Почтаи электронӣ E-mail

Почтаи электронӣ (Е-mail аз ибораи англисии electronic mail) – яке аз имкониятҳои қадимаи Интернет мебошад. Дар ибтидо, аксарияти шабакаҳо, танҳо чунин имкониятро пешниҳод менамуданд. Тавассути почтаи электронӣ қариб тамоми намуди маълумотҳоро ирсол намудан мумкин аст.

Ба матни навишташуда имкони ҳамроҳсозии файли андозааш кифоя калон (масалан расм ё овоз) низ дида мешавад. Паёми тавассути почтаи электронӣ фиристодашуда ба гирандаи худ хеле зуд (аз якчанд сония то якчанд соат) рафта мерасад ва ирсоли номаҳо тавассути почтаи электронӣ нисбати номаи муқаррарӣ хеле арзонтар мебошад.

Барои соҳиб шудан ба почтаи шахсӣ дастрас шудан ба Интернет кифоя мебошад. Суроғаи почтаҳои электронӣ аз рӯи тартиби муайян сохта мешавад: [email protected], ки  дар ин ҷо name номи истифодабаранда, @-символи суроғаи почтаи электронӣ, host номи сервер ва domain номи домении бақайдгирифташудаи ташкилот ё муассисаи бо почтаи электронӣ таъминкунанда мебошад. Масалан почтаи муқаррарӣ бо номи [email protected]. Дар ин ҷо sarvinoz.komilova номи истифодабаранда, yandex – номи сервер ва ru доменро (домени маҳаллӣ) ифода мекунад.

Истифодабарандагони ботаҷриба барои худ одатан якчанд почтаҳои элекронӣ мекушоянд. Якеро барои кор, дигареро барои мактубҳои шахсӣ ва ё бо мақсадҳои гуногун истифода мебаранд. Почтаи электронӣ метавонад чӣ барои таъйиноти худ ва чӣ барои тавассути он ба даст овардани хабарҳо, паёмҳо аз конфронсҳои роҳи дур ва ҳамчунин барои ирсоли китобҳои электронӣ, баромадҳо ва ғайра истифода шавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба воситаи почтаи электронӣ метавон ба пейчер, факс ва телефони мутаҳаррик (мобилӣ) низ паёмҳо фиристод.

Қуттиҳои озоди элекронӣ барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва сирри истифодабаранда низ истифода шуда метавонанд. Як қатор чунин серверҳоро номбар намудан мумкин аст, ки ба истифодабаранда имконияти озодона кушодани почтаи элекрониро фароҳам меоваранд:

  • Mail.ru
  • Narod.ru
  • Newmail.ru
  • Rambler.ru
  • Yandex.ru
  • Gmail.com
  • Mail.tj

Серверҳои мазкур аз ҳамдигар бо суръат ва устувории кор, андозаи қуттии почтаи пешниҳодшаванда ва инчунин бо намуди дастрасшавӣ ба маълумотҳо фарқ мекунанд.


Маълумот дар бораи почтаи электрони бо забони точики, майл ру, почтаи електрони точики,

ҚаблӣКак правильно принимать лекарства? Простые советы
БаъдӣПротоколҳои махсуси TCP/IP