Таълимоти марксистӣ дар бораи давлат ҳамчун ташкилоти иҷтимоии ҷомеаи синфии антагонистӣ. Давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ

Таълимоти марксисти дар бораи давлат хамчун ташкилоти ичтимоии чомеаи синфии антагонисти. Давлат ва чомеаи шахрванди.


Ташкилоти иҷтимоии нисбатан калони ҷомеа давлат ба ҳисоб меравад. Давлат ҳамчун маҳсули талаботҳои муайяни иҷтимоӣ бо мақсадҳои муайян пайдо мешавад. Дар он табақабандии иҷтимоӣ, мақомҳои иҷтимоӣ бисёр дақиқ амалӣ мегарданд. Инчунин зерсистемаҳои идоракунандаю идорашаванда ва дигар нишонаҳои ташкилотҳои иҷтимоӣ бисёр барҷаста ба мушоҳида мерасанд. Дар сотсиология назарияҳои гуногуни давлат мавҷуд мебошанд. Аммо назарияи марксистии давлат ҳамчун ташкилоти иҷтимоии ҷомеаи синфии антагонистӣ бештар мукаммалу коркардшуда ба назар мерасанд.

Асосгузорони ин назария К.Маркс, Ф.Энгелс ва В.И.Ленин чунин меҳисобиданд, ки дар асоси ҳама гуна шаклҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибатҳои сиёсӣ, ки аз ҳама пештар давлатро ташкил менамоянд, манфиатҳои иҷтимоӣ қарор мегирад. Манфиатҳо – ин кӯшишу талошҳои ҳаётии реалии фардҳо, табақаҳо, гурӯҳҳо, синфҳо ва дигар умумиятҳо мебошанд, ки дар амалҳои онҳо ин манфиатҳо бошуурона ё бешуурона ба роҳбарӣ гирифта мешаванд ва бо он манфиатҳо мақоми объективии онҳо дар системаи истеҳсолоти ҷамъиятӣ муайян мегардад. Асоси манфиатҳои иҷтимоиро ин ё он шакли моликият ташкил менамояд.

Тибқи назари марксизм дар ҷомеаи бесинфи ибтидоӣ, ки ба ҷамъиятӣ будани моликият асос меёфт, пурра ба ҳам мувофиқ омадани манфиатҳои одамон вуҷуд дошт ва ҳокимияти иҷтимоӣ ба ҳамаи аъзоён тааллуқ дошт. Дар ин ҷомеа тақсимшавии аъзоён ба ҳукуматдорону тобеъон вуҷуд надошт. Шӯрои кӯҳансолон, доҳиҳо органҳои ҳокимият ба ҳисоб мерафтанд. Дар шароити ба ҳам мувофиқ омадани манфиатҳои аслӣ иродаи авторитарии органҳои ҳокимият ҳамчун иродаи ягонаи тамоми ҷомеа баромад менамуд. Меъёрҳои ахлоқ, урфу одатҳо, анъанаҳо, ки дар афкори ҷамъиятӣ ташаккул меёфтанд, ба сифати кафили амалигардии ин ҳокимият баромад менамуданд. Дар чунин шароит нерӯи афкори умум барои амалисозии ҳокимият кофӣ буд ва барои ба вуҷуд овардани олоти махсуси идоранамоӣ асос вуҷуд надошт.

Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ягонагии манфиатҳои ҷамъиятиро халалдор намуд ва тадриҷан ба пайдоиши манфиатҳои алоҳидаю гурӯҳҳои иҷтимоӣ мусоидат намуд ва раванди пайдоиши синфҳо сурат гирифт. Асоси раванди пайдоиши синфҳоро раванди бегонашавии воситаҳои асосии истеҳсолот аз истеҳсолкунандагони бевоситаи худ ташкил менамояд, ки дар натиҷаи он муносибатҳои як гурӯҳи одамон ба таври куллӣ нисбат ба дигар гурӯҳ иваз мешавад ва ҳамзамон раванди ҷудошавии ин гурӯҳҳо сурат мегирад. Субъекти моликият ҳамчун синф шакл гирифта, ба истеҳсолкунандагони бевоситаи аз воситаҳои истеҳсолот бегонашуда муқобил меистад. Манфиатҳои ин ду синф оштинопазир буда, муборизаи сифӣ тезутунд мегардад. Барои он ки ин ихтилофот ва синфҳои ба ҳам мукобил «дар муборизаи бемаҳсул ҳамдигарро хӯрда нест накунанд», қайд намудааст В.И. Ленин нерӯедавлат пайдо мешавад, ки аз болои ҷомеа қарор мегирад.

Дар давлат зерсистемаҳои идоракунандаю идорашаванда дақиқ тақсим мешаванд. Дар сохтори давлат ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ мақоми муҳимтарин ба дастгоҳи давлатӣ тааллуқ дорад. Дастгоҳи давлатӣ-ин ҳамон органи зарурист, ки вазифаи ташкили ҷомеаи синфӣ ва ҳокимияти синфиро амалӣ менамояд. Ба андешаи асосгузорони марксизм «меҳнати ғайриистеҳсолӣ, аз ҷумла меҳнати идоракунанда ба вазифаи истисноии як қисми кормандон, аммо меҳнати истеҳсолӣ ба вазифаи истисноии дигарон табдил меёбад»[1]. «Мавҷудияти ҳокимияти давлатӣ ифодаи худро маҳз дар мансабдорон, нерӯҳои мусаллаҳ, роҳбарият, судҳо меёбад»-навишт буд К. Маркс15.

Вазифаи асосии давлат аз эҷод сохтани чунин муҳити иҷтимоист, ки дар худ заминаҳои рушди муносибатҳои истеҳсолии ҳукмрон ва худи синфи мулкдоронро дошта бошад.

Вазифаи дигари давлат пахш намудани муқобилияти синфҳои мазлум, муқаррар сохтани муносибатҳои ҳукмронию тобеъӣ мебошад.

Ба давлат ҳамчун шакли нисбатан умумии ташкилоти иҷтимоии муносибатҳои одамон то андозае чунин шакли ташкилоти иҷтимоӣ, мисли ҷомеаи шаҳрвандӣ муқобил меистад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ – ин маҷмӯи шахсиятҳо ва иттиҳоди ихтиёрии онҳост, ки мустақил буда, имконияти амалӣ сохтани мақсадҳои худро доранд.

Ҳамчун шакли мустақили ташкилоти иҷтимоӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бо ҳокимият пайдо мешавад. Вай дар ибтидо иваз намудани ҳуқуқҳои худро талаб намуда, баъдан иштирок дар идоракунии давлатро тақозо менамояд ва ахиран ҳокимияти давлатиро ба олоти умедбахши танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ мубаддал месозад.

Дар маркази ҷомеаи шаҳрвандӣ шахсияти мустақиле, ки аз озодию ҳуқуқҳои мухталиф, пеш аз ҳама ҳуқуқ ба зиндагӣ, моликият, озодӣ бархӯрдор аст, қарор мегирад. Дар чунин шароит рафтори инсон пеш аз ҳама бо манфиатҳои шахсии ӯ муайян мегардад ва бар вай тамоми масъулият барои амалаш вогузошта мешавад. Чунин шахсият ба манфиатҳои қонунии дигарон эҳтиром гузошта, аз ҳама зиёдтар озодии шахсии худро қадр мекунад. Арзиши инсон бо сифатҳои шахсии ӯ муайян мегарданд. Сифати муҳимтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тарафи шахсият дарк карда шудани зарурати худбаҳодиҳӣ мебошад.

Ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ташаккулёбӣ ва рушди тарзи сармоядории истеҳсолот, ки ба тавлиди идеологияи индивидуализм асос гузошт, алоқаманд мебошад. Дар шароити муносибатҳои ҷамъиятии сармоядорӣ фард имконият пайдо намуд, ки ҳамчун нерӯи мустақили ҷамъиятӣ баромад намояд. Имкониятҳои ӯ аксаран аз қобилиятҳои шахсии ӯ вобаста буданд. Ташаккулёбии ҷомеаи сармоядорӣ ба тавлиди давлати ҳуқуқӣ, ки механизмҳои ҳифзи ҷомеа ва шахсиятро аз худсарии ҳокимияти давлатӣ коркард мекунад, мусоидат менамояд.


[1] Маркс К., Энгелс Ф. Соч..Т.26.Ч.1. саҳ.293.


Мавзӯи пурра » Мавзӯи 5. Умумиятҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ

ҚаблӣТашкилотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ. Бюрократия ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ
БаъдӣМавзӯи 6. Сохтори иҷтимоии ҷомеа