Маълумоти умумӣ дар бораи тарбияи ахлоқ ва вазифаҳои он

Маълумоти умуми дар бораи тарбияи ахлок ва вазифахои он.


Тарбияи ахлоқӣ яке аз майлҳои муҳими технологии муносибати комплексии тарбияи мактабиён мебошад. Истилоҳи «ахлоқ» аз арабӣ гирифта шуда, маънои ҷамъи хулқ, хӯ, рафтору кирдор, сиратро ифода мекунад. Ахлоқ – яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, маҷмӯи меъёр ва қоидаҳои асосии муносибати байни ҳамдигарӣ, оилавӣ ва ҷамъиятии одамон аст.

Ахлоқ ва қонунҳои инкишофи онро этика (юн. еthicа, аз etos – хулқшиносӣ), фанни фалсафиро гӯянд, ки масъалаҳои ахлоқиро меомӯзад. Ахлоқ аз давраи ҷамъияти ибтидоӣ сарчашма гирифтааст, ки он замонҳо баҳри муборизаи алайҳи офатҳои табиӣ ҳамчун зарурат ба миён меояд, зеро бидуни ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ одамон зиндагӣ карда наметавонистанд. Бинобар ин ахлоқ барои ба тартиб овардани муносибатҳои байни одамон ҳамчун омили муҳим хизмат кардааст.

Ахлоқ таърихан баробари тараққиёти ҷамъият тағйир меёбад. Дар ҳар давру замон, махсусан дар сохти ғуломдорӣ, феодалистӣ ва капиталистӣ, ахлоқи ягонаи халқҳо вуҷуд надошт: табақаи болонишин ахлоқи ҳукмравоӣ ва табақаи поён ахлоқи фармонбардорӣ доштанд, бахусус ахлоқ хусусияти синфӣ гирифта буд. Аз ин лиҳоз ахлоқ категорияи доимии тағйирёбанда буда, он бо мурури замон таҷдид ва бо эътибори афкори ҷомеа дастгирӣ меёбад. Дар ҳамин қатор талабот ба ахлоқ, нормаҳо, феълу одат, ғояҳои муайян афзоиш ёфта, ба тарзи пешниҳод нисбати одам чӣ гуна бояд зиндагӣ кунад, дар ҷомеа чӣ тавр рафтор намояд низ қабул карда мешавад.

Танҳо сохти демократӣ доштани ҷомеа тафовути байни ахлоқи нобаробарии синфиро аз байн бардошта, ҳуқуқи баробарию бардорарии одамонро таъмин карда метавонад, чунки он комилан гуманистӣ аст.

Демократия (юн. demokrаtiа – ҳокимияти халқ), шакли созмони сиёсии ҷамъият, ки аз рӯи иштироки шаҳрвандон дар кори идоракунӣ, баробарии онҳо дар назди қонун, қатъиян эҳтироми қонун ва дар асоси қонунҳои аз тарафи ҷамъият эътирофшуда кору фаъолият кардан, ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодии шахс аз дигар шаклҳои ҳокимият фарқ мекунад. Дар шакли демократии давлат ба таври расмӣ эътироф кардани принсипи тобеияти ақалият ба аксарият; баробарӣ ва озодии шаҳрвандон, интихобӣ будани органҳои давлатӣ дар назар дошта мешавад. Ба демократия таносуби пурраи мазмун ва шакли фаъолияти муассисаҳои демократӣ, қонунҳо ва ҳокимияти халқ хос буда, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро аз рӯи қонун таъмин ва ҳимоя мекунад. Ҳамаи сокинони давлати демократӣ, сарфи назар аз миллат, нажод ва ҷинсашон, дар соҳаи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ҳуқуқҳои якхела дошта, дар кори роҳбарии давлатӣ баробар иштирок мекунанд. Дар корҳои идоракунии ҷамъият, инкишофи минбаъдаи қобилияту истеъдоди шахс имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омадааст: «Давлат нисбат ба ҷавонони боистеъдод пайваста ғамхорӣ карда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ менамояд ва имкон медиҳад, ки дар беҳтарин муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо таҳсил кунанд ва таҷриба омӯзанд»[1]. Демократияро бидуни гуманизм тасаввур кардан мумкин нест.

Гуманизм (аз лот. humаnus – одамият, инсонгарӣ) – ин принсипи ахлоқӣ одамро ба дараҷаи баланд қадр мекунад. Дар ҳамин қатор сифатҳои шахсияти одамиро, ки ба принсипи номбурда роҳбарӣ мекунанд, ифода менамояд. Гуманизм – инсонпарварӣ ҳуқуқи одамон, қадру қисммати онон, озодӣ, инкишофи ҳамаҷонибаи шахсиятро ҳимоя мекунад. Дар гуманизми шахсият, пеш аз ҳама, гап дар бораи эҳтироми одам ҳамчун шахсияти ҳассос, мушфиқ, хайрхоҳ, орзукунандаи зиндагӣ натанҳо барои худ, инчунин барои дигарон ҳам, пайвастани орзуҳои худ бо орзуву умедҳои умум меравад.

Гуманизм хислати хоси тамоми башарият, аз ҷумла халқи тоҷик ҳам мебошад. Гуманизми мардуми мо ҳанӯз пеш аз ислом ибтидо гирифта буд, сипас он дар асарҳои Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою Хайём, Низомию Саъдӣ, Носири Хисраву Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизу Ҷомӣ ва дигарон пайваста ба ахлоқ баҳри нест кардани зулм, барҳам додани муносибатҳои мухолифи иҷтимоӣ ва низои одамон равона карда мешуд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватномаи султонӣ» овардааст: «Футувват он аст, ки ҳеҷ коре накунӣ дар ниҳонӣ ки он ошкор нагардад ва бо ҳама кас ба хулқи некӯ ҳосил тавонӣ кард ва чунон ки гуфтаанд:

Ба ҳама халқи ҷаҳон хулқи писандида намоӣ,
Ки сӯи хулқи барин роҳ бар он аст, эй дил!»[2].

Ё ки сардафтари адабиёти тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ фармудаанд:

Гар бар сари нафси худ амири – мардӣ,
Бар кӯру кар – ар нукта нагирӣ – мардӣ,
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фидоае бигирӣ – мардӣ[3].

Ташаккули ахлоқ ё тарбияи маънавии шахсият нафақат ба донистани меъёр, қоида ва принсипҳои ахлоқ, инчунин ба ҳатман риоя кардани онҳо вобаста аст. Амалӣ гардидани ин вазифаҳо, пеш аз ҳама, бар дӯши мактабу муаллимон аст. Мактаб метавонад ба дастпарварони худ меъёри ахлоқ, қоида ва талабот ба рафтори шахсиятро дуруст баррасӣ намояд. Меъёр ҳамчун ифодаи муносибатҳои муайян, амри ахлоқии ҷамъият ба рафтору хислатҳои шахсият дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва шахсӣ, инчунин дар алоқа ва ҳамкорӣ бо одамон мебошад. Мувофиқи қоидаи ахлоқ ҳар як шахс дар ҷомеа бояд софдилона муносибат кунад, одамони меҳнатиро эҳтиром намояд, ба моликияти хусусӣ ва умумихалқӣ ва табиат сарфакорона рафтор кунад, ба давлату халқи худ содиқ бошад, коллективи меҳнатиро дӯст дорад, бовиҷдон, ростқавл, хоксор бошад, шарафу шӯҳрати дигаронро дасгирӣ намояд, бо адлу инсоф бошад ва ғайра.

Ахлоқи ҷомеаи демократӣ муносибатҳои зиёдро дар бар мегирад. Агар онҳоро ба гурӯҳҳо тақсим кунем, онгоҳ дар бораи мазмуни корҳои тарбиявӣ нисбати ташаккули тарбияи ахлоқи хонандагон тасаввуроти возеҳ пайдо карда метавонем. Тарбияи ахлоқ асосан чунин муносибатҳои ташаккули маънавиётро фаро мегирад:

муносибат нисбати ғояҳои давлати худ: садоқат ба идеалҳои демократӣ; фаҳмидани дурнамои инкишофи ҷаҳонӣ; дуруст изҳор намудани воқеаҳои дохили кишвар ва арсаи байналхалқӣ; расидан ба қадри инсон; оштинопазирӣ нисбати душманони сулҳу озодии халқҳо;

  • муносибат ба Ватан, ба мамлакат ва халқҳои дигар: муҳаббат ба кишвари худ, эҳтироми рамзҳои давлатӣ: суруди миллӣ, нишон ва парчами давлатӣ, дӯстӣ ва бародарӣ ба ҳамаи сокинони он, оштинопазирӣ нисбати кинаву адоватҳои миллӣ ва наҷодӣ; ҳамфикрии бародарона бо меҳнаткашони ҳамаи давлатҳо, бо ҳамаи халқҳо;
  • муносибат ба меҳнат: меҳнати софидилона баҳри худ ва ҷомеа; манфиати зиёд овардан ба давлат; мубориза бо вайронкунандагони интизоми меҳнат;
  • муносибат нисбати комёбиҳои ҷамъиятӣ: кӯшиши ҳар фард барои муҳофизаткунӣ ва афзунгардонии комёбиҳои иҷтимоӣ; ҳифзи табиат;
  • муносибат бо одамон: ёрии дӯстонаи байниҳамдигарӣ ва коллектив; муносибати башардӯстона ва эҳтироми ҳамдигарӣ; одам ба одам дӯст, рафиқ ва бародар; эҳтироми аҳли хонавода, ғамхорӣ ба кӯдакон;
  • муносибати худӣ: баланд бардоштани шуурнокӣ, тоқатнопазирӣ нисбати вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ; шарафмандӣ ва ҳақгӯӣ, ахлоқи ҳамида, фурӯтанӣ ва камтарӣ дар ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ ва ғайра.

Ахлоқ дар ҷомеа асосан на ба чорабиниҳои юридикӣ ё маъмурӣ, балки тибқи афкори ҷамъиятӣ, тибқи изҳории он ё маҳкумкунии рафтори шахсият муайян карда мешавад.

Рафторҳои манфии солҳои бачагӣ, ки бештар аз нофаҳмӣ ва камтаҷрибагӣ ба миён меоянд, ба одат табдил ёфта, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо таъсири бад мерасонанд. Аз ин сабаб вазифаҳои ислоҳкории тарбияи ахлоқ айёми кӯдакӣ басо муҳим ва масъулиятнок аст.

Бояд тазаккур дод, ки барои бо нормаҳои ахлоқи ҷамъият муносибат кардан раванди басо мураккаб аст. Чунки нормаҳои ахлоқи нав, одатан, дар замони вуҷуддоштаи нормаҳои ахлоқи кӯҳан пайдо шуда, алайҳи он боқимондаҳои ҷонсахт, аз қабили рӯҳияи ношоями миллатчигӣ – рӯҳияи солими дӯстии халқҳо, зидди беадолатӣ – раҳму шавқат ва хайрхоҳӣ, бархилофи ришвахӯрӣ – ҳалолкорӣ ва поксириштӣ мубориза барда, мавқеи худро устувор мегардонад. Албатта ислоҳи онҳое, ки устухонашон бо ахлоқи ғайримақбул сахт шудааст, хеле душвор аст. Ин вазифаро бо роҳи азнавтарбиякунӣ анҷом медиҳанд. Дар ин ҷо нафақат ба як системаи муайян даровардани барномаи васеи симои ахлоқи одами сабзидаистода, балки муҳайё намудани шароити қулай, ташкили фаъолият ва муносибат, ташкили тамоми ҳаёти дастпарварон барои дар онҳо ташаккул додани муносибатҳои ҳақиқии ахлоқӣ низ талаб карда мешавад.

Чунин вазъиятро ҳам бояд дар назар дошт, ки ба бедории ахлоқӣ ва рафтори кӯдак натанҳо системаи муташаккилонаи тарбияи ахлоқӣ дар мактаб таъсир мерасонанд, балки бисёр омилҳои стихиявӣ, аз қабили таъсири муҳити кӯча, муносибати озодона бо ҳамсолон дар муҳити беруна, муносибат бо калонсолони ба ҳаёти кӯдакон сарукордошта низ таъсир мерасонанд. Бояд иқрор шуд, ки нисбат ба таъсиротҳои тарбиявии мактаб ин таъсиротҳо пурқувватанд. Аз ин гуфтаҳо чунин хулоса бармеояд, ки системаи таъсиррасонии мактабиро шояду бояд пурқувват кард, то ки кӯдакон ба худтарбиякунӣ майл ёбанд ва солиму беғаш калон шаванд. Зеро хушахлоқ касест, ки нормаҳою қоида ва талаботҳои ахлоқи ҷомеаи демократӣ барояш ҳачун эътиқоди шахсӣ, ҳамчун шакли одати ахлоқии вай пиндошта шавад. Бахусус шахси ахлоқан тарбияёфта тибқи талаботи эҳсосоти ботинии худ, бидуни назорату таҳқиқи махсус дуруст рафтор мекунад.

Мавзӯи пурра >> Тарбияи ахлоқӣ ва интизоми бошуурона


  • [1] Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», моддаи 32, банди 5.
  • [2] Ҳ. В. Кошифӣ. Футувватномаи султонӣ. Душанбе, – 1991, с. 27.
  • [3] Осори Рӯдакӣ. Нашриёти Давлатии Тоҷикистон. – 1958, с. 175.
ҚаблӣМавзӯӣ 17. Тарбияи ахлоқӣ ва интизоми бошуурона
БаъдӣМазмуни тарбияи ахлоқии мактабиён