Соли нави тахсил муборак! (шеър)

Шеъре бо номи Соли нави Тахсил муборак аз устод Боки Рахимзода >>

Эй насли хушбахти замон,
Фарзандҳои меҳрубон.
Бодо муборак бар шумо,
Соли нави таҳсилатон!

Дарҳои мактаб ҳар куҷо
Бикшода бар рӯйи шумо,
Бо саъю кӯшиш, дӯстон,
Хонед аъло доимо!

Бандед мустаҳкам камар,
Илму адабро нағзтар
Омӯхта аз худ кунед,
Бошед фарзанди ҳунар.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

То ин ки аз баҳри Ватан
Ҳам дар амал, ҳам дар сухан
Шоиста хизматҳо кунед,
Хонед, хонед илму фан!

Боқӣ Раҳимзода


Соли нави тахсил муборак! (шеър), шеър барои соли нави тахсил барои хонандагон. Шеър аз Боки Рахимзода

ҚаблӣФактҳои ҷолиб дар бораи Пул
БаъдӣҶавоб ба шеъри “Бани одам аъзои якдигаранд”

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед