ҶОНИШИНҲОИ НАФСӢ – ТАЪКИДӢ (reflexive pronouns)

Ҷонишинҳои нафсӣ-таъкидиро дар забони англисӣ “reflexive pronouns” меноманд. Ин гуна ҷонишинҳо бо ҳамроҳ кардани калимаҳои “self “selves” дар охири ҷонишинҳои соҳибии намуди якум ва ҷонишинҳои шахсии бавосита ба амал меоянд. Калимаи “self бо ҷонишинҳои шумораи танҳо ва калимаи “selves” бо ҷонишинҳои шумораи ҷамъ кор фармуда мешавад. Дар зер ҷонишинҳои нафси-таъкидии забони англисиро бо тарҷумаашон меорем:

  • myself – худам, худамро, ба худам
  •  yourself – худат, худатро, ба худат
  • himself- худаш, худашро, ба худаш                                              ,
  • herself – худаш, худашро, ба худаш
  • itself – худаш, худашро, ба худаш
  • ourselves – худамон, худамонро, ба худамон
  • yourselves – худатон, худатонро, ба худатон
  •  themselves – худашон, худашонро, ба худашон

 Чӣ хеле ки дида истодаед, се намуди тарҷумаи хар як ҷонишини нафси-таъкидии англисӣ мавҷуданд. Дар ин дарс ҷонишинҳои нафси-таъкидӣ асосан бо намуди якуми тарҷумаи тоҷикиашон кор фармуда мешаванд.

Мисолҳо:

I can swim myself. – Ман худам оббозӣ карда метавонам.

They can go there themselves. – Онҳо худашон ба он ҷо рафта метавонанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба тарҷумаи тоҷикии ҷумлаҳои болоӣ диққат диҳед. Дар sумлаҳои тоҷикӣ ҷонишини шахсӣ ва ҷонишини нафси-таъкидӣ паиҳам меоянд: “ман худам”, “онҳо худашон”.

 Дар ҷумлаҳои англисӣ бошад, ҷонишини шахсӣ дар аввали ҷумла ва ҷонишини нафсӣ-таъкидӣ дар охири ҷумла меояд.

Акнун ба истифодаи феълҳои модалӣ, ибораҳои муродифи онҳо ва ҷонишини нафсӣ-таъкидӣ якчанд ҷумлаҳо меорем:

You can find our house yourself.

She must do her task herself.

I am able to bring your TV myself.

They have to sleep there them­selves.

She isn’t allowed to drive the car herself.

You must not write the letter yourself.

The children aren’t able to walk in the park at night themselves.

ҚаблӣЗАРФҲО ВА ТАРЗИ СОХТА ШУДАНИ ОНҲО (забони англисӣ)
БаъдӣАфкори иқтисодиву иҷтимоии халқи тоҷик