Пайдо шудани замина барои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият

Шароити иҷтимоию иқтисодӣ барои мутаносиб ва ҳамаҷониба инкишофёбии шахсият, ташаккулёбии ҷамъияти буржуазӣ ва тараққиёти мошинолоти истеҳсолӣ замина гузошт. Ҳоло мебинем, ки чӣ гуна тараққиёти мошинолоти истеҳсолӣ барои иникшофи ҳамаҷонибаи шахсият имконияти зарурӣ муҳайё карда метавонад.

Корхонаҳои бофандагӣ – ҳунармандии дастӣ; саноат, мошинҳои истеҳсолии пештара чунин хусусият доштанд: ҳунармандон дар як корхона кор карда, ҳар яке аз онҳо бо кори муайяни худ банд буданд ва факат ба тайёр кардани қисми кори ин ё он махсулот шуғл меварзиданд.  Коргар ягон имконияти мустақилона ягон коркуниро надошт, дар як амалиёт инкишоф меёфт ва дар дигар майл, қобилият ва хусусиятҳои руҳиаш фуру нишонда мешуд. Чунин фаъолияти ҳаматарафаи корӣ ба инкишофи ҳаматарафаи шахсият имконият намедод, зеро яктарафа буд. Дар ин вазъият соҳибкасб ба ин ё он ҳунар умрбод баста мешуд. Ин хусусият бештар ба истеҳсолоти капиталистӣ, ки минбаъд ин­кишоф меёфт, хос буд. Бошиддат инкишофёбии истеҳсолот ба ҷудошавии меҳнати ақлӣ ва ҷисмонӣ оварда буд. Табиист, ки дар чунин ҳолат кори узвҳо ва системаҳои алоҳидаи инсон инкишоф меёбад ва дигар ҷиҳатҳои ҷисмонию рӯҳӣ хомуш мешавад. Алал хусус, хусусиятҳои истеҳсолоти калони мошинӣ ба такрими меҳнату ихтисосҳои дохили ҷомеа сабаб мегарданд. Ин гуна маҳдудияти ихтисосиро чӣ гуна бартараф кардан мумкин аст?

Чӣ тавре ки дар боло зикр намудем, ҳанӯз аввалин маротиба сотсиалистони хаёлӣ Томас Мор ва Томмазо Кампанелла, сипас Сен-Симон ва Шарль Фурье дар Франция, инчунин Роберт Оуэн дар Англия ғояи пайваста бурдани таълим бо меҳнати истеҳсол  ва инкишофи ҳамаҷонибаи шахсиятро пеш бурда  буданд, дар фабрикаи Нью-Лэнарки худ вай боғча, мактабӣ ибтидоӣ барои кӯдакон ва мактабӣ шабона барои коргарон  таъсис намуд.

  Маълум аст, ки базиси техникии саноати калон мунтазам такомул меёбад ва бо мурури замон дигар мешавад. Технологияи куҳна бо технологияи нав иваз мегардад. Дар ҳамин қатор қисман касбҳо барҳам хурда, наваш пайдо мешавад ва ба тайёрии кадрҳои коргарӣ, муҳандисию техникӣ талабот меафзояд. Чи қадаре, ки техника мураккаб шавад ва такомул ёбад, ҳамон қадар дараҷаи маълумоти умумӣ ва муносибати техникии он бояд баланд бошад ва алалхусус коргарон бояд барои ивазкунии касб дар шароити нави технологияи кор омода бошанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

   Ҳамин тавр, талаботи воқеии истеҳсолоти мошинӣ ва манфиатҳои шахсӣ зарурати инкишофи ҳамаҷонибаи ӯро ҳанӯз дар шароити сохти ҷамъияти буржуазӣ шарт мешуморанд. Ин бидуни хостан ва ё нахостани мақомоти табақаҳои болонишин амалӣ мегардад, зеро болоравии илму техника инкишофи ҳамаҷонибаи шахсиятро новобаста аз сохти ҷамъиятӣ тақозо мекунад.

Мавзӯи асосӣ >>Мақсад ва вазифаҳои тарбия<<


Пайдо шудани замина барои ташаккули хамачонибаи шахсият

ҚаблӣИнкишофи қувваҳои истеҳсолӣ ва муносибатдои истеҳсолии ҷомеа – маҳаки асосии мақсади тарбия
БаъдӣТашаккули ҳамаҷонибаи шахсият ҳамчун мақсади асосии тарбия ва қисмҳои таркибии он