Саноати металлургӣ

Металлургия – асос ва таҳкурсии саноати ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Аз инкишофи соҳаи металлургӣ пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ – саноат, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт ва сохтмон вобаста мебошад. Саноати металлургӣ ба ду соҳа ҷудо мешавад: металлургияи сиёҳ ва металлургияи ранга.

Дар Тоҷикистон корхонаҳои калони металлургияи сиёҳ вуҷуд надорад. Аммо дар дохили заводҳои мошинсозӣ сехҳои металлгудозӣ амал мекунанд. Аз металли дар ин сехҳо гудохташуда қисмҳои эҳтиёҷии мошинҳоро тайёр мекунанд. Ин гуна сехҳо дар тамоми корхонаҳои мошинсозии мамлакат дида мешавад.

географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Дар ҳудуди Тоҷикистон якчанд кони маъдани оҳан муайян карда шудааст, ки барои ташаккули сикли пурраи металлургӣ (таҳсиси фабрикаи маъдангудозӣ, печҳои электроплавикӣ ва ғайра) имконият медиҳад. Кони маъдани оҳани Чоқадамбулоқ захираи зиёд (аз рӯи категорияи саноатӣ бештар аз 60 млн. тонна) ва мавқеи мувофиқи иқтисодию географӣ дошта, начандон дуртар аз шаҳри Хуҷанд воқеъ гардидааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки ҳангоми сохтмони корхона дар базаи кони мазкур имконият ҳаст, ки усули истеҳсоли металл бе истифода аз кокс ба роҳ монда шавад.

Аввалин корхонаҳои металлургияи ранга дар Тоҷикистон солҳои 30-ӯми асри гузашта сохта шуданд. Дар ин корхонаҳои маъдани кӯҳӣ истихроҷи сурбу рӯҳ, мису молибден, волфраму флюорит, сурмаю симоб ба роҳ монда шуда, консентрати онҳо ба корхонаҳои металлургии Урал, Қазоқистон, Сибир, Ӯзбекистон ва Қирғизистон фиристода мешуданд. Марказҳои асосии истихроҷи металлҳои ранга дар қисмати Шимолӣ ва Марказии мамлакат – дар Адрасмон, Анзоб, Исфара, Майхура, Консой, Табошар, Олтинтопган, Ҷилав, Панҷакент мавҷуд мебошанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Конҳои металлҳои рангаи Тоҷикистон дар ҷойҳои душворгузари кӯҳ воқеъ гаштаанд ва хусусияти комплексӣ доранд. Дар водии Зарафшон яке аз корхонаҳои калони коркарди сурмаю симоб – комбинати Анзоб вуҷуд дорад ва маҳсулоти он ба шакли консентрат ба заводи металлургии Ҳайдаркон (Ҷумҳурии Қирғизистон) фиристода мешавад. Танҳо дар шаш кони сурмаи водии Зарафшон 80 фоизи захираи сурмаи Осиёи Марказӣ маҳфуз аст.

Корхонаи муштараки истеҳсоли тиллои «Зарафшон» сол аз сол ҳаҷми маҳсулотро зиёд намуда истодааст. Ин корхона дар базаи конҳои Тарор, Ҷилав ва Ғиждарва истеҳсоли тиллои холисро ба роҳ мондааст.

Тоҷикистон аз рӯи захираҳои нуқра дар ҷаҳон ҷои сеюмро мегирад. Аз рӯи нақшаи пешбинишуда дар базаи Кони Мансур бо назардошти талаботи бозори ҷаҳонӣ ба нуқра сохтмони корхонаи бузург дар назар дода шудааст.

Саноати хӯрокворӣ

Корхонаи асосии металлургияи рангаи ҷумҳурӣ Заводи алюминии тоҷик мебошад. Завод дар шаҳри Турсунзода ҷойгир шудааст. Соли 1975 дар завод аввалин металл гудохта шуд. Заводи алюминий яке аз корхонаҳои калонтарини ҷаҳон буда (12 корпус дорад), аз гуфти мутахассисон ба вазъи экологии ноҳияҳои атроф таъсири манфӣ намерасонад. Зиёда аз 90 фоизи маҳсулоти завод навъи аъло аст. Завод бо қувваи барқии арзони нерӯгоҳи барқии обии Норак кор мекунад. Алҳол ашёи хомро барои завод аз дигар кишварҳо бо нархи аз 300 то 350 доллар аз як тонна мекашонанд. Баъди аз худ шудани кони нефелину сиенити Турпӣ (ноҳияи Рашт) завод бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин мегардад. Ба ин мақсад солҳои наздик дар ноҳияи Ёвон сохтмони заводи креолит (ашёи хом барои заводи алюминий) дар назар дошта шудааст. Дар заводи Турсунзода мутахассисони таҳҷоӣ мавқеи асосиро ишғол мекунанд.



саноати металурги, металургия, металлурги, саноати металургии Точикистон, Заводи алюминии точик, пайдоиши заводи алюминии точикистон.

ҚаблӣСаноати электроэнергетика
БаъдӣСаноати мошинсозӣ ва металлкоркунӣ