Пешгуфтор – китоби Мантик (Н. М. Сайфуллоев, Ю. В. Ивлев).
Китоби мазкур баёни мураттаби курси мантиқи шаклӣ мебошад, ки барои донишҷӯёни бахши гуманитарии мактабҳои олӣ, ҳамчун китоби дарсӣ пешниҳод мешавад. Хусусияти ин китоб дар он аст, ки ҳамаи мавзӯъҳо мувофиқи барномаи таълимӣ дарҷ ёфтаанд.
Азбаски илми мантиқ роҳҳои дурусти муҳокимаронӣ ва тафаккури саҳеҳро меомӯзад, табиист, ки ҳар фарди равшанфикр аз донистани ин илм бояд бархӯрдор бошад. Масалан, яке аз омилҳои самараноки ҷараёни таълим баёни равшани фикр ва далелнокии муҳокимаю мулоҳизаҳо мебошад.
Сифатҳои мазкури тафаккур, дар ҳар як соҳаи фаъолияти илмию амалӣ, аз ҷумла кори омӯзгорону ҳуқуқшиносон, ки муҳокимаронии асосноки хулосаҳоро тақозо менамоянд, аҳамияти калон дорад. Барои возеҳият, мунтазамӣ ва далелнокии баён омӯзгор ё ҳуқуқшинос ногузир аз қонуну қавоиди мантиқ, ва усулу амалҳои он истифода мебарад. Ҳамин тариқ, донистани қонуну қоидаҳои мантиқ шарти зарурии баланд бардоштани маданияти фикрии омӯзгорону ҳуқуқшиносон мебошад.
Бояд кайд кард, ки омӯхтани фанни мантиқ барои донишҷӯёни факултаҳои таъриху рӯзноманигорӣ ва ҳуқуқшиносии донишгоҳҳо ҳатмист. Илова бар ин, мантиқ на танҳо дар соҳаи гуманитарӣ, балки дар илм ва техникаи муосир низ бағоят калон буда, дар бунёди мошинҳои электронии ҳисоб-барор, дар иқтисодиёт ва монанди инҳо васеъ истифода мешавад.
Дониши мантиқӣ қисми таркибии маълумоти ҳуқуқиро ташкил медиҳад. Мантиқ имконият медиҳад, ки суд ё муфаттиш фарзияю тахминҳо ва нақшаҳои тафтиши ҷиноятро дуруст тартиб диҳад. Инчунин, ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмӣ: протоколи пурсишу азназаргузаронӣ, айбнома, қарору гузоришҳо мантиқ нақши бузургро мебозад.
Ҳуқуқшиносони машҳур мантиқро хуб медонистанд ва дар фаъоли-яти худ онро ҳаматарафа истифода мебурданд. Масалан, дар мурофиа-ҳои судӣ онҳо на фақат нисбат ба далелҳои суд ё шоҳидон розӣ намешу-данд, балки хатоҳои мантиқиро низ ошкор мекарданд, ки он ба ишти-рокчиёни мурофиаи судӣ бетаъсир намемонд.
Мантиқ на танҳо имрӯз, балки дар давраҳои қадим низ қисми ҷудошавандаи илмҳо будааст. Аз ин рӯ, олимон ва мутафаккирони қадим ба ин илм таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардаанд. Бузургтарин мантиқшиноси халқи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар асарҳои худ мантиқро мавриди таҳқиқу барра1сӣ қарор додаст. Ӯ дар мукаммалтарин асари энсиклопе-дии хеш «Китоб ушшифо» гуфтааст, ки мантиқ барои дарки илмҳо баҳтарин восита мебошад. Дар «Мантиқ ул-машриқийин», «Донишно-ма», «Наҷот», «Ишорот ва танбеҳот», «Ҳидоя» ва дигар асарҳояш ман-тиқро «тарозуи илмҳо», ё худ «илми олӣ номидааст». Ба ақидаи Ибни Сино мантиқ, «илмест, ки тарзи донистани ашёро нишон медиҳад».
Илова бар ин, таъкид кардааст, ки манфиати илми мантиқ – эмин доштани тарзи фикрронӣ аз содир кардани хато дар идроки маонӣ ва тарзи дуруст тасаввур кардани он аст. Мантиқ тавассути қавоиди таъ-рифи дуруст, тавофутгузорӣ байни нишонаҳои зотӣ ва аразӣ, он чи моҳияти ашёро устувор месозад ва он чӣ, ки устувор намесозад, сурат мегирад.
Дар ҷои дигар Шайхурраис иброз намудааст, ки аҳамияти илми мантиқ фақат ёрирасон будани зеҳн дар маърифати ду чиз аст ва чунон аст, ки инсон бояд донад, чигуна қавл мавқеи тасаввурро гирад, то ҳақиқати зоти чизро донад ва чигуна бояд ба он далолат кунад, дар акси ҳол ӯ ба ҳақиқати зоти хеш расида наметавонад. Ҳар кас бояд донад,ки чӣ гуна хато кардааст. Шахсе, ки илми мантиқро медонад, бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки амалаш аз рӯи қонунну қоидаҳои илми мазкур сурат гирад.
Муаллифони китоб кӯшидаанд, ки бисёр душвориҳое, ки ҳангоми таълими мантиқ ба миён меоянд, бартараф намоянд. Ба ин мақсад баёни аксари мавзӯҳои мантиқ дар асоси усулҳои мантиқи муосир сурат гирифтааст. Аз ҳамин ҷиҳат ин рисола аз китобҳои дарсии қаблӣ фарқ мекунад.
Хусусияти китоб аз он иборат аст, ки дар он мафҳумҳои асосии илми ҳуқуқшиносӣ муайян шуда, аз соҳаҳои гуногуни илми ҳуқуқшиносӣ машқу мисолҳои зиёде гирдоварӣ шудааст. Аз ҳамин лиҳоз, китоб барои донишҷуёни ҳуқуқшинос ва ходимони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ судманд мебошад.
Дар охири ҳар як фасл ё боб машқу мисолҳое оварда шудааст, ки ҳалли онҳо барои баланд бардоштани малакаи мантиқии донишҷӯён кӯмак мерасонад. Бинобар ин, китоби мазкур, аз як тараф китоби дарсӣ бошад, аз тарафи дигар, иҷрои вазифаи маҷмӯаи машқу мисолҳоро низ дар бар гирифтааст. Дар китоб тарзи ҳалли баъзе машқу мисолҳо низ нишон дода шудааст.
Китоб махсус барои донишҷӯёни равиши гуманитарии дониш-гоҳҳо иншо шудааст. Азбаски барои донишҷӯёни ихтисоси ғайригума-нитарии донишгоҳҳо китоби мантиқ нест, онҳо низ метавонанд аз ин китоб истифода намоянд. Ғайр аз ин, китоб барои омӯзгорон, ҳуқуқши-носон, аспирантон, унвонҷӯён, файласуфон ва онҳе, ки илми мантиқро мустақилона омӯхтанианд, дастури муфид шуда метавонад.
Муаллифон ба директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор А.А. Шамолов, барои саҳмгузорӣ дар нашри китоб, инчунин, ба ходими калони илмии ҳамин ин-ститут Абдуғаффор Шарифов, муаллими калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Шарифов ва сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД-и ҶТ, номзади илмҳои фалсафа Раҷаббой Ҷӯраев, ки дар таҳриру таҳия ва ислоҳи китоб ширкат варзидаанд минатдорӣ менамоянд.
Муаллифон
Аз мудирият:
Пешгуфтори мазкур ба китоби “Мантиқ” нашри 2013, ки муаллифон Н. М. Сайфуллоев ва Ю.В. Ивлев ҳастанд, тааллуқ дорад.
Мавзӯҳои ин китобро ҳамчун мақола мавзӯъ-мавзӯъ дар сомонаи мо дар бахши “Мантиқ” ва барчаспи “Мантиқ Сайфуллоев ва Ивлев” дарёфт кунед.

















