Мақсад ва вазифаҳои тарбия

Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон нагирифт,
Агар ба чашмаи хуршед cap кашад, худрӯст.

(Ҳофиз)

Нақша:

  1. Инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ ва муносибатҳои истеҳсолии ҷомеа — маҳаки асосии мақсади тарбия
  2. Пайдо шудани замина барои ташаккули ҳамаҷонибаи шах­сият.
  3. Ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият ҳамчун мақсади тарбия ва қисмҳои таркибии он


1.Инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ ва муносибатдои истеҳсолии ҷомеа – маҳаки асосии мақсади тарбия

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳамеша рӯ ба беҳбудиҳо овардан мақсади қонунии инсоният аст. Бидуни чунин қонуни иҷтимоӣ инкишофи ҷомеа ва фард ғайриимкон аст. Албатта, аз олоти оддии зиндагӣ ба мошинолот гузаштан ба кор сабукӣ меорад ва маҳсулотро хушсифату афзун мегардонад: аз ҷуфти гов дида бо трактор замин рондан, аз дос дида бо комбайн дарав кардани ҳосил, аз сӯзан дида бо мошинаи дарздӯз, аз автобус дида бо ҳавопаймо сафар кардан бартариҳо дорад. Ҳамаи ин мошинолот – техника қувваҳои истеҳсолот, ашхоси бо ин олоти механикӣ муносибаткунанда, яъне донанда ва идоракунандаи онҳо муносибатҳои истеҳсолӣ номида мешаванд, ки онҳо сарчашмаи мақсади тарбия ба шумор мераванд. Муфассал оиди ин мавзӯъ >>>


2.Пайдо шудани замина барои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият

Шароити иҷтимоию иқтисодӣ барои мутаносиб ва ҳамаҷониба инкишофёбии шахсият, ташаккулёбии ҷамъияти буржуазӣ ва тараққиёти мошинолоти истеҳсолӣ замина гузошт. Ҳоло мебинем, ки чӣ гуна тараққиёти мошинолоти истеҳсолӣ барои иникшофи ҳамаҷонибаи шахсият имконияти зарурӣ муҳайё карда метавонад.

Корхонаҳои бофандагӣ – ҳунармандии дастӣ; саноат, мошинҳои истеҳсолии пештара чунин хусусият доштанд: ҳунармандон дар як корхона кор карда, ҳар яке аз онҳо бо кори муайяни худ банд буданд ва факат ба тайёр кардани қисми кори ин ё он махсулот шуғл меварзиданд.  Коргар ягон имконияти мустақилона ягон коркуниро надошт, дар як амалиёт инкишоф меёфт ва дар дигар майл, қобилият ва хусусиятҳои руҳиаш фуру нишонда мешуд. Чунин фаъолияти ҳаматарафаи корӣ ба инкишофи ҳаматарафаи шахсият имконият намедод, зеро яктарафа буд. Дар ин вазъият соҳибкасб ба ин ё он ҳунар умрбод баста мешуд. Ин хусусият бештар ба истеҳсолоти капиталистӣ, ки минбаъд ин­кишоф меёфт, хос буд. Бошиддат инкишофёбии истеҳсолот ба ҷудошавии меҳнати ақлӣ ва ҷисмонӣ оварда буд. Табиист, ки дар чунин ҳолат кори узвҳо ва системаҳои алоҳидаи инсон инкишоф меёбад ва дигар ҷиҳатҳои ҷисмонию рӯҳӣ хомуш мешавад. Алал хусус, хусусиятҳои истеҳсолоти калони мошинӣ ба такрими меҳнату ихтисосҳои дохили ҷомеа сабаб мегарданд. Ин гуна маҳдудияти ихтисосиро чӣ гуна бартараф кардан мумкин аст?

Чӣ тавре ки дар боло зикр намудем, ҳанӯз аввалин маротиба сотсиалистони хаёлӣ Томас Мор ва Томмазо Кампанелла, сипас Сен-Симон ва Шарль Фурье дар Франция, инчунин Роберт Оуэн дар Англия ғояи пайваста бурдани таълим бо меҳнати истеҳсол  ва инкишофи ҳамаҷонибаи шахсиятро пеш бурда  буданд, дар фабрикаи Нью-Лэнарки худ вай боғча, мактабӣ ибтидоӣ барои кӯдакон ва мактабӣ шабона барои коргарон  таъсис намуд.

Муфассал оиди ин мавзӯъ >>>


3.Ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият ҳамчун мақсади асосии тарбия ва қисмҳои таркибии он

Дар шароити ҳозира дар миқёси умумичаҳонӣ болоравии илму техника ва истеҳсолоти мошинӣ тайёрӣ ва инкишофи боз ҳам баланди аъзоёни ҷамъиятро талаб мекунад. Бинобар ин дар ҷомеа ҳамаҷониба ташаккул додани шахсиятро, ки дар айни замон бевосита мақсади (идеали) тарбия қарор ёфтааст, тақозо дорад. Чунон ки дидем, инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият қаблан аз фаъолияти меҳнатӣ ва истеҳсолот канда буд. Ҳоло мазмуни мақсади умдаи мактабӣ таҳсилоти умумӣ оид ба инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият инҳоро ифода мекунад: тарбияи ақлӣ, мехнатӣ ва таълими политехникӣ, тарбияи ахлокӣ, эстетики ва ҷисмонӣ, илова бар ин ҳаматарафа ошкор кардани имконияти эҷодии шахсият, ташаккул додани муносибати инсонпарастӣ, таъмин кардани шароити гуногун барои нашъунамои фардияти кӯдак бо назардошти ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синну сол ва ғайраро дар бар мегирад.

Ин қисматҳо дар якчоягӣ ва алоқамандии ҳамдигарӣ заминаи фаъолияти меҳнатӣ асоси ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият ва ҳамчун мақсади умдаи тарбияи мактаби ҷумҳурии мо баҳри минбаъда ривоҷ додани технологияи нав ва соҳаҳои гуногуни истеҳсолот мебошад.

Муфассал оиди ин мавзӯъ >>>


Санҷиши назоратӣ

  1. Мақсади тарбия аз чӣ иборат аст?
  2. Ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият мақсади асосии тарбияи муосирро маънидод кунед?
  3. Вазифаҳои мақсади тарбияи инкишофи ҳамаҷонибаи шах­сият кадомҳо ва хар якеро бо мисолҳо тавзеҳ диҳед?
  4. Таълими политехникӣ дар инкишофи мутаносиби шахсият чӣ нақш мебозад?

Педагогика — илм дар бораи тарбия


Максад ва вазифахои тарбия

ҚаблӣШеър-байтҳои панду ахлоқӣ аз Фирдавсӣ
БаъдӣИнкишофи қувваҳои истеҳсолӣ ва муносибатдои истеҳсолии ҷомеа – маҳаки асосии мақсади тарбия

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед