Маърифати рӯзгордорӣ ва нигоҳдории манзил

Маърифати рузгордори ва нигохдории манзил.

телевизион, точикистон

Ҳаp насл баъди пой бар арсаи вуҷуд гузоштан худро дар оғӯши одамон, сохти иҷтимоии мавҷуда, табиат ва муҳити зист мебинад. Дар зери парастории онҳо ба воя мерасад, бо таъсири муҳит хулқу атвораш ташаккул меёбад ва арзишҳои умумибашариро аз худ мекунад. Ба саволҳое ҷавоб меҷӯяд, ки чӣ тавр бояд зист ва чӣ коре бояд кард ва чӣ амалро бояд накард, ки умр гуворо гузарад?

Дар посухи ин пурсишҳо шароити манзиле, ки одам он ҷо ба дунё омада ба воя мерасад ва аввалин малакаю маҳорати зиндагиро аз худ менамояд, нақши бузург мебозад. Агаp ҳавливу хона тозаву ороста, дару тирезаҳо покиза, ҷиҳози рӯзгор – мизу курсӣ, радиову телевизор, палосу қолинҳо, рафу ҷевонҳо бо тартиб ҷобаҷо гузошта шуда бошад, табъи сокинони он низ болида гашта, аз ҳар гӯшаи он як ҷаҳон лаззати эстетикӣ мегиранд.

Хонаву ҳавлиро мунтазам озодаву покиза нигоҳ дошта, дар мавридҳои зарурӣ асбобу анҷоми манзилро нав ва иваз кардан, онҳоро мувофиқи ранг ва намудашон аз нав ҷобаҷо гузоштан, асбобҳои равшанидиҳиро ба ороиши хона мувофиқ кардан барои баланд бардоштани завқи эстетикии аъзои оила, махсусан наврасон аҳамияти калон дорад. Бинобар ин ба ороиши манзил ҳамаро ва пеш аз ҳама, наврасонро ҷалб кардан лозим аст. Вале кӯшиш бояд кард, ки наврасон роҷеъ ба ороиши манзил ақидаи худро дошта бошанд. Волидон ва калонсолони хонадон ба онҳо ба тариқи машварат ёрӣ расонда, тарзи беҳтар ва барои ҳама қобили қабули корро ёфта тавонанд. Наврасон дар оила ба ҳама намудҳои фаъолияти меҳнатӣ ошно шуда, бо фарқ карда тавонистани хубу бад, зебоиву бетартибӣ, дилпазиру манфур тайёр мешаванд, аз ҳар кори кардаашон, ки боиси эътирофу таҳсини калонсолон гардидааст, ба завқ меоянд ва ҳисси зебопарастиашон афзун мегардад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе аз соҳибхонаҳо вазифа ва тарзи истифодаи баъзе анҷомҳои рӯзгорро намедонанд. Масалан, мизи ошхонаро дар бисёр хонаҳо дар пештоқи меҳмонхона дидан мумкин аст, ҳол он ки ҷойи вай дар ошхона аст. Дар баъзе хонаҳо сервант ҳамчун анҷоми гаронбаҳо дар пешгоҳи меҳмонхона гузошта шуда, даруни он аз пиёлаву чойнику коса пур карда мсшавад. Гоҳо мушоҳида мешавад, ки вақти ба хона омадани меҳмон соҳибхона чандин маротиба нишастагонро нороҳат гардонида, аз назди онҳо гузашта, гоҳ пиёлаву чойник, гоҳ косаву қошуқ мегирад.

Аз ин сабаб вақти ҷобаҷо кардани ашёи рӯзгор дар хона ҳама ҷиҳатҳоро ба назар гирифтан лозим аст. Чи дар хонаи хоб, чи дар меҳмонхонаю ошхона анҷомҳо бояд чунон гузошта шаванд, ки барои истифода созгор бошанд ва зебу зинати ҳуҷраро афзоянд.

Барои тарбияи эстетикии фарзандон онҳо метавонанд дар оро додани ҳуҷра, ҷобаҷогузории ашёи рӯзгор иштирок намоянд. Замоне, ки падар ё модар бо фарзандон дар ҳалли ин ё он масъала машварат менамояд, диққати онҳо ба кор ҷалб мегардад, онҳо ҳам масъулият ҳис карда, ақидаи худро пешниҳод мекунанд. Бигзор фикри онҳо нодуруст бошад, волидон хайрхоҳона инро ба фарзандон асоснок карда, фаҳмонанд ва роҳи дурусти ҳалли масъаларо пешниҳод намоянд. Дар ҳолати қабул гардидани пешниҳоди фарзандон волидон ба онҳо таҳсин гӯянд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам ин иқдом хусусияти тарбиявӣ дорад. Таваҷҷуҳи фарзандон ба корҳои хона, зебоию ороиши манзил зиёд гашта, худро дар ин кор масъул меҳисобанд.

Барои баланд бардоштани завқи эстетикӣ анъанаҳои оилавӣ, ба монанди ташкили рақсу суруд дар ҷашнҳо, маъракаҳо ва дигар хурсандиҳои оилавӣ, тамошои асарҳои санъат, хондану муҳокимаи китобҳо, кинофилмҳо, намоишҳои телевизион ва ғайра нақши муҳим мебозанд. Вале дар ин бобат ҳадду меъёри заруриро нигоҳ дошта, ба дараҷаи иғроқ расондан мумкин нест. Ба он кӯшидан лозим аст, ки анъана ривоҷу равнақ ёфта, ба тарбияи наслҳо таъсири муфиди эстетикӣ расонад.

Бо мурури замон ва тақозои зиндагӣ анъанаҳо тағйир меёбанд. Чунончи як намуди либос муд шуда, ҷойи намуди дигарро мегирад. Вале муд баъзан ба дараҷаи бемаънигӣ мерасад, яъне ба ҷойи зебову шинам безебу номувофиқ меафтад. Бинобар ин ба муд аз ҳад зиёд пайравӣ кардан лозим нест. Либосро мувофиқ ба ранги пӯст, қаду баст, ҳатто касбу кор ва талаботи давру замон интихоб кардан аз рӯйи мақсад мебошад. Дар пӯшидани либос ба он бояд муваффақ шуд, ки либос шинаму зебо, ба синну сол ва фаслҳои сол мувофиқ бошад ва завқи эстетикӣ бахшад.

Ҷавонон бояд ба тарзи либоспӯшӣ таваҷҷуҳ намоянд. Ба либоси хонапӯшӣ, корӣ, мактабӣ ва ҷойравӣ диққат дода, ҳар либосеро дар мавриди худ истифода намоянд. Намоиш додани дороии худ ҳангоми либоспӯшӣ, ба меҳмонӣ ва ё театру кино рафтан дар фарзандон ҳисси худбинӣ, такаббур ва дигар хислатҳои манфии инсониро пайдо мекунад.

Волидоне, ки оқилу хоксор ва дорои маданияти баланду таҷрибаи бойи зиндагианд, намегузоранд, ки фарзандони онҳо дар рӯҳияи худбиниву худнамоӣ тарбия ёбанд. Дар чунин оилаҳо завқи эстетикӣ ва дарки зебоипарастии фарзандон боз ҳам хубтар тарбия меёбад.

Саволҳо

  1. Зебоии манзил дар чист?
  2. Ашёи рузгор ва хонаро чи гуна бояд чобачо гузошт?
  3. Тарзи дилкаш оро додани хонаро накл кунед.
  4. Акидае хаст, ки набудани мизу курси дар хона ва ё хурокро ба даст хурдан нишонаи бемаданиятист. Фикри шумо дар ин бора чи гуна аст?
ҚаблӣМаснавии “Туҳфат-ул-Ироқайн”-и Ҳоқонии Шарвонӣ
БаъдӣМуносибати зану шавҳари ҷавон