Захирашавӣ ва истифодаи моддаҳо (дар рустаниҳо)

Захирашави ва истифодаи моддахо (дар рустанихо).


Як миқдори муайяни  моддаҳои органикӣ – қанд, оҳар, сафеда, равған дар бофтаҳо ва узвҳои махсус ғун ва захира мешавад. Масалан, оҳар – моддаи захиравии маъмултарин мебошад. Оҳар дар рустаниҳо, хусусан дар ҳуҷайраҳои беранги бофтаи захиравӣ дар намуди доначаҳо ғун мешавад (лӯндаи картошка).

Ғуншавӣ ё захирашавии оҳар одатан дар решаҳо ва пояҳо (хусусан дар узвҳои пиршуда), узвҳои шаклдигаркарда (дар решамеваҳо, ки бофтаҳои захиракунандаашон зиёданд), қисми поягии решапоя ва лӯндаҳо, дар баргҳои пулакчамонанди пиёзакҳо ва инчунин  дар мевапардаҳои пурмағз, эндосперми тухм ва тухмпаллаҳои ҷанин бештар мушоҳида (97) карда мешавад.

Сафедаҳо (моддаҳои мураккаби органикии нитрогендор) одатан дар намуди доначаҳои сафедагӣ (дар лӯбиё, нахӯд, гандум, ҷавдор, ҷав ва ғайраҳо), равған бошад, дар шакли қатраҳои равған (офтобпараст, зағир, чигит ва ғайраҳо) бештар дар тухму дони рустаниҳо захира мешаванд.

Моддаҳои қандӣ бештар дар шираи ҳуҷайраҳои решамеваҳои сероб (сабзӣ, лаблабу), барг (карам), поя (найшакар), пиёзак (пиёз), меваҳои тар (ангур, тарбуз, харбуза ва дигарҳо) бо миқдори зиёд захира мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ин моддаҳоро рустаниҳо барои он захира мекунанд, ки дар лаҳзаҳои барои сабзишу рушди узву бофтаҳои (хусусан, барои аз муғҷаҳо ҳосил шудани навдаҳои нав) лозимӣ ва барои ғизогирии насли ҷавонашон, ки ҳоло ба зиндагии мустақилона нагузаштаанд, истифода баранд. Барои ин аввало ин моддаҳои захиравӣ то моддаҳои сода таҷзия (вайрон) мешаванд. Сипас, дар навбати худ ин моддаҳо дар узви ҷавони сабзидаистода барои ба вуҷуд овардани ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои нав ба нав сарф мегарданд.

Шумо хуб медонед, ки инсон ба сифати ғизо аз моддаҳои захиравии рустаниҳо васеъ истифода мебарад. Рустаниҳои мазрӯъ  бошанд,  нисбат  ба  рустаниҳои  худрӯй ба миқдори зиёд (аз он миқдоре, ки барои онҳо кифоя аст) моддаҳои захиравиро дар узвҳои захиракунандаашон ғун мекунанд. Бинобар он одамон дар давоми асрҳои зиёд усулҳои гуногуни навъофариро истифода бурда, навъҳои сермаҳсул ва босифати рустаниҳои кишоварзиро ба вуҷуд овардаанд. Навъҳои бавуҷудовардашуда аз ҷиҳати калонии мева, сермағзӣ, хушлаззатӣ, серравғанию серсафедагӣ, зиёдоҳардорӣ, ширинӣ ва бисёр дигар хусусиятҳои ҷолибашон ба худ ҳамто надоранд.


  1. Дар узвҳои захиравии рустаниҳо кадом моддаҳои органикӣ захира мешаванд ?
  2. Моддаҳои захиравӣ бештар дар кадом узвҳои рустаниҳо ғун мешаванд?
  3. Сафеда ва равған дар кадом намуд дар тухму донирустаниҳо захира мешаванд?
  4. Чаро рустаниҳо дар узвҳои гуногунашон моддаҳои органикиро захира мекунанд?
  5. Рустаниҳои мазрӯъ аз рустаниҳои худрӯй чӣ бартарӣ доранд?
ҚаблӣРоҳҳои ҳаракати моддаҳо дар рустанӣ
БаъдӣСабзиши рустаниҳо. Танзими сабзиш. Нуқтаи сабзиш. Моддаҳои зарурӣ барои сабзиш