Букрот (Хипократ, Гиппократ).
Ин олим яке аз табибони машҳури Юнони қадим ва пайрави Демокрит буд. Ӯ мегуфт, ки табиб бемориро набояд аз бадани одам дур кунад, балки ба бадан ёрӣ расонад, ки худаш бемориро бартараф намояд, яъне баданро бояд чунон обутоб дод, ки бар зидди бемориҳо муқовимат карда тавонад.
Буқрот ва шогирдони ӯ дар пешрафти илми тибби қадим саҳми калон гузоштааст. Ӯ на танҳо усулҳои муолиҷаи беморӣ, балки асосҳои ахлоқии фаъолият касбии табибонро ҳам кор карда баромадааст. Касе, ки табиб шудан мехоҳад, «савганди Буқрот»-ро ёд мекунад.
Пурра » Илми Юнони қадим




















