Пухтани компоти себу олучаи тару тоза (Кори амалии №17).
Таҷҳизот ва асбобҳо: зарфи сирдор, корд ё асбоби махсус, ки тухмашро тоза мекунад.
Миқдори маҳсулот: себ – 300г, олуча – 200г, шакар – 3/4 истакон, об – 2 истакон.
Рафти кор. Олучаро бо оби хунук шуста, донакашро мегиранд. Себро низ тоза карда, пӯст ва тухмашро мегиранд.
Дар зарфи сирдор шакар ва 2 истакон оби гармро омехта, себи тайёркардаро меандозанду 10 дақиқа дар оташи паст мепазанд. Ба компоти дарҷӯш олучаи донакаш гирифтаро андохта, боз то пухтани компот меҷӯшонанд. Компоти тайёрро хунук карда, ба истаконҳо ё пиёлаҳо мерезанд.
Ҳисоби кори иҷрошуда:
- Муайян кардани сифати компот.
- Ҳисоби миқдори маҳсулот барои тайёр кардани компот барои гурӯҳи худ.
Савол
- Компотро чӣ хел тайёр мекунанд?
- Ба коркарди якум чиҳо дохил мешаванд?
- Барои нигоҳ доштани витаминҳо кадом қоидаҳоро риоя мекунанд?
Маслиҳати муфид
Агар ба компоти себ дорчин ҳамроҳ кунед, болаззаттар мешавад.
Мева ва ғуҷуммеваҳоро барои тайёр кардани компот дар шарбати шакардор пазед. Он гоҳ он беҳтару болаззаттар ва хушбӯй мешавад.
Аз намудҳои кори амалӣ 1 ё 2 хел мураббо ё компот пазед.