Савдо чист?

Ба сифати шакли классикии зерсохти бозор, савдо низ дохил карда мешавад.

Савдо чист?

Савдо фаъолияти иқтисодии одамон мебошад, ки дар ҳавзаи муомилоти мол қарор гирифта, хариду фурӯш ва мубодилаи молу маҳсулот ва хадамотро ба анҷом мерасонад.

савдо чист

Охирон, неъматҳои иқтисодӣ ба вуҷуд намеорад. Аз ин ҷиҳат дар адабиёти иқтисодӣ савдоро ба ҳайси хадамот бештар эътироф мекунанд.

Ба хадамоти холис (ғайримустақими) савдо, фаъолияти субъектҳои иқтисодиро оиди фурӯши мол, таблиғ, омӯзиши тақозои харидорон, намоиш додани молҳо бо воситаи ярмаркаҳою музоидаҳо ва ба сифати хадамоти илова (дубора), хизматрасонӣ оиди давом ёфтани раванди истеҳсолот дар ҳавзаи муомилот: боркашонӣ, ба навъҳо ҷудокунӣ, нигоҳубин, ба қуттӣ ҷойгиркунӣ ва ғайра дохил карда мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Савдо аз нигоҳи усули ташкил ҳамчун фурӯш бо воситаи пули нақд, бидуни нақдӣ, фурӯш ба қарз, бо амонат ё худ кафолат, мубодилаи (бартери) мол ба моли дигар, аз нуктаи назари аломату ҳаҷми фурӯш – ба савдои яклухт, чакана ва ғайра тақсим  мешавад.

Маълумоти бештар оиди савдо ва зерсохтори бозор дар ин мавзӯъ оварда шудаааст Зерсохти бозор, моҳият ва унсурҳои он

Рӯйхати пурраи мавзӯҳои иқтисодӣ

ҚаблӣЧараёни Тасаввуф
БаъдӣТиҷорат чист?