суолҳояш бо хушнудӣ ҷавоб мегардонад, табассум мекунад. Дар сурати пурсидани шахсони ғоиби хонадон ё суханро моҳирона ҷойи дигар мебарад ва ё «ҳамин ҷой», «ҳозир меояд», «ҳоло даъват мекунам» гуфта, дар хона набуданашонро вонамуд намекунад. Вагарна меҳмон аз набудани одами даркориаш мушавваш шуда, худро ноҳинҷор ҳис мекунад. Соҳибхонаи оқил ба хотири меҳмон чолокона дастархон паҳн карда, меҳмонро бо хӯрок зиёфат мекунад. Фаридуддини Аттор дар ин маврид гуфтааст:

Меҳмон гар оядат аз хосу ом,
Пеши ӯ мебояд овардан таом.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳангоми пешвоз ва қабули меҳмон асло сир бой додан даркор нест, ки ӯ ношинос, нохонда аст. Барои поси хотири меҳмон ғаму ҳасрати хешро фурӯ бурда, худро хушу хурсанд вонамуд кардан фазилат аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «соҳибхонаи оқилу доно пеши меҳмон пишакашро пишт намегӯяд». Басо хуб мебуд, ки дар ҳузури меҳмон зану шавҳар, додару хоҳар ва падару модар бо ҳамдигар самимона муносибат кунанд, хушнудона ҳоли меҳмонро пурсанд ва ба хизматаш омодагӣ зоҳир кунанд. Дар хотир бояд дошт, ки меҳмон аз хурсандии бепоён ё аз меҳру муҳаббати пок нисбат ба шумову аҳли хонадонатон ё аз ғами гарону арзу ниёзи таъҷилӣ ба дари шумо меояд. Ба вай меҳрубонӣ кунед, то ноумед нашавад. Ҳар касе, ки меҳмонро пазируфта ба вай меҳрубонӣ кунад, худ рӯзе ба караму илтифоти вай хоҳад расид. Яке аз фазилатҳои инсони бофарҳанг риояи одоби муоширату меҳмонавозии ӯст.

Эҳтироми меҳмонро донистан воҷиб аст, аммо меҳмон ҳам бояд қадри худро донад. Дар «Наҳҷ-ул-ҳидоят» омадааст: «Бар меҳмон раво набошад, ки он қадр иқомат намояд, то мизбонро ба танг оварад».

Алии Сафӣ ин нуктаро таҳлил намуда, дар «Одоб-ул-асҳоб» овардааст: «Пайғамбар фармуда, ки раво нест ҳеҷ мусулмонеро, ки иқомат кунад наздики бародари муъмини худ то ба ҳадде, ки вайро дар гуноҳ андозад, яъне чун мизбон аз меҳмон ба танг ояд, ҳароина аз суҳбати вай мутанаффир шавад ва ин гуноҳ аст, ки касе аз бародарони худ мутанаффир бошад, пас гӯё меҳмон вайро дар гуноҳ афканад».

Аз ин мулоҳизаҳо хулосае бармеояд, ки эҳтироми меҳмон воҷиб аст, аммо меҳмон ҳам бояд ҳадди ҳақшиносиро донад ва меҳмонии вай бар зарари мизбон набошад.

Бо гузашти айём ҷамъият пеш рафта, дар меъёрҳои ахлоқӣ низ баъзе дигаргуниҳо ба амал меоянд.

Аз ҷумла, дар расму русуми меҳмондорӣ низ дигаргуниҳо ворид мегарданд. Акнун дар шаҳру ноҳияҳо меҳмонхонаҳои замонавӣ мавҷуданд, ки мусофирон метавонанд дар он ҷо муддати дилхоҳашон зиндагӣ кунанд. Чунин тасодуф хеле кам мешавад, ки мусофире бе сарпаноҳ монад. Аммо панди бузургон оид ба меҳмон ба мо бояд меъёри одобу ахлоқи неки инсонӣ гардад ва дар ҳолати дучор омадан бо чунин тасодуф дар асоси суннатҳои миллӣ ва панди бузургон амал намоем.

Хешу табор, ёру дӯстон, ҳамкорон ба хонаҳои ҳамдигар рафтуомад мекунанд. «Меҳр дар чашм аст» – мегӯяд халқ. Дар натиҷаи рафтуомад меҳру муҳаббати хешу табор меафзояд, ҳамсоягон, ёру дӯстон ба ҳамдигар наздиктар мешаванд. Ҳангоми рафтуомад хешу ақрабо, дӯстон фарзандони худро ҳамроҳ мебаранд. Фарзандони онҳо ҳам бо ҳамдигар ошно мешаванд ва робитаи хешутаборию дӯстии волидонро идома медиҳанд. Ғайр аз ин, фарзандон ҳангоми бо волидон ба меҳмонӣ рафтан аз онҳо тариқи меҳмоннавозӣ, одоби муошират ва муносибатҳои неки дӯстиву хешутабориро меомӯзанд.

Хешу табор, дӯстони наздики хонадон ба хонаи ҳамдигар бе даъвати махсус ҳам метавонанд меҳмон шаванд, чунки мақсади онҳо дидорбинию аз аҳволи ҳамдигар бохабар шудан аст. Гоҳо ба маслиҳате ба назди якдигар мераванд. Чунин ташрифи меҳмонон омодагии махсус ва хароҷоти зиёдеро талаб намекунад. Албатта, соҳибхона онҳоро бо чеҳраи кушод ҳамчун меҳмони азиз пазироӣ намуда, дар наздашон дастархон мекушояд. Неъматҳои беҳтарине, ки дар хона ҳаст, ба дастархон мегузорад, қоидаҳои меҳмоннавозиро ба ҷо меорад ва ҳангоми рафтанашон ҳамчун меҳмон гусел мекунад. Соҳибхона дар ҳар вазъияте, ки бошад, зинҳор бояд хафагӣ ё норизоии худро азомадани меҳмон вонамуд накунад. Носири Хусрав дар ин бора мегӯяд:

Чу меҳмон оядат, дилшод мебош,
Зи ҳар банду ғаме озод мебош!

Ҳар хонадон вобаста ба ин ё он муносибате ҷашнҳои махсусе дорад, ки онро дар ҳалқаи хешу табор ва дӯстони оила мегузаронад. Дар ин мавридҳо пешакӣ омодагӣ мебинанд. Дастархонро бо мева ва нӯшу неъматҳои гуногун пур мекунанд. Хонаро оро медиҳанд. Дар чунин ҳолатҳо меҳмононро соҳибхона пешакӣ даъват мекунад. Ба чунин даъват меҳмонон бояд дар вақти муайяншуда расида оянд ва аз рӯйи одоб фарзандони хурдсол ва рафиқонашонро, ки даъват нашудаанд, ҳамроҳ нагиранд. Зеро мизбон мувофиқи шумораи меҳмонҳои даъваткардааш ҷой омода мекунад.

Соҳибхона меҳмононро дар назди дарвоза ё даромади хона бо хушнудӣ истиқбол намуда, ба хона медарорад. Баъд аз ҳозир шудани ҳамаи меҳмонон аҳли хона бояд бо чеҳраи кушод хидмати онҳоро ба ҷо оранд, чунки оқилон гуфтаанд: «Чеҳраи кушодаи мизбон сабаби кушоиши иштиҳои меҳмон аст».

Чун мушарраф шавӣ ба меҳмоне,
Ҳар чӣ дорӣ, фидои меҳмон кун!

 Мардуми моро одат шудааст, ки барои меҳмон анвои (навъҳои) беҳтарини хӯрданию нӯшиданиро муҳайё месозанд. Аммо меҳмонро зарур аст, ки дар истеьмол ва нӯшидан низ меъёрро донад ва худро бисёр гурусна вонамуд накунад. Мизбон низ бояд дар хӯрдану нӯшидан дақиқкор бошад. Кӯшиш намояд, ки меҳмон худро озод ҳис карда, аз анвои хӯрданию нӯшиданӣ, ки болои дастархон аст, бемалол истифода намояд.

Дар меҳмонӣ мавзӯи суҳбат бояд аз доираи одобу ахлоқи ҳамдигар берун набарояд, баҳсу мунозира нашояд. Аз гуфтани латифаҳои бешармона ва шӯхиҳое, ки метавонад сабаби ранҷиши хотири ҳозирин гардад, худдорӣ бояд намуд. Камолиддин Биноӣ дар мазаммати ҳазлҳои беҷо гуфтааст:

Эй бародар, ба ҳазл макшо лаб!
В-ар кушоӣ, магӯй ҷуз ба адаб!
Ҳазл беобрӯйӣ орад бор,
Обрӯро марезу ҳазл гузор!

Мусиқию суруд, муносибати дӯстонаю самимии ҳозирин ва меҳмоннавозии соҳибхона меҳмононро шод менамояд.

Баъд аз хотимаи зиёфату суҳбат меҳмонон иҷозати рафтан мепурсанд. Мизбон ба хоҳиши меҳмонон бояд мамониат накунад ва меҳмононро то дари хона гусел намуда, бо тамоми рафтору гуфтори худ аз ташрифи меҳмонон миннатпазирӣ ва хушнудии худро нишон диҳад. Чунонки шоир гуфтааст:

Шуд мунаввар аз қудуми дӯстон кошонаам,
Хона фонус асту меҳмон шамъу ман парвонаам.

Саволҳо

  1. Чаро мехмонро атои Худо мегуянд?
  2. Оё бе даъват ба мехмони рафтан мумкин аст?
  3. Бо мехмони ношинос чи гуна бояд муносибат намуд?
  4. Дар хузури мехмон чи гуна рафтор менамоянд?
  5. Мехмондори дар шахр аз мехмондори дар дехот бо кадом хусусиятхо фарк мекунад?
ҚаблӣМуносибат бо падару модар ва дигар аъзои оила
БаъдӣАктивизации обучения геометрии с применением компьютера (научная монография)