Методхои мустахкамкунии маводхои омухташуда.
Донишҳои илмӣ баъди гузаштани зинаҳои муайян дар хотир нақш мебандад, пойдор мегардад, ки барои он хизмати методҳои сӯҳбат, мушоҳида ва кор бо китоби дарсӣ калон аст.
Методи сӯҳбат
Сӯхбат методи шифоҳӣ буда, истифодаи он бештар дар мустаҳкамкунии маводи таълимӣ рост меояд. Ин воситаи хеле маъмули омӯзиш дар мавридҳои дигари дарс ҳам, чунончи, ҳангоми санҷиши вазифаи хонагӣ, корҳои мустақилона, баёни мавзӯи нав ва такрорӣ, ҷамъбасти машғулиятҳои таълимӣ, аснои ба саволҳои ҷавобгирӣ истифода бурда мешавад.
Ҳикоя, эзоҳ, лексияи мактабӣ хусусияти монологӣ (гуфтори муфассали як кас), вале сӯҳбат ба методи диалогӣ (гуфтугӯи ду ва ё зиёдаи одамон) мансубият дорад. Сӯҳбат воситаи хуби алоқаи бозгашт дошта, муаллим зимни он чиро донистан ва надонистани талабаро фаҳмида мегирад ва дар рафти сӯҳбат камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ мекунад.
Методи сӯҳбат дар ҳамаи синфҳо истифода бурда мешавад, вале он дар синфҳои ибтидоӣ аҳамияти хоса дорад. Одатан шарҳи маводи нави таълимӣ дар синфҳои ибтидоӣ аз сӯхбат оғоз мегардад.
Дар омӯзиш асосан ду навъи сӯҳбат истифода мешавад: катеҳесисӣ ва эвристикӣ.
Сӯҳбати катеҳесисӣ (аз юн. kаtechesis – насиҳат кардан) дар ибтидои омӯзиш, мавриди санҷиш ва баҳодиҳии дониши талабагон, мустаҳкамкунии ҳофиза, ҳамчунин ҳини таҳлили матнҳои хондашуда мавриди истифода қарор мегирад.
Сӯҳбати эвристикӣ (аз юн. heurisko – ҷустуҷӯ мекунам, мекушоям) – ро методи суқротӣ ҳам меноманд. Методи эвристикии Суқрот дар мубориза алайҳи омӯзиши догматизм ба вуҷуд омада, то замони мо дар таҷрибаи кории муаллимони пешқадам арзи вуҷд дорад. Фарқи методи сӯхбати эвристикӣ аз сӯҳбати муқаррарӣ дар он аст, ки муаллим саволро умумӣ ба миён мегузорад ва аз талабае, ки ба савол ҷавоб меёбад, даст боло карда посух медиҳад. Ин метод ҳавасмандии шогирдонро афзун намуда, онҳоро ба фикркунӣ, ҷустуҷӯӣ ва эҷодкорӣ ҳидоят мекунад. Дар айни замон ин навъи сӯҳбат дар таълими проблемавӣ васеъ истифода бурда мешавад.
Бо вуҷуди ин ҳама, истифодабарии методи сӯҳбат дар системаи омӯзиш маҳдудият дорад, на ҳамаи маводро бо ёрии сӯҳбат ҳал кардан мумкин аст. Чунки ин метод бештар он вақт гузаронида мешавад, ки мавзӯи омӯхташаванда нисбатан мураккаб набошад ва талабаҳо нисбати он захираи муайяни тасаввурот ё мушоҳидаи ҳаётӣ дошта бошанд. Агар маводи омӯзиш мураккаб бошад, ё талабагон нисбати он тасаввуроти зарурӣ надошта бошанд, он гоҳ онро бо ёрии методҳои ҳикоя, эзоҳ, лексияи мактабӣ баён кардан мувофиқи матлаб аст, зеро методи сӯҳбат вақти зиёдро мегирад.
Кор бо китоби дарсӣ
Ҳар фанни таълимӣ китоби дарсӣ ва китобҳои ёрирасон дорад, ки онҳо барои мактаббачагон манбаи басо муҳими сабақомӯзӣ, машқу тамринот, мастаҳкамкунии дониш ва ба қавли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ» ба шумор мераванд.
Ҳангоми омӯзонидани мавзӯъҳои мураккаб ва душвор муаллим баъди баёни маводи нав на ҳама вақт барои мустаҳкамкунии дониши шогирдонаш имконият пайдо мекунад. Дар чунин вазъият ӯ аз китоби дарсӣ ва дигар китобҳои мададрасон хонда омадани мавзӯъро ба талабаҳо тавсия медиҳад. Хангоми мутолиаи мустақилонаи китоб ё машқ шогирдон ба таъинот ва саволҳҳои қаблан пешниҳод кардаи муаллим такя намуда, ҷавобҳо тайёр мекунанд ва он ҷавобҳои худро дар машғулияти навбатӣ иброз менамояд.
Бояд гуфт, ки методи кор бо китобро на ҳамаи муаллимон дуруст ташкил мекунанд. Муаллимоне ҳастанд, ки баъди баёни мавзӯъ «акнун китобҳоятонро кушоед ва мавзӯи навро хонед» мегӯянд ва талабагон бидуни ягон талаботи асосӣ мехонанд. Чунин тарзи корбарӣ бархилофи талаботи ин метод аст. Талабагон бояд дар асоси саволҳои гузошташуда ва барои чуқур фаҳмидагирии мавод бо масъулият хонанд ва супоришҳои амалиро иҷро кунанд. Дар рафти мустақилона хондан ва иҷро кардани корҳои амалии талабагон дар синф муаллим бояд мушоҳида барад, ба назди шогирдони алоҳида, ки ба ёрӣ мӯҳтоҷанд, омада, онҳоро ба ҷавоби масъалаҳои гузошташуда, рӯҳбаланд намояд.
Китобҳои дарсӣ аз синфи якум сар карда, ҳамааш барои дар синф мустаҳкамкунии маводи тадрисӣ ва дар хона мустақилона кор кардани талабагон мусоидат мекунанд, зеро онҳо нафақт қоидаҳои назариявӣ, ҳамчунин супоришу машқҳои зиёдеро фаро мегиранд. Аз ин лиҳоз бо китоб кор карданро аз синфҳои ибтидоӣ бояд оғоз намуд.