Аҳамияти обсабзҳо дар табиат ва хоҷагии халқ. Муҳофизати обсабзҳо. Ахамияти обсабзхо дар табиат ва хочагии халк. Мухофизати обсабзхо.
Обсабзҳо яке аз организмҳои ибтидоӣ ва қадимтарини сайёраамон ба ҳисоб мераванд. Аз ин ҷиҳат, фақат бактерияҳо, ҳамчун қадимтарин организмҳо, ба онҳо баробар шуда метавонанд.
Дар давраҳои гузаштаи дури геологӣ, обсабзҳо дар уқёнусҳо, баҳрҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо васеъ паҳн шуда буданд. Обсабзҳо аввалин организмҳои сабзи фотосинтезкунанда мебошанд. То ба вуҷуд омадани обсабзҳо дар атмосфера оксиген қариб мавҷуд набуд. Дар раванди фотосинтез обсабзҳо энергияи офтоб ва гази карбонати муҳитро истифода бурда, тавонистанд таркиби атмосфера ва обро бо оксиген бой гардонанд.
Тавассути намояндагони муайяни обсабзҳо олами гуногунхели ҳайвонот ба вуҷуд омад ва ривоҷу инкишоф ёфт. Обсабзҳо пешгузаштагони (аҷдодони) аввалини рустаниҳои дар муҳити обӣ ва хушкӣ зиндагикунанда мебошанд. Онҳо дар давраҳои гуногуни геологӣ қабати ғафси ҷинсҳои кӯҳиро ба вуҷуд овардаанд. Аз рӯйи таҳлили ҷинсҳои кӯҳӣ олимон исбот кардаанд, ки обсабзҳои аввалин тақрибан се миллиарду дусад миллион сол пеш аз замони мо пайдо шудаанд.
Обсабзҳо дар ҳосилшавии на танҳо оксигени атмосфера, инчунин моддаҳои органикӣ, ки ғизои асосии ҳайвоноту бактерияҳо ба шумор мераванд, фаъолона ширкат меварзанд. Обсабзҳо дар гардиши моддаҳо, хусусан силитсий ва калсий, дар табиат мақоми махсуси худро доранд. Дар тӯли солҳои дуру дарози таърихӣ ҷисмҳои нобудшудаи обсабзҳо дар қаъри баҳру уқёнусҳо ғун гардида, такшинҳоеро ба вуҷуд овардаанд, ки онҳоро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ самаранок истифода мебаранд. Боқимондаҳои баъзе намояндагони обсабзҳо (обсабзҳои диатомӣ)- ро ҳамчун ашёи хом барои тайёр кардани хиштҳои сабуквазн истифода мебаранд. Чунончи, бо тахтасангҳое, ки аз боқимондаи обсабзҳои диатомӣ пайдо шудаанд, гунбази калисои Софияи Муқаддас дар Истамбул оро дода шудааст. Инчунин, ҳангоми тайёр кардани сементи хушсифат ба он боқимондаҳои обсабзҳои диатомӣ ҳамроҳ карда мешавад.
Одамон аз замонҳои қадим cap карда, обсабзҳоро дар фаъолияти ҳаётиашон васеъ истифода мебаранд. Хусусан, мардуми мамлакатҳои назди баҳр (Англия, Фаронса, Норвегия, Ирландия ва ғайраҳо) обсабзҳоро ба сифати ғизо ва ҳамчун хӯроки серғизо барои парвариши чорвои хонагӣ истифода мебаранд.
Японҳо бошанд, аз обсабзҳотаомҳои гуногуни миллӣ мепазанд. Махсусан, ламинарияро, ки карами баҳрӣ ҳам меноманд, барои тайёр кардани таомҳои гуногун бештар истифода мебаранд. Аз орди обсабз кулчаҳои қандин мепазанд. Аз обсабзҳо моддаҳои гуногуни органикӣ – спирт, сирко, атсетон ва ғайpa истеҳсол мекунанд 8 .

Аз таркиби обсабзҳои сурх «Агар-агар» ном моддаеро ис теҳсол мекунанд, ки онро дар саноати қаннодӣ, нонпазӣ (агар он ба хамир ҳамроҳ карда шавад, нон мулоим истодан мегирад), истеҳсоли коғаз, матоъҳои синтетикӣ, пластмасса ва дорусозӣ васеъ истифода мебаранд. Инчунин, «Агар-агар»-ро дар корҳои илмӣтадқиқотӣ ҳамчун муҳити ғизоӣ барои парвариши бактерияҳо ва дигар микроорганизмҳо истифода мебаранд.
Аз обсабзҳои калонҷуссаи бӯр моддаи дигари пурқимат – алгин мегиранд, ки қобилияти баланди часпакӣ дорад. Онро барои истеҳсоли яхмос, равғани молидании рӯй, нахҳои сунъӣ, коғаз ва беҳтар кардани сифати нахи матоъ истифода мебаранд.
Аз таркиби хокистари обсабзҳои бӯр ва сурх йод ва бром (элементҳои кимиёвӣ) ҳосил карда мешавад. Азбаски обсабзҳои бӯр ва сурх аз элементи калий бой мебошанд, онҳоро ба сифати нурии калийдор барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ истифода мебаранд.
Обсабзҳои сабзи якҳуҷайрагӣ ва риштамонанд на фақат обро аз оксиген ғанӣ мегардонанд, инчунин, онҳо ҳамчун ғизои хушсифат барои моҳиҳо, парандагони обӣ сарф мешаванд. Орди аз обсабзҳо тайёркардаро ҳамчун ғизои пурқимати чорво истифода мебаранд. Дар таркиби як тоннаи чунин орд 180 кг намакҳои калийдор, 16 кг моддаҳои органикии нитрогендор, 10 кг фосфор ва бисёр дигар моддаҳои зарурӣ ва хеле муҳим мавҷуданд. Баъзе обсабзҳои дар хок зиндагикунанда дар якҷоягӣ бо бактерияҳо ва дигар омилҳои зарурӣ дар раванди пайдошавии хок фаъолона иштирок мекунанд.
Беназоратӣ ва аз ҳад зиёд афзудани обсабзҳо дар обанборҳо, иншоотҳои обёрикунанда ва ҳавзҳои моҳипарварӣ метавонад ба фаъолияти хоҷагидории инсон зарар расонад. Барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳо назорати қатъӣ бурда, сари ҳар чанд вақт ин иншоотҳо ё обанборҳоро аз обсабзҳо тоза мекунанд.
Барои сабзиши самарабахшу муътадили обсабзҳо шароитҳои хуби инкишофи онҳоро муҳайё кардан лозим аст. Ифлосшавии обанборҳо дар натиҷаи ба он ҷо дохил шудани партовҳои саноати кимиёвӣ, чӯбкорӣ, коркарди металл, пӯст ва ҳар гуна маводҳои заҳролудкунанда боиси нобудшавии обсабзҳо ва дигар организмҳои ҳамроҳ зиндагикунанда мегарданд. Ҳамин тавр, заҳролудшавии баҳру кӯлҳо ва обанборҳо ба фаъолияти ҳаётии рустаниҳо, ҳайвонот ва одамон таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар он, муҳофизати обсабзҳо ҷиҳати тоза нигоҳ доштани муҳити обӣ ва таъмин кардани фаъолияти ҳаётии сокинони обӣ, дорои аҳамияти калон мебошад.
Тестҳо
- Обсабзҳои сабзи якҳуҷайрагӣ ва риштамонанд, бидуни он ки обро аз оксиген ғанӣ мегардонанд, боз дар табиат чӣ аҳамият доранд?
- А. Обро рангин мекунанд
- Б. Таркиби обро аз нуриҳои химиявӣ ғанӣ мегардонанд
- В. Ғизои хушсифати моҳиҳо ва парандагони обӣ мебошанд
- Г. Бактерияҳои касалиангези обро нобуд мекунанд
- Боқимондаи такшиншудаи кадом обсабзҳоро ҳамчун масолеҳи бинокорӣ истифода мебаранд.
- А. Обсабзҳои сабз
- Б. Обсабзҳои бӯр
- В. Обсабзҳои сурх
- Г. Обсабзҳои диатомӣ