Мақсад, вазифа ва сохтори микроиқтисод, вазифахои микроиктисод, сохтори микроиктисод, вазифаҳои микроиқтисод.
Микроиқтисодиёт-қисмати асосии назарияи иқтисодӣ буда, муносибатҳои иктисодии байни одамонро ва муаяйн намудани қонуниятҳои умумии фаъолияти хоҷагидорӣ, муносибатҳои байни соҳибкорон ва кормандони кироя, байни худи соҳибкорон (рақобат), инчунин байни харидорону фурушандагонро меомӯзад. Хамаи ин муносибатҳо бо воситаи нарх ба омилҳои истеҳсолот ва неъматҳои иқтисодӣ амалӣ мегарданд.
Таҳлили микроиқтисодӣ — қисми иқтисодиёт, ки воҳидҳои алоҳидаи иқтисодиро ба монанди хоҷагиҳои хонавода, фирмаҳо, соҳаҳо ва инчунин бозорҳои алоҳида, нархҳо ва молу хизматҳои мушаххасро тадқиқ менамояд.
Ба ғайр аз ин боз дигар таърифҳои микроиқтисод вуҷуд доранд:
- микроиқтисод ҷараёни қабули қарорҳои иқтисодиро аз тарафи субъектони алоҳидаи хоҷагидорӣ – фирмаҳо, истеъмолкунандагон ва ғ. меомӯзад.
- вазифаи микроиқтисод таҳлили таъсири баҳамдигарии субъектони иқтисодӣ дар бозорҳои алоҳида мебошад.
Дар таҳлили микроиқтисодӣ объекти асосӣ фирма (корхона) мебошад. Ин бо он асоснок карда меш авад, ки дар иқтисодиёти муосир асосан фирмаҳо қисми асосии маҷмӯи молу хизматҳоро ки ба қонеъгардонии талаботи инсон равона карда мешаванд, истеҳсол менамоянд. Дар дастури таълимии мазкур мафҳумҳои «фирма» ва «корхона» ҳамчун синонимҳо дида баромада мешаванд, лекин дар амал онҳо наҳамавақт ҳамчун синонимҳо баромад мекунанд. Масалан, фирма метавонад якчанд корхонаҳоро ташкил кунад, дар ин ҳолат онҳо ҳамчун қисми ташкилкунандаи фирмаи додашуда баромад мекунанд.
Микроиқтисод нархҳои нисбиро меомӯзад, яъне мувофиқати нархҳои неъматҳои алоҳида, дар ҳолате, ки сатҳи пурраи нархҳоро макроиқтисод дар зери омӯзиши худ қарор медиҳад.
Омӯзиши чунин масъалаҳо дар микроиқтисод аҳамияти махсус дорад:
- рафтори иқтисодии одамон, ки дар сохторҳои ҷамъиятӣ ва институтҳо вобаста шудаанд (ба сифати институтҳои асосӣ бозор, моликият ва давлат баромад мекунанд);
- қабул намудан аз ҷониби субъектҳои иқтисодӣ халли масъалаҳои мутаносиб оиди амалиётҳои иқтисодӣ;
- масъалаи интихоби яке аз вариантҳои алтернативӣ.
Масъалаи асосии агентҳои микроиқтисодиёт аз он иборат аст, ки интихоби иқтисодиро дар ҳолати маҳуд будани захираҳои иқтисодӣ амалӣ гардонанд. Иктисодиёт ҳамчун илми ҷомеашиносӣ марому равиши ҳаёти иқтисодии одамонро дар зинаҳои инкишофи тамаддун ба тасвир меоварад.
Хар як воҳидҳои истеҳсолии ҷомиа амалан ба тавлиду пешниҳод кардани неъматҳо ва ё хизматҳо нигаронида шудаанд. Аз ин боис, дар назди фаъолиятгарони ҷабҳаи иқтисодии ҷомеа саволҳои зайл ба таври ҳатмӣ меистанд:
1.Барои кӣ бояд истеҳсол кард?
2.Чиро бояд истехсол кард?
3.Чӣ гуна бояд истеҳсол кард?
- Чи қадар бояд истеҳсол кард?
Ин илм нишон медиҳад, ки чи хел ва барои чи қарорҳои иқтисодӣ дар сатҳи чунин воҳидҳои иқтисодӣ қабул мегарданд, мисол: бо кадом тарз фирма ресурсҳои худро бо мақсадҳои гуногун тақсим менамояд; чи гуна коргарон масъалаи дар куҷо ва чӣ қадар бояд қувваи кориро сарф кард, ҳал намоянд; чи гуна истеъмолкунандагон оиди харидории молу маҳсулот ва ба интихоби онҳо таъсир расонидани таѓйирёбии нарх ва даромадро масъалагузорӣ менамоянд.
Ба Субъектҳои асосии микроиқтисод истеъмолкунандагон, истеҳсолкунандагон, ташкилотҳои тиҷоратӣ (бизнес) ва хоҷагии хонавода дохил мешаванд. Сохтори мантиқии микроиқтисод ҳамчун фанни таълимӣ мантиқи омӯзиши фанро инъикос менамояд, яъне механизми нархгузории бозорӣ. Шумораи омилҳое, ки нархи неъматро ва ҳаҷми фурӯшро дар бозори мушаххас муайян мекунанд хело зиёданд, ба онҳо шомиланд технологияи истеҳсолот, табъу хоҳиши истеъмолгарон, вазъи боду ҳаво ва вазъияти сиёсӣ дар кишвар, сиёсати андози давлат ва қурби мубодилашавандаи асъори миллӣ. Кариб ҳар як ҳодисаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ин ё он миқёс дар конъюктураи бозор ва нарх инъикос мегарданд. Вале ҳар як маҷмӯи омилҳои нархгузорӣ таъсир мерасонанд ё бо воситаи тақозо ё бо воситаи арза. Аз ин лиҳоз арза ва тақозо ба сифати ду омили агрегатсияшуда баромад мекунад, вазифаи мушаххаси нархро муйян месозад.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ ҷойи намоёнро дар микроиқтисод ҳамчун илм, масъалаҳои асосии зерин ишғол менамоянд:
- тадқиқи омилҳои истеҳсолот ва таъсири онҳо ба механизми ташкилёбии хароҷотҳои истеҳсолӣ, арзиши аслӣ ва фоида;
- тадқиқи стратегияи рақобат дар шароити сохторҳои гуногуни бозор;
- таҳлили талабот ва пешниҳод дар шароитҳои гуногуни дараҷаи диверсификатсияи истеҳсолот ва сохторҳои гуногуни бозор;
- таҳлили ташкилёбии сатҳи нарх ба моли истеҳсолмешудаи корхона дар шароитҳои рақобати бозорӣ.
Ҳамаи гуфтаҳои дар боло қайдшударо ҳамҷоя намуда гуфтан мумкин аст, ки микроиқтисод ин қисми назарияи иқтисодии умумӣ, ки фаъолияти субъектони алоҳидаи иқтисодиро тадқиқ мекунад, ба монанди: ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ, соҳаҳо, фирмаҳо, хоҷагиҳои хонавода ва бозорҳои алоҳида.
Максад ва вазифахои фирма
Мақсад ва вазифаҳои фирма. Соҳибкорон дар иқтисоди бозорӣ сектори корхонаҳоро бунёд менамоянд. Фирмаҳо, ки асоси сектори додашударо ташкил мекунанд, воҳидҳои алоҳидаи хоҷиагидорӣ бо шаклҳои гуногуни моликият мебошанд, ки захираҳоро барои ба амал овардани фаъолияти тиҷоратӣ ҳамҷоя менамоянд. Дар зери мафҳуми охирон фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо ва хизматрасонӣ барои шахсони сеюм, воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои корхона фоидаи тиҷоратӣ, яъне фоида меорад, фаҳмида мешавад.
Мақсади охирони фаъолияти ҳар як фирма дар бозор мустаҳкам намудани макони худ мебошад, пеш аз ҳама аз ҳисоби максимизатсияи фоида. Мақсади максимизатсияи фоидаи пулӣ бевосита дар шароити рақобати мукаммал муайянкунанда аст, вақте ки дар соҳа шумораи кифояи фирмаҳо фаъолият мекунанд ва монеъаҳо барои дохилшавии корхонаҳои нав нест.