Шаҳр-давлатҳои Юнон. Сабабҳои ташкилёбии шаҳр-давлатҳо. Пайдошавии шаҳр-давлатҳо. Шаҳр-давлатҳои ғарбӣ. Шаҳр-давлатҳои шарқӣ. Шаҳр-давлатҳои ҷанубӣ ва ҷанубу шарқӣ.
САБАБҲОИ ТАШКИЛЁБИИ ШАҲР-ДАВЛАТҲО
Дар асрҳои VIII – VI пеш аз милод дар Юнон зироаткорию чорвопарварӣ, боғу токпарварӣ ва ҳунармандӣ рушду нумӯ мекунад. Истеҳсоли маҳсулоти гуногун, аз ҷумла равғани зайтун, шароб, силоҳ, газвор, маҳсулоти заргарию кулолӣ ва ғайра меафзояд. Дар соҳилҳои баҳрҳое, ки Юнонро иҳота карда буданд ва дар ҷазираҳо бандарҳои зиёде сохта шуданд, киштисозӣ ба авҷи аълои худ расид.
Сифати молҳои дар Юнон истеҳсолкарда аз сифати молҳои мамлакатҳои дигар баланд буд. Онҳо чи дар дохили Юнон ва чи дар хориҷа харидори зиёде доштанд.
Аз бандарҳои юнонӣ ҳар рӯз даҳҳо киштиҳои пурбор ба шаҳру давлатҳои юнонӣ ва мамлакатҳои дигари ҳавзаи Баҳри Миёназамин ва Баҳри Сиёҳ равона мешуданд. Тоҷирони юнонӣ молҳои худро дар он ҷойҳо фурӯхта, молҳои заруриро харида, ба Юнон меоварданд.
Шаҳрҳои Юнон барои инкишофи савдои дохилию хориҷӣ ба тоҷирон тамоми шароитҳоро муҳайё менамуданд. Ба Юнон ҳамла кардани қабилаҳои дориҳо ва дар он ҷо густариш ёфтани хоҷагию тиҷорат ва ҳунармандӣ шумораи аҳолии мустамликаҳои Юнонро хеле зиёд кард.

Аз ин сабаб, ба ҳама замин намерасид. Дар байни косибон ҳам табақаи камбағал ба вуҷуд омад. Бо чунин сабабҳо майли деҳқонони камзамину безамин ва косибони камбағал барои дар шаҳр-давлатҳои мустамликаи юнониҳо кору зиндагӣ кардан меафзояд ва онҳо ба шаҳр-давлатҳо мекӯчанд.
ПАЙДОШАВИИ ШАҲР-ДАВЛАТҲО
Пайдошавии шаҳр-давлатҳои юнонӣ дар се самт ба амал омад: самти ғарбӣ – дар Италияи Ҷанубӣ, ҷазираҳои Ситсилия, Сардиния, Корсика ва соҳилҳои ҳозираи Фаронсаи Ҷанубӣ, шимолу шарқӣ – дар қисми ҷанубии ҷазираҳои Фрак, Эгей – гулӯгоҳҳои баҳри Сиёҳ ва соҳилҳои он ва самти ҷанубу шарқӣ дар соҳилҳои финиқиягии баҳри Миёназамин ва соҳилҳои баҳрии Миср ва Либия.
ШАҲР-ДАВЛАТҲОИ ҒАРБӢ
Дар самти ғарбӣ шаҳр-давлатҳои юнонӣ бештар дар асри VIII пеш аз милод ба вуҷуд омадаанд. Соли 733 пеш аз милод шаҳр-давлати Сиракуза ба мустамликаи юнониҳо табдил меёбад. Баъд дар ин самт шаҳр-давлатҳои Занкл, Регий, Сибарис, Кротон, Гела, Селинунт ва Акравент ба вуҷуд меоянд.
Ҳамаи ин шаҳр-давлатҳо дар нимаи дуюми ҳамин аср бунёд шудаанд. Тахминан дар соли 600 пеш аз милод дар ҷануби Фаронса шаҳр-давлати Массалия бино мешавад. Дар соҳилҳои Испания бошад, мустамликаи калоне бо номи Эмпирион ба вуҷуд меояд.

Яке аз шаҳр-давлатҳои мустамликавии Юнон дар ин самт шаҳри Коринф мебошад. Ин шаҳр дар он давра яке аз марказҳои калонтарини тиҷорату ҳунармандии соҳилҳои Балкани Юнон буд.
ШАҲР-ДАВЛАТҲОИ ШАРҚӢ
Дар бунёди шаҳр-давлатҳои юнонӣ дар ин самт шаҳри Милет мақоми баланд дошт. Тахмин мекунанд, ки ин шаҳр то 100 шаҳр-давлатҳо ва бошишгоҳҳои мустамликавии юнониҳоро дар ихтиёри худ доштааст. Яке аз мустамликаҳои калонтарини Милет, ки дар вилояти Пропонтида воқеъ гардида буд, Кизик ном дошт. Дар самти шарқӣ дар асрҳои
VII–VI пеш аз милод шаҳр-давлатҳои дигари зиёде бунёд мегарданд. Дар байни онҳо Халкадон, Византия, Синопа, Гераклеяи Понтий, Истрия, Аполлонияи Понтий, Одессос, Тома ва Каллатия ҳастанд. Дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳ ҳам мустамликаҳои сершумори юнониҳо ба вуҷуд меомаданд. Олвия, Пантикапей, Фанагория, Тира, Феодосия, Херсонес ва Горгиппия аз ҷумлаи ҳамин мустамликаҳо буданд.
ШАҲР-ДАВЛАТҲОИ ҶАНУБӢ ВА ҶАНУБУ ШАРҚӢ
Дар ин самт юнониҳо ба муқобилати шадиди финиқиягиҳою суриягиҳо ва фаластиниҳою мисриён дучор гардиданд. Барои ҳамин ҳам нисбат ба самтҳои ғарбӣ ва шарқӣ дар ин ҷо шаҳр-давлатҳои юнониҳо камтар ташкил ёфтаанд. Онҳо на ба шаҳрҳои Юнон, балки ба ҳокимони маҳаллӣ итоат мекарданд. Дар байни онҳо Ал-Амина дар Сурия, Сукас дар Финиқия, Навкратис ва Дафна дар Миср маълум мебошанд. Ин шаҳр-давлатҳои хурд, дар ҳаёти давлатҳои Финиқияю Сурия ва Миср мақоми калон надоштанд.
Кирена ном шаҳр-давлатро юнониҳо дар ҷазирае дур аз соҳил бино карда буданд. Танҳо он ба итоати ҳокимияти маҳаллӣ дохил нагардид. Дурии шаҳр ба ин сабаб шуд. Аз ин ҷост, ки Кирена бо шаҳрҳои балкании Юнон робитаи хуб дошт.
Юнониҳои қадим дар шаҳр-давлатҳои худ устохонаҳо месохтанд, дар он ҷо фарҳанги Юнонро паҳн карда, бо усули давлатҳои Юнон давлатдорӣ мекарданд.
Аҳолии шаҳр-давлатҳои юнонӣ ба ватани аҷдодии худ рафтуои доимӣ доштанд. Ҳар сари чанд вақт ба он ҷо сафар мекарданд. Дар сурати ба шаҳр-давлатҳои алоҳида таҳдид кардани хавф мустамликадорони юнонӣ аз «Модаршаҳр»-и худ ёрӣ металабиданд. Шаҳрҳое, ки ин мустамликаҳоро дар ихтиёр доштанд, бехатарии мардуми юнонии он маконро таъмин менамуданд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Сабабҳои ташкилшавии шаҳр-давлатҳои Юнони қадимро баён кунед.
- Дар кадом самтҳо шаҳр-давлатҳои юнонӣ ба вуҷуд омаданд?
- Чаро дар самти ҷануб ва ҷанубу шарқӣ шаҳр-давлатҳои юнонӣ кам бунёд шуданд?
- Юнониҳо шаҳр-давлатҳои худро чӣ тавр бунёд мекарданд?
- Шаҳр-давлатҳои юнонӣ чӣ тавр идора карда мешуданд?
- Кадом шаҳр-давлатҳои юнониро медонед?
- Мустамликадорони юнонӣ оё ба ватани аҷдодии худ робита доштанд?