Тафовут ва монандии ҳуҷайраи ҳайвонот ва рустанӣ

Ҳамаи мавҷудоти зинда: бактерияҳо, занбӯруғҳо, рустаниҳо ва ҳайвонотро ба ду рӯйиолам ҷудо мекунанд: прокариотҳо ва эукариотҳо.

Ба прокариотҳо бактерияҳо ва обсабзҳои кабуду сабз (сианобактерияҳо) дохил шуда, онҳо ҳастаи ҳақиқӣ ва ҷилди ҳастаӣ надоранд. Прокариотҳоро баъзан организмҳои тоҳастаӣ низ меноманд. Ба эукариотҳо бошад, ҳамаи дигар организмҳо, ба монанди рустаниҳо, занбӯруғҳо, ҳайвонот ва худи инсон мансуб аст. Эукариотҳоро организмҳои ҳастадор меноманд.

Ҳуҷайраи рустанӣ аз ҳуҷайраи ҳайвонот бо чунин хусусиятҳояш фарқ мекунад. Дар ҳуҷайраи ҳайвонот, баръакси ҳуҷайраи рустанӣ, хлоропласт ва девори ҳуҷайра ё селюлоза мавҷуд нест, фақат пардаи тунуки таранг дида мешавад. Дигар аксари  органеллаҳои ҳуҷайраи ҳайвонот то андозае ба рустанӣ шабоҳат доранд (расми 7).

Расми 7. Нақшаи сохти ҳуҷайраи эукариотҳо аз рӯйи маълумоти микроскопи электронӣ

А – ҳайвон, Б – рустанӣ, 1 – ҳаста бо ҳиссача, 2 – мембранаи ситоплазма, 3 – девораи ҳуҷайра, 4 – плазмодесма, 5 – тӯри эндоплазмавӣ, 6 – вакуоли пиноситозӣ, 8 – аппарати Голҷӣ, 9 – лизосома, 10 – қатраҳои равған, 11 – сентриол, 12 – митохондрия, 13 – полирибосома, 14 – вакуол, 15 – хлоропласт.

Аломатҳои умумии ҳайвонот ва рустанӣ. Ҳайвонот  ва рустанӣ ҳарчанд аз ҷиҳати шакл фарқ кунанд ҳам, онҳо якчанд аломати умумӣ доранд: сохти ҳуҷайрагӣ ва қобилияти хӯрокхӯрӣ доранд, нафас мегиранд, калон мешаванд, афзоиш мекунанд ва ғайраҳо.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аломатҳое ҳам мавҷуданд, ки онҳо фақат барои ҳайвонҳо хосанд. Дар ҷараёни эволютсия дар организми ҳайвонот узвҳо,бофтаҳо ва системаи узвҳо ташаккул ёфт, ки сохти махус дошта, вазифаи муайянро иҷро мекунанд. Масалан, дар аксарияти ҳайвонот системаи ҳазми хӯрок, нафаскашӣ, асаб, системаи ихроҷ ва дигар узвҳо мавҷуданд, ки онҳо дар рустанӣ, занбӯруғ ва бактерия дида намешаванд. Баръакси рустаниҳо ҳайвонот моддаҳои тайёри органикиро истифода мебаранд, яъне онҳо гетеротрофанд. Ин хусусият  дар аксарияти бактерияҳо, занбӯруғҳо ва рустаниҳои муфтхӯр ва даранда низ мушоҳида мешавад. Рустаниҳо пигменти хлорофилл дошта, дар рӯшноӣ аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаи органикӣ тайёр мекунанд, яъне рустаниҳои сабз автотроф мебошанд. Аксарияти ҳайвонот фаъолона ҳаракат мекунанд. Аз рустаниҳо бошад, фақат обсабзҳои якҳуҷайра ва бактерияҳо ҳаракат карда метавонанд.

Гуногунии олами ҳайвонот


Саволҳо

  1. Дар бораи мавчудоти прокариоти ва эукариоти чи медонед?
  2. Аломатхоеро, ки факат барои хайвон хосанд, номбар кунед
  3. Хайвонхо ва рустанихо ба хам чи монанди ва чи тафовут доранд?

Тафовут ва монандии хучайраи хайвонот ва растани, Хучайраи рустани аз хучайраи хайвонот чи фарк мекунанд, Аломатхои умумии хайвонот ва рустани/растани.

ҚаблӣГуногунии олами ҳайвонот
БаъдӣМуҳити зисти ҳайвонот