Мероси адабии Фаридуддин Аттори Нишопури

Мероси Аттор, Ашъори Аттор, Шеърхо аз шоир Фаридуддини Аттор Нишопури.


Мероси адабии шоир

Фаридуддини Аттори Нишопурӣ мероси адабии фаровон дорад. Худи шоир аз соҳиби чил китоб буданаш хабар додааст:

Бидон худро, ки сию даҳ кутубро
Ниҳодам бо тариқи илм асмо.

ва аз сенздаҳтояш ном бурдааст, монанди “Асрорнома”, “Илоҳинома”, “Мусибатнома”, “Мухторнома”, “Тазкират-улавлиё” ва ғ. Аз ин миён “Тазкират-ул-авлиё” дар наср буда, боқӣ ҳама дар назм мебошанд. Асарҳои манзуми ӯ асосан дар қолаби маснавӣ буда, танҳо “Мухторнома” аз маҷмӯаи рубоиёт иборат мебошад. Асарҳои дигари ӯ, ки ба онҳо муаллиф бевосита ишора накардааст, маснавии “Мантиқ-ут-тайр” ва девони шеърҳои шоир мебошанд.

Мероси шоирро метавон ба ду бахш ҷудо кард:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. Асарҳои сирф назарӣ, монанди аксари маснавиҳояш;
  2. Асарҳои сӯфиёнаи ҳунарӣ, мисли “Девон”, маснавии “Мантиқут-тайр”.

Масъалаи асосии ҳам асарҳои назарӣ ва ҳам ҳунарии Аттор баёни таълимоти ваҳдати вуҷуд аст. Мувофиқи таълимоти мазкур, Худо ҳақиқати кул буда, тамоми мавҷудоти олам партаве аз нури он мебошанд. Роҳи расидан ба ваҳдати вуҷудро ин шоири сӯфӣ дар бехудӣ ва фано дидааст ва гуфтааст, ки то инсон дар банди худист, худпараст аст. Аз ин сабаб агар мехоҳад, ки ба вуҷуди ҳақ – Худо бирасад, бояд фориғ аз ҳама вобастагиҳои дунёи моддӣ шавад.

Хоҳӣ, ки дар бақои ҳақиқӣ расӣ ба кул,
Аз ҳастии маҷозии худ шав ба кул фано.

То ту дар банди худӣ, худро бутӣ,
Бутпарастӣ аз ту кай зебо бувад?!

Мо сӯфии сӯффаи сафоем,
Бе худ зи худему аз Худоем.

 Мазҳаби Аттор ин ҷо чист? Аз худ гум шудан,
З-он ки ин ҷо на ҷароҳат ҳечу на марҳам равост.

Робитаи байни ҳақиқати кул ва мавҷудотро дар адабиёти сӯфигарӣ одатан бо тасвирҳои рамзии дарёву шабнам (қатра), хуршеду зарра, шамъу парвона ифода кардаанд. Аттор низ аз онҳо истифода намудааст ва дар ғазале ин тавр овардааст:

Гум шудам дар худ чунон, к-аз хеш нопайдо шудам,
Шабнаме будам зи дарё, ғарқа дар дарё шудам.

Сояе будам зи аввал бар замин афтода хор,
Рост, к-он хуршед пайдо гашт, нопайдо шудам.

З-омадан бас бенишону аз шудан бас бехабар,
Гӯиё як дам баромад, к-омадам ман ё шудам?

На, мапурс аз ман сухан, зеро ки чун парвонае
Дар фурӯғи рӯйи ӯ пайдои нопайдо шудам.

Дар раҳи ишқаш қадам дарнеҳ, агар бодонишӣ,
Лоҷарам дар ишқ ҳам нодону ҳам доно шудам.

Чун ҳама тан дида мебоист буду кӯр гашт,
Ин аҷаб бингар, ки чун бинои нобино шудам.

Хок бар фарқам агар як зарра дорам огаҳӣ,
То куҷост он ҷо, ки ман саргаштадил он ҷо шудам.

Чун дили Аттор берун дидам аз ҳар ду ҷаҳон,
Ман зи таъсири дили ӯ бедилу шайдо шудам.

Аз рӯйи таълимоти Аттор, барои расидан ба марҳалаи ваҳдати вуҷуд марди раҳ, ки ба арабӣ “солик” мегӯянд, бояд ҳафт марҳаларо тай намояд: талаб, ишқ, маърифат, истиғно, тавҳид, ҳайрат ва фақру фано. Ин маънӣ дар маснавии “Мантиқ-ут-тайр” нисбат ба дигар асарҳои шоир беҳтар ва барҷастатар ифода гардидааст.

Маснавии мазкур чун анъана аз ҳамди Худо ва наъти пайғамбар сар шуда, ба он зикри маноқиби чорёр –Абӯбакр, Умар, Усмон ва Алӣ низ илова гардидааст. Қисмати асосии маснавӣ аз чиҳилу панҷ мақолаи ҷудогона иборат буда, дар аксари он мақолаҳо бар иловаи матлаби аслӣ чанд ҳикоят оварда шудааст.

“Мантиқ-ут-тайр” дар хитоб ба Ҳудҳуд оғоз гардидааст:

Марҳабо, ай Ҳудҳуди ҳодӣ шуда,
Дар ҳақиқат пайки ҳар водӣ шуда.
Ай ба сарҳадди Сабо сайри ту хуш,
Бо Сулаймон мантиқуттайри ту хуш.

Сипас дар мақолаи аввали он хитоб ба Мусича, Тӯтӣ, Кабк, Боз, Дурроҷ, Андалеб, Товус, Тазарв, Қумрӣ, Фохта ва Ҳумой омадааст. Дар мақолаи сонӣ ва баъдӣ сухан аз он меравад, ки мурғони ҷаҳон маҷмае карданд ва ҷумла гуфтанд, ки ин замон дар рӯзгор нест холӣ ҳеч шаҳр аз шаҳрёр, бояд подшоҳеро талабгорӣ кунем.

Маҷмае карданд мурғони ҷаҳон,
Он чи буданд ошкорову ниҳон.

Ҷумла гуфтанд: “Ин замон дар рӯзгор
Нест холӣ ҳеч шаҳр аз шаҳрёр.

Чун бувад, иқлими моро шоҳ нест?
Беш аз ин бе шоҳ будан роҳ нест!

Якдигарро шояд, ар ёрӣ кунем,
Подшоҳеро талабгорӣ кунем.

З-он ки бе кишвар бувад чун подшоҳ,
Назму тартибе намонад дар сипоҳ.

Ҳудҳуди тезфаҳм ва аз баду аз нек, аз тариқат ва ҳақиқат огоҳ хабар медиҳад, ки подшоҳе, ки шумо меҷӯед, дар паси кӯҳи Қоф аст ва номи ӯ Симурғ – султони парандагон аст. Пас шумо агар бо ман ҳамроҳ шавед, маҳрами он шоҳу он даргаҳ шавед. Лекин роҳ то даргаҳи ӯ дур асту дарё жарфи жарф. Аз ин рӯ:

Мардуме бояд тамом ин роҳро,
Ҷон фишонад бояд ин даргоҳро.

Даст бояд шуст аз ҷон мардвор,
То тавон гуфтан, ки ҳастӣ марди кор.

Ҷони бе ҷонон наярзад ҳеч чиз,
Ҳамчу мардон барфишон ҷони азиз.

Гар ту ҷоне барфишонӣ мардвор,
Баски ҷонон ҷон кунад бар ту нисор!

Вақте ки мурғон аз дурию душвории роҳ то султони парандагон -Симурғ ва шарту шароити он бохабар мешаванд, як-як узр пеш меоранд, ки онро “узри ланг”, яъне беасос меномад ва Ҳудҳуд ба ҳар яке аз онҳо ҷавоб мегӯяд ва беасос будани узри онҳоро ба исбот мерасонад. Аввал Булбул, сипас Тӯтӣ, Товус, Бат, Кабк, Ҳумой, Боз, Бутимор, Куф, Саъва ва мурғони дигар сарбасар узрҳо гуфтанд. Барои мисол, Булбули шайдо чунин узр пеш овардааст:

Ман чунон аз ишқи гул мустағрақам,
К-аз вуҷуди хеш маҳви мутлақам.

Дар сарам аз ишқи гул савдо бас аст,
З-он ки маъшуқам гули раъно бас аст.

Тоқати Симурғ н-орад булбуле,
Булбулеро бас бувад ишқи гуле.

Ҳудҳуд ба ӯ ҷавоб медиҳад ва он ин аст:

Ҳудҳудаш гуфт: “Ай ба сурат монда боз,
Беш аз ин дар ишқи раъное маноз!

Ишқи рӯйи гул басе хорат ниҳод,
Коргар шуд бар туву корат ниҳод.

Гул агарчи ҳаст бас соҳибҷамол,
Ҳусни ӯ дар ҳафтае гирад завол.

Ишқи чизе, к-он завол орад падид,
Комилонро зон малол орад падид.

Хандаи гул гарчи дар хорат кашад,
Рӯзу шаб дар нолаи зорат кашад.

Даргузар аз гул, ки гул ҳар навбаҳор
Бар ту механдад, на дар ту, шарм дор!

Гар туро шарме будӣ, ҳаргиз ба чашм
Дар рухи гул нангаридӣ ҷуз ба хашм!

Пас аз он ки селаи мурғон узр пеш меоранд ва Ҳудҳуд ба онҳо ҷавоб мегӯяд, гурӯҳе аз мурғон ба савол кардан аз Ҳудҳуд оғоз мекунанд аз хусуси нафс, тардид, гунаҳкорӣ, дӯстии зар, гирифтории ишқи маҷоз, ҷондӯстӣ ва тарсидан аз марг, номуродии дунё, лофи ишқи ҳақ задан ва ғ. ва ҷавоби ӯ мешунаванд ва барои рафтан ба сӯйи Симурғ иттифоқ мекунанд ва Ҳудҳудро аз роҳи қуръакашӣ пешвои худ, раҳбари худ интихоб менамоянд ва бо ӯ ҳамчун раҳбари худ машварат мекунанд. Ҳудҳуд дар навбати худ ба онҳо ваъз мегӯяд.

Сипас ҳалли мушкилиҳои мурғоне аз ҷониби Ҳудҳуд баён гардидааст, ки ҳангоми сафар пеш меояд ва ё дар сарашон пайдо мешавад. Дар ҷараёни сафар низ гурӯҳе аз мурғон узрҳо пеш меоранд ва Ҳудҳуд ба онҳо ҷавоб медиҳад. Ин гуна узр пеш овардану савол додан ва ҷавобҳои Симурғ аз ин баъд ҳам такрор шудаанд.

Дар ин миён мурғе савол медиҳад, ки чанд фарсанг аст ин роҳе, ки ба даргаҳи Симурғ мебарад. Дидаи мо сиёҳ шуд, роҳ пурсиёсат ва хавфнок менамояд. Ҳудҳуд ҷавоб мегӯяд:

Гуфт: “Моро ҳафт водӣ дар раҳ аст,
Чун гузаштӣ ҳафт водӣ, даргаҳ аст”.

Аттор дар “Мантиқ-ут-тайр” ҳафт водии сулукро як-як дар мақолаҳои ҷудогона васф намудааст: талаб, ишқ, маърифат, истиғно, тавҳид, ҳайрат ва фақру фано.

Пас аз он ки мурғон аз ҳафт водии сулук бохабар мешаванд, ба сӯйи Симурғ огоҳона ба роҳ мебароянд ва ба кӯҳи Қоф мерасанд ва мебинанд, ки он Симурғе, ки дар ҷустуҷӯяш буданд, худашон ҳастанд. Мурғоне, ки пас аз тайи ҳафт водӣ ба саломат расиданд, сито будаанд. Онҳо дар ҳайрат мемонанд ва надонистанд , ки худашон он Симурғ шудаанд.

Чун нигаҳ карданд ин сӣ мурғ зуд,
Бешак, ин сӣ мурғ он Симурғ буд.

Дар таҳайюр ҷумла саргардон шуданд,
Менадонистанд ин то он шуданд.

Хешро диданд сӣ мурғи тамом,
Буд худ Симурғ сӣ мурғи мудом.

Чун сӯйи Симурғ кардандӣ нигоҳ,
Буд худ сӣ мурғ дар он ҷойгоҳ.

В-ар ба сӯйи хеш кардандӣ назар,
Буд ин сӣ мурғ эшон, он дигар.

В-ар назар бар ҳар ду кардандӣ ба ҳам,
Ҳар ду як Симурғ будӣ бешу кам.

Буд ин як ону он як буд ин, 
Дар ҳама олам касе нашнуд ин.

Он ҳама ғарқи таҳайюр монданд,
Бе тафаккур дар тафаккур монданд.

Чун надонистанд ҳеч аз ҳеч ҳол,
Бе зафон карданд аз он ҳазрат суол.

Кашфи ин сирри қавӣ дархостанд,
Ҳалли моию туӣ дархостанд.

Бе зафон омад аз он ҳазрат ҷавоб,
К-оина-ст он ҳазрати чун офтоб.

Ҳар кӣ ояд, хештан бинад дар ӯ,
Ҷону тан ҳам ҷону тан бинад дар ӯ.

Чун шумо – сӣ мурғ ин ҷо омадед,
Сӣ дар ин оина пайдо омадед.

Тавре ки аз муҳтавои маснавии “Мантиқ-ут-тайр”-и Фаридуддини Аттори Нишопурӣ бармеояд, мавзӯи асосии он баёни сафари мурғон – соликони роҳи ҳақиқат ба даргоҳи Симурғ – рӯҳи мутлақ, яъне сафари рӯҳонии инсон аз олами касрат ба олами ваҳдат буда, дар он ғояи дар роҳи расидан ба ваҳдати вуҷуд фано бояд шуд, таъкид ёфтааст. Муаллиф ин мавзӯъ ва ғояро ба воситаи рамзу тамсил ва бо фаровон овардани ҳикоятҳои хурду бузург ифода намудааст.

ҚаблӣФаридуддини Аттори Нишопури / Шайх Аттор – зиндагинома
БаъдӣҚатъ кардан ва беэътибор донистани никоҳ