Саноати мошинсозӣ яке аз соҳаҳои ниҳоят муҳими саноати ҷаҳонӣ буда, он аз 35 то 38 фоизи арзиши маҳсулоти ҷаҳонии саноатро дар бар мегирад. Соҳаҳои асосии онро мошинсозии энергетикӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ, дастгоҳсозӣ ва истеҳсоли таҷҳизотҳо (барои дигар соҳаҳои саноат) ташкил медиҳанд. Саноати мошинсозӣ ва металлкоркунӣ дар Тоҷикистон солҳои Ҳокимияти Советӣ инкишоф ёфтааст. Ҳоло ин соҳа 758 корхонаи таъмиркунӣ ва мошинсозиро дар худ муттаҳид мекунад. Ҳама ин корхонаҳо бо истеҳсоли маҳсулоти гуногун махсус гардонида шудаанд. Бо вуҷуди он ки ҳоло дар ин корхонаю муассисаҳо нарасидани мутахассисони баландихтисос ва технологияи ҳозиразамон ҷавобгӯи талабот нестанд, вале оҳиста-оҳиста дар ин самт пешравиҳо ба назар мерасад. Баъди як қатор тадбирҳо дар корхонаҳои ин соҳа аз қисмҳои эҳтиётии мошину тракторҳо сар карда, то таҷҳизот ва дастгоҳҳои мураккаби бофандагӣ, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, таҷҳизот барои муассисаҳои хизмати маишию савдо ва ғайра маҳсулот мебарорад. То соли 1991 аксарияти корхонаҳои соҳаи мошинсозии ҷумҳурӣ бо намуди техникаи пуриқтидор таъмин буданд ва маҳсулоти ин корхонаҳо ба 40 давлати ҷаҳон фиристода мешуданд.
Айни замон дар корхонаҳои саноати мошинсозӣ ва металлкоркунии мамлакат таҷҳизоти бофандагӣ, яхдон, кабел, трансформатор, таҷҳизоти корхонаҳои маишӣ, узвҳои эҳтиётии автомобилу трактор истеҳсол карда мешавад. Калонтарин корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ ва металлкоркунӣ дар Душанбе – ин корхонаи «Торгмаш», «Тоҷиктекстилмаш», «Тоҷикгидроагрегат», заводи «Яхдон», заводи арматура, корхонаи «Заря Востока»; дар шаҳри Хуҷанд – заводи таъмири автомобил; дар Конибодом – корхонаи «Автозапчасть»; дар Кӯлоб корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти технологӣ; дар Турсунзода корхонаи «Стройинструмент»; дар Спитамен корхонаи таҷрибавӣ; дар Исфара корхонаи электротехникӣ; дар Қӯрғонтеппа корхонаи трансформатор ва ғайра ба ҳисоб мераванд. Ин корхонаҳо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо дигар корхонаҳои пешқадами мошинсозии собиқ СССР алоқаи зич доштанд. Баъди канда шудани робитаҳои истеҳсолӣ корхонаҳои мошинсозии мамлакат ба бӯҳрони хело мушкили иқтисодию технологӣ дучор омаданд. Дар ин давра қисме аз корхонаҳо фаъолияти истеҳсолии худро қатъ намуданд, вале қисми дигаре бо иқтидори нопурра фаъолият доранд (ниг. ҷадвал).
Истеҳсоли маҳсулоти мошинсозии Тоҷикистон
Ченак | Соли 1991 | Соли 1997 | Соли 2000 | Соли 2005 | Соли 2006 | Соли 2007 | Соли 2008 | 2008 нисбати соли 1991, бо фоиз | |
Кабел | тонна | 12099 | 5064 | 1612 | 3456 | 2663,7 | 3580,3 | 3579 | 29,6 |
Арматура | ҳазор дона | 114,0 | 0,3 | 0,2 | 10,4 | – | – | – | – |
Автобусҳои «ЛАЗ-4969» | дона | 160 | 48 | 25 | 2 | 4 | 3 | 3 | 1,25 |
Яхдон | дона | 145193 | 1542 | 1677 | – | 540 | – | – | |
Асбобҳои рӯзғор (металлӣ ва бо эмал руйпӯшшуда) | ҳазор дона | 1498 | 75 | 26 | 34 | 30,6 | 58,4 | 44 | 2,9 |
Плитаҳои махсус барои тарабхона | ҳазор дона | 71589 | 334 | 166 | 108 | 134 | 142 | 157 | 0,2 |
Корхонаҳои мошинсозию металлкоркунии кишвар ашёи хомро асосан аз Россия, Қазоқистон ва Хитой мегиранд, ки боиси сарфу хароҷоти иловагӣ мегардад.
Аз рӯи нақшаи мавҷуда корхонаҳои мошинсозии мамлакат вобаста ба вазъи талаботи маҳсулот дар солҳои наздик тамоили истеҳсолиро дигар намуда, ба сборкаи (ҷамъ намудан) трактору автомобил, автобус ва техникаи маишӣ сар мекунанд. Як қатор корхонаҳо бо истифода аз ашёи маҳаллӣ (алюминий) метавонанд, тахассуси навро ҷорӣ намоянд. Ҳамчунин дар оянда инкишофи соҳаи мошинсозӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҷиҳозонидани корхонаҳои мавҷуда, нав кардани техника ва самаранок истифода бурдани иқтидори онҳо амалӣ мегардад. Минбаъд ривоҷ додани соҳаҳои саноате, ки металлро кам талаб мекунанд, мувофиқи мақсад аст.