Робитаи ҳайвонот ва табиат

Муносибатҳои барои якдигар фоиданок дар байни ҳайвонот. Дар ҳар як муҳити зист ва ҷойҳои алоҳидаи он ҳайвонҳои гуногун зиндагӣ карда, онҳо байни ҳамдигар ро- бита доранд. Баъзан ин робита барои якдигар фоиданок буда, онро симбиоз меноманд. Масалан, дар ҷойе, ки ин ё он намуди ҳайвони ширхӯр зиндагӣ мекунад, парандаеро дидан мумкин аст, ки вай магас, кана ва дигар ҳайвонҳои майдаи дар бадани ҳамон ҳайвони ширхӯр бударо дошта мехӯрад. Ҳамин тариқ, ҳайвони ширхӯр парандаро бо хӯрок таъмин мекунад, паранда бошад, онро аз ҳайвонҳои муфтхӯр эмин медорад. Аз тарафи дигар, паранда овоз бароварда, ҳайвонро аз омадани ягон хатар, хусусан дар вақти хоб огоҳ мекунад (расми 10). Ҳодисаи симбиоз (ба ҳамдигар ёрӣ расонидан) дар байни мӯрча ва ширинча ҳам дида мешавад. Ширинча ҳашароти майдаест, ки дар навдаҳои ҷавони шафтолу, зардолу, себ ва дигар дарахтҳо зиндагӣ мекунад (расми 10). Ширинча моддаи ширин мебарорад, мӯрчаҳо онҳоро мехӯранд ва ширинчаро аз дигар ҳашароти даранда муҳофизат мекунанд.

Расми 10. Симбиози ҳайвонот

Дар ҳайвонҳои обӣ мисоли хуби симбиоз харчанги оворагард ва актиния мебошанд (расми 10). Актиния харчангро тавассути ҳуҷайраҳои заҳрдори худ аз душманонаш муҳофизат мекунад, харчанг бошад, актинияро (вай ҳаракат намекунад) дар пушташ аз як ҷой ба дигар ҷой кашида мебарад.

Гуногунии олами ҳайвонот

Иҷоранишинӣ. Дар байни ҳайвонот муносибатҳое ҳам вуҷуд доранд, ки барои як намуди ҳайвон фоида дошта, барои дигар намуд безараранд. Масалан, як намуди моҳие ҳаст, ки вай узви маканда дошта, дар бадани наҳанг часпида, ҳамроҳи он мегардад ва хӯроки боқимондаи наҳангро мехӯрад. Дар лонаи парандаҳо намудҳои зиёди ҳашарот ва дигар ҳайвонҳои майда зиндагӣ карда, онҳо лонаро ҳамчун паноҳгоҳ истифода мебаранд. Ин ҳайвонҳои майда моддаҳои пӯсидаи органикиро ба сифати хӯрок истифода мебаранд. Ин гуна муносибати дутарафаро иҷоранишинӣ меноманд.

Дарандагӣ ва муфтхӯрӣ. Дар табиат муносибати дутарафае дида мешавад, ки як намуд дигар намудро мехӯрад. Масалан, гамбӯски обӣ моҳичаҳоро, момохолак ва кирминаи он ширинчаро, гург заргӯшро (расми 12). Ҳайвоне, ки дигар ҳайвонро мехӯрад ва барои гирифтани туъма узви мутобиқшуда дорад, даранда номида мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дарандаҳо дар табиат аҳамияти калон доранд. Онҳо аз ҳад зиёдшавии шумораи ҳайвонҳои рустанихӯрро маҳдуд карда, паҳншавии касалиҳоро дар байни онҳо кам мекунанд. Даранда, пеш аз ҳама, ҳайвони касал ва нисбатан беқувватро медорад.

Бисёр ҳайвонот дар узвҳои бадани дигар ҳайвон ва одам муфтхӯрӣ мекунанд. Ин гуна ҳайвонро муфтхӯр (паразит) меноманд. Ҳайвонеро, ки дар бадани он муфтхӯр зиндагӣ мекунад, «хӯҷаин» меноманд. Ба ҳайвоноти муфтхӯр намудҳои зерин дохил мешаванд: кирми ҷигармак, бандкирми гов, эхинококк, гиҷа, шабушк, кайк ва ғайраҳо, ки онҳоро дар типҳои алоҳидаи олами ҳайвонот дар мавзӯъҳои оянда дида мебароем. Муносибате, ки дар натиҷаи он як намуди ҳайвон аз ҳисоби дигар намуди ҳайвон зиндагӣ мекунад, муфтхӯрӣ номида мешавад.

Расми 11. Мубориза барои ҳаёт

Рақобат. Дар намудҳои бисёр ҳайвонот ҷойи зиндагӣ ва ҷой барои сохтани лона ба ҳамдигар монанд аст. Муносибати байни ҳайвоноте, ки талаботашон бо ҳам монанд буда, аммо имконияти қонеъ гардонидани талабот дар онҳо маҳдуд аст, рақобат номида мешавад. Дар табиат ҳодисаи рақобат хеле зиёд мушоҳида мешавад. Масалан, муносибати гург бо бабр, муносибати каждум бо фаланга ва ғайраҳо (расми 11). Ҳайвонҳои рақобатдор ба якдигар таъсири манфӣ мерасонанд. Мавҷуд будани як намуди ҳайвон (малах) ба шароити зиндагии дигар намуди ҳайвон (ягон ширхӯри алафхӯр) таъсири манфӣ мерасонад.

Тафовут ва монандии ҳуҷайраи ҳайвонот ва рустанӣ


Саволҳо

  1. Кадом шаклхои муносибати байни намудхои хайвонот дар табиат вучуд доранд?
  2. Ахамияти даранда дар табиат аз чи иборат аст?
  3. Аз чи сабаб хайвонхои дар байнашон ракобатдошта ба якдигар таъсири манфи мерасонанд?

Робитаи хайвонот ва табиат, Муносибатхои барои якдигар фоиданок дар байни хайвонот, Симбиози хайвонот, Ичоранишини дар олами хайвонот, Дарандаги ва муфтхури, Мубориза барои хаёт, Ракобат дар олами хайвонот

ҚаблӣМуҳити зисти ҳайвонот
БаъдӣҶамоаи биологӣ (Биосеноз). Алоқамандии олами ҳайвонот ва рустаниҳо

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед