Бозори қоғазҳои қимматнок ва иштирокчиёни он

Чӣ тавре дар боло қайд гардид ба бозори қоғазҳои қиммат­нок ҳам худи қоғазҳои қимматнок ва ҳам ивазкунандаҳои онҳо (сертификатҳо, купонҳо ва ғ.) бароварда мешаванд, гардиш ме­намоянд ва пушонида мешаванд.

Хусусияти хоси бозори қоғазҳои қимматнок дар он аст, ки вай муносибатҳои ба сармоя табдил ёфтани ғункунӣ ва пасандозҳоро тавассути қоғазҳои қимматнок дарбар меги­рад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Моҳияти бозори қогазҳои қимматнок дар вазифаҳояш инъикос мегардад, ки асоситарининашон инҳоянд:

  • сармоявӣ
  • сафарбаркунии ғункунӣ па пасандозҳо ва азнавтақсимкунии онҳо дар байни соҳаҳои иқтисодиёт дар намуди захираҳои сармоягузорӣ;
  • суғуртавӣ азнав тақсимкунии хавфи баробарсозии нархҳо дар рафти савдои дороиҳои намудҳои гуногун;
  • иттилооти ахборот оид ба рафти савдои мунтазами қоғаз­ҳои қимматнок бозорҳои қоғазҳои қимматноки мавҷуда.

Ҳамаи иштирокчиёмро дар маҷмӯъ баррасӣ намуда онҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Ба гуруҳи якум эмитентон (барорандагони) қоғазҳои қимматнок ва сармоя­гузорон ва ба гурӯҳи дуюм иштирокчиёни касбӣ дохил ме­шаванд. Ба сармоягузорон шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъие, ки ба қоғазҳои қимматнок маблағгузорӣ менамоянд, шомиланд. Ба категорияи иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қим­матнок ташкилот ва шахсоне, ки бастани шартномаи хариду фурӯши қоғазҳои қимматнок ва иҷроиши онро байни эми­тентон (барорандагони) он ва сармоягузорон таъмин мена­моянд, дохил мешаванд. Ба ҳайати онҳо дохил мешаванд: ташкилкунандагони савдо бо қоғазҳои кимматнок брокерҳо дилерҳо, идоракунандагони фондҳо, ташкилотҳои касбию клиринги, депозиторон ва бақайдгирандагон. Иштироки бонки сармоягузорӣ дар ҷараёни савдо ҳатми мебошад, зеро ӯ дар ҷараёни барориши қоғазҳои қимматнок нақши асосиро мебозад ва инчунин коршиноси ниҳоят муними бозори молиявӣ мебошад.

Бо назордошти хусусиятҳои эмитент бозори фондӣ (ҷои муносибати тарафайни эмитента (барорандаи) қоғази қиммат­нок ва сармоягузор бо миёнаравони касбӣ) ба бозори қоғазҳои давлатӣ ва бозори қоғазҳои корпаративӣ (қоғазҳои қимматно­ки ҷамъиятҳои саҳҳомӣ) ҷудо мешаванд.

Вобаста ба аломати ташкили савдо бозор ба бозорҳои биржавӣ ва ғайрибиржавӣ, вобаста ба вақти иҷрои хариду фурӯш ба спотӣ ва фаврӣ инчунин ба сатҳи якум ва дуюм ҷудо мешаванд. Мисоли айёни бозори қоғазҳои қимматнок меъёрҳои нақшаи 4 дар поён овардашуда мебошанд.

Нақшаи 4. Бозори молиявии қоғазҳои қимматнок

Бозори спотӣ – ин як намуди бозори қоғазҳои қимматнок мебошад, ки дар он ивазкунии қоғазҳои қимматнок аслан дар вақти доду гирифт ташкил карда мешавад.

Бозори муҳлатнок – ин чунин намуди бозори қоғазҳои қимматнок мебошад, ки дар он савдо тавассути контрагентҳои муҳлатнок ба роҳ монда мешавад. Намудҳои бозори муҳлатнок бозорҳои форвардӣ, фючерсӣ, опсионӣ, ва бозори свопҳо ме­бошанд.

Бозори форвардӣ – ин чунин намуди бозори муҳлатноки қоғазҳои қимматнок мебошад, ки дар он тарафҳо оид ба фиристодани қоғазҳои қимматнок дар ихтиёрашон буда бо шарти ҳисобаробаркунӣ дар санаҳои муайян дар оянда ба созиш меоянд.

Бозори фючерсӣ – як намуди бозори муҳлатноки қоғаз­ҳои қимматнок мебошад, ки дар он савдои қарордодҳои муҳ­латноки хариду фуруши ояндавии қоғазҳои қимматнок ё дигар воситаҳои дар бозори молиявӣ фурӯхташаванда, ба роҳ монда мешавад.

Бозори опсионӣ (музояда) — ин чунин намуди бозори муҳлатноки қоғазҳои қимматнок, ки дар он хариду фурӯш қарордодҳо бо ҳуқуқӣ хариду фурӯши воситаҳои муайяни мо­лиявӣ бо нархҳои пешакӣ муқарар кардашуда то ба охиррасии муҳлати он ташкил карда мешавад.

Бозори свопҳо – ин як намуди бозори муҳлатноки қоғаз­нои қимматнок мебошад, ки дар он ивазкунии бевоситаи кантрактҳо байни иштирокчиёни доду гирифт бо қоғазҳои қимматнок бо кафолати баргардони бо ду уҳдадории молиявӣ дар муҳлати муайян дар оянда ба роҳ монда мешавад.

Бозори биржавӣ – ин бозори қоғазҳои қимматнок мебо­шад, ки монияти он дар ташкили гардиши қоғазҳои қиммат­нок дар институтҳои молиявии махсус бунёд карда шуда барои ташкил, фурӯш ва аз навфурушии қоғазҳои қимматнок пешбини гардидааст.

Бозори ғайрибиржавии қоғазҳои қимматнок – ин майдони азими савдост, ки дар он ҷо савдои намудҳои бисёри қоғазҳои қимматнок ба роҳ монда мешавад, ҷараёни ворид на­мудани қоғазҳои қимматноки бори аввал ҷойгир карда ҷо ба ҷо гузории якум ва мутаносибан он дар бозори сатҳи якум мегузарад.

Бозори сатҳи дуюми қоғазҳои қимматнок барои азнавтақсимкунии захираҳои мавҷуда мувофиқи талабот ва имкониятҳои иштирокчиёни бозор ба роҳ монда мешавад. Нархҳо дар бозори сатҳи дуюм нисбат ба якум одатан намуде баланд аст. Ба туфайли мавҷуд будани бозорҳои молиявии сатҳи дуюм ҳаҷми харид аз тарафи сармоягузорон дар бозорҳои сатҳи якумро зиёд менамояд.


Keywords: Бозори когазхои кимматнок ва иштирокчиёни он, Бозори молиявии когазхои кимматнок реферат бо забони точики, Бозори споти чист? Бозори мухлатнок, Бозори форварди, Бозори фючерси чист? Бозори опсиони (музояда), Бозори свопхо чист? Бозори биржави, Бозори гайрибиржавии когазхои кимматнок.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама