Зарби ададҳои бисёррақама

Сараввал ин мавзӯро хонед >>

Зарби ададҳои натуралӣ

Зарби ададҳои бисёррақама дар шакли «таг ба таг», дар асоси қонуни ҷудошавии зарб аз рӯи ҷамъ сурат мегирад.

Мисоли 1. Ададҳои 675 ва 8-ро зарб мезанем.

Адади 675-ро дар шакли суммаи ҷамъшавандаҳои разрядӣ навишта амали зарбро иҷро мекунем:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

675•8=(600+70+5)•8=600•8+70•8+5•8=4800+560+40=5400.

Ҳамин баробариро дар шакли таг ба таг низ навиштан мумкин аст.

Одатан, амали ҷамъро дар хаёл иҷро намуда, натиҷаи зарбро мухтасар чунин менависанд:

Мисоли 2. Ададҳои 478 ва 245-ро зарб мезанем.

Адади 245-ро дар шакли суммаи ҷамъшавандаҳои разрядӣ менависем ва қонуни ҷудошавии зарбро татбиқ мекунем:

478•245=478•(200+40+5)=478•200+478•40+478•5.

Амалҳои зарбро иҷро намуда, пас аз он натиҷаҳои ҳосилшударо бо ҳам ҷамъ мекунему дар натиҷа менависем:

Ин навиштаҳоро дар шакли як сутун овардан мумкин аст:

Мисоли 3. Ададҳои 302, 605 ва 804-ро зарб мезанем. Ҳосил мекунем:

302605•804 = 300000•804+0•804+2000•804+600•804+0•804+5•804 = 241200000+1608000+482400+4020 = 243294420.

Ҳамин амалро дар шакли сутун менависем:


Зарби ададхои бисёрракама, тарзи зарб кардани ададхо

 

ҚаблӣШеър дар васфи шаҳр
БаъдӣСода кардани ифодаҳои ҳарфӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед