Мафҳум ва моҳияти молия ва фаъолияти молиявии давлатӣ

Молия аз ҷумлаи маъқулаҳо (категорияҳо)-и иқтисодӣ ба шумор рафта дар мавриди иҷроиши вазифаҳои иқтисодии давлат нақши бузургро мебозад. Ин аст, ки дар ҳар як давлати мутамаддин ба раванди амалишавии бенуқсони ин падида ва зуҳуроти ба он марбута диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Маъмулан, зери истилоҳи «молия» – маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиеро дар назар доранд, ки зимни ҷамъ тақсим ва истифодабарии маблағҳои пулии давлатӣ ба миён омада, барои иҷроиши вазифа ва мақсадҳои дар назди давлат гузошташуда мусоидат менамоянд. Аз таърифи зикргардида ифодае дигаре ба мисли фаъолияти молиявии давлат бар меояд.

Зери мафҳуми фаъолияти молиявии давлат – амали мақсаднок ва банақшагирифташудаи мақомотҳои давлатӣ оид ба ҷамъ, тақсим ва истифодабарии бунёдҳои пулии давлатие дар назар дошта мешавад, ки барои иҷроиши вазифаҳои назди давлат истода, ба монанди рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ, таъминоти мудофиавӣ ва амнияти давлат нигаронида шудаанд.

Аз ин бар меояд, ки фаъолияти молиявии давлат аҳамияти муҳимеро соҳиб аст. Зеро хотимаи неки он дар ҳар сурат ба хотири беҳбудӣ бахшидан ба шароити арзандаи зисти шаҳрвандони мамлакат ва некуаҳволии моддии онҳо аст. Ин мӯҳимиятро ба инобат гирифта давлат тавассути усулҳои гуногун фаъолияти молиявии давлатро ба амал мебарорад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мутаносибан ба марҳилаҳои фаъолияти молиявии давлатӣ ин усулҳо аз якдигар фарқ менамоянд. Масалан, дар мавриди ҷамъ намудани маблағҳои пулии давлатӣ чун қоида усули андозбандӣ истифода мегардад. Дар ҶТ масъалаҳои вобаста ба муқаррар намудан ва ҷамъоварии андозҳоро Кодекси андози ҶТ ба танзим медарорад ва дар ин замина усули андозбандӣ ба таври фаровон истифода мешавад.

Дар марҳилаи тақсими бунёдҳо (фондҳо)-и пулии давлатӣ бошад, чун анъана усулҳои молиякунонӣ ва қарздиҳӣ истифода мешаванд.

Молиякунонӣ – яке азусулҳои фаъолияти молиявии давлат ба ҳисоб рафта, дар бебозгашт ва ба таври ройгон пешниҳоди маблағҳои пулии давлатӣ ифода мегардад. Соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ соҳаҳои афзалиятноки моликунонӣ маҳсуб мегарданд. Якчанд намуди молиякунониро ҷудо намудан мумкин аст. Масалан:

  • кӯмаки молиявии беподош (дотатсия) маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари системаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пeшонидани хароҷоти ҷорӣ беподошу бебозгашт дода мешаванд;
  • мусоидати молиявӣ (субвенсия) – маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари системаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқи беподошу бебозгашт барои анҷом додани хароҷоти муайяни мақсаднок дода мешаванд;
  • кӯмаки молиявӣ (субсидия) – маблағҳои буҷетие, ки ба буҷети сатҳи дигари системаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мутобиқи шарти маблағгузории ҳиссавии хароҷоти мақсаднок дода мешаванд;

Қарздиҳӣ бошад, пешниҳоди маблағҳои пулии давлатро дар асоси принсипҳои бозгардӣ ва музднокӣ, ки баргардонидани маблағро бо фоизи муайян дар назар дорад, ифода менамояд. Агар тавассути усули молиякунонӣ танҳо мақомотҳои давлатӣ маблағгузорӣ гарданд, пас тавассути усули қарздиҳӣ, чи мақомоти давлатӣ ва чи мақомоти ғайридавлатӣ дастгирӣ меёбанд. Ба ҳар ҳол, усулҳои номбаргаштаи тақсими маблағҳои пулии давлатӣ барои рушд ва устувории ҳолати молиявии субъектони мухталифи фаъолияти хоҷагидорӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Аз таърифи фаъоляити молиявии давлатӣ ҳамчунин бар меояд, ки он фаъолияти махсуси мақомотҳои дахлдори давлатӣ аст. Яъне баамалбарандагони ин шакли фаъолияти давлатӣ як қатор мақомотҳои ваколатдори давлатӣ ҳастанд. Таҳлили қоунгузории кишвар имконият медиҳад, то иқрор бошем, ки дар ин соҳа ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ (қонунгузор, иҷроия ва судӣ) то ба андозае саҳмгузоранд. Масалан, Маҷлиси Олии ҶТ доир ба сиёсати молиявии давлат қонунҳои дахлдор қабул менамояд. Зиёда аз ин, палатаи поёнии Парлумон – Маҷлиси Намояндагон ваколатдор гаштааст, ки ҳамасола қонуни буҷети давлатиро (худи буҷет як унсури мустақили низоми молияи давлат аст) мустақилона, бидуни ризоияти палатаи болоӣ – Маҷлиси Миллӣ қабул намояд.

Сохторҳои таркибии Ҳукумати ҶТ бошанд, субъектони бевоситаи амалисозии фаъолияти моливии давлатанд. Масалан, Вазорати молияи ҶТ, Кумитаи андоз, Бонки миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия ва ғ.

Одилона ба амал баровардани адолати судӣ аз рӯи парвандаҳои ба фаъолияти молиявии давлатӣ алоқаманд, то ба андозае аз ширакти мақомоти судӣ дар пешбурди ин раванд далолат менамояд.

ҚаблӣҶОНИШИНҲОИ ШАХСӢ (PERSONAL PRONAUNS)
БаъдӣМафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ