Риояи маданияти хӯрокхӯрӣ ва қоидаҳои нишастан дар сари дастархон

Риояи маданияти хурокхури ва коидахои нишастан дар сари дастархон.


Дастархони ородода касро ба тановули бомаънию ботартиб, истифодаи дурусти асбобҳои хӯрокхӯрӣ одат мекунонад.

Худро барои дуруст дар сари миз нишастан ва чӣ гуна бо асбобҳои хӯрокхӯрӣ (қошуқ, чангак, корд ва ғайраҳо) муносибат кардан одат кунондан лозим аст.

Дар сари миз рост шинед, беодобӣ накунед, курсиро ҷунбонда ба шахси дар паҳлуятон нишаста халал нарасонед, бо дастархон ва пӯпакҳои он бозӣ накунед, чунки агар якбора ғалтед, ҳамаи асбобҳо ва хӯрокҳои гарм ба болои худатон ё шахси дар паҳлуятон нишаста мерезад.

Ҳеҷ гоҳ кордро ба даҳон наандозед, чунки забон ва лабатонро мебурад. Бинобар ин бо корд хӯрок хӯрдан мумкин нест. Бо чангак дандон тоза накунед, ки даҳон, забон, лабро сӯрох карданаш мумкин аст. Дандонро бо дандонхилол (чӯбчаи дандонтозакунӣ) тоза кунед. Дар назди меҳмонон дандон тоза кардан манъ аст. Умуман дандонро бо сӯзан, ресмон тоза намекунанд, чунки милки дандонро мебурад ва хуншор мекунад. Баъди аз ҷой хеста рафтан, даҳонро бо оби гарм ва агар лозим шавад, бо оби содаи истеъмолӣ ҳамроҳкарда чайқонед.

Қимакабоб (котлет), ғелаккабоб, моҳӣ, сабзавоти пухтагӣ, тухмбирён ва ба инҳо монанд хӯрокҳоро бо чангак қисм-қисм майда карда, истеъмол мекунанд. Агар хӯроки дуюм, масалан гӯшти яклухт бо гарнираш дода шавад, он гоҳ кордро дар дасти рост ва чангакро дар дасти чап медоранд. Гӯштро бо чангак дошта, бо корд мебуранд. Дар ин вақт чангакро моил нигоҳ доред. Агар чангакро рост, яъне амудӣ нигоҳ доред, он ғеҷида, ҳамаи хӯрок ба рӯйи миз мерезад. Гӯштро бо чангак моил дошта, бо корд кам-кам буред. Он гоҳ хӯрок тез хунук намешавад ва сифаташро нигоҳ медорад. Дар ин ҳолат гӯштро бо чангак бо дасти чап мехӯранд. Бояд ҳар кас ба табақчаи дар пешаш гузошта хӯрокро аз зарфи умумӣ ба воситаи асбобҳои махсус – қошуқ, чангак, корд (шаклашон фарқ мекунад), гирад, ки ин риоя кардани одитарин қоидаи гигиенӣ мебошад. Дар вақти хӯрокхӯрӣ ба талаботи зерин риоя кунед: хӯрокро нағз, саросема нашуда хоед, нарезонда, ором ва беовоз хӯред, ки ин бомаданиятии шуморо нишон медиҳад.

Дар қаҳвахона ва тарабхонаҳо барои тайёр кардани хӯрок касбҳои таббох (ошпаз), қаннод (пазандаи ширавориҳо, печене, торт), нархгузор (номгӯй, нарх, миқдор ва ҳаҷми хӯрокро муайян мекунад), чошнигир (сифати хӯрокро месанҷад), пешхизмат (хӯрокро бомаҳорат ба рӯйи миз гузошта, табъи хӯрокхӯрандаро хуш мегардонад) фаъолият мекунад.

Агар шумо доир ба чунин касбҳо маҳорат ва малака ҳосил кунед, албатта, хӯрокатон болаззату фоидабахш ва дастархонатон доим зебою ороста мешавад.

Расми 13. Ороиши рӯйи хӯришҳо
Расми 13. Ороиши рӯйи хӯришҳо

Соҳибхоназан бояд инро дар назар дорад

Дар вақти қабули меҳмон бояд хона ва либос тозаю ороста, мӯй шонакардагӣ, рӯй ва абрувон ороишдодашуда бошад. Меҳмонро бо чеҳраи хандон ва кушод пешвоз гиред. Дар сари миз дар давоми суҳбат агар меҳмоне хато кунад ё асбоберо афтонда шиканад ё таомро резонад, ягон саволи беҷо диҳад, шумо ба ӯ бо овози баланд, дағалона ҷавоб надиҳед, ки дили дигар нишастагон меранҷад. Бо мулоимӣ, оромона, бо чеҳраи кушод, боодобона ҷавоб диҳед, то ки давоми суҳбат бо хурсандӣ гузарад.

Масолеҳро барои хӯришҳои сард бо пӯсташ дар об ҷӯшонед. Дар ин ҳолат ҳамаи витаминҳо ва моддаҳои шифобахш нигоҳ дошта мешавад.


Супориш
  1. Хӯриши винегрет ва оливйеро дар хона тайёр кунед.
  2. Қаймоқ, майонез ё равғани пок ва намакро ба хӯришҳои оливйе ва винегрет чанд соат пеш аз ба рӯйи миз гузоштан меандозанд.
  3. Ба хӯриш пеш аз ба миз гузоштан қаймоқ, кабудӣ, намак, лаблабуи сурх ва ғайраро илова карда, аз модаратон хоҳиш кунед, ки ба сифати ин хӯришҳои тайёркардаатон баҳо диҳад. Баҳои додаашон шуморо хурсанд кард ё не?

Ороиши дастархони идона

ҚаблӣОроиши дастархони идона
БаъдӣШир ва маҳсулоти ширӣ