Давлати Спарта

Давлати Спарта. Табиати Лаконика ва Мессения. Дориҳо дар Пелопоннес. Спартагиҳо, Илотҳо. Идоракунии Спарта. Зиндагии спартагиҳо. Аз хотираҳои Плутарчх.


ТАБИАТИ ЛАКОНИКА ВА МЕССЕНИЯ

Лаконика дар қисми ҷанубу шарқии Пелопоннес воқеъ гардидааст. Дар қисмати миёнаҷойи Лаконика водие ҳаст, ки онро аз се тараф кӯҳҳо иҳота кардаанд. Соҳилҳои баҳрии Лаконика каҷу килебу ботлоқзоранд ва барои баҳрнавардии он замон номувофиқ буданд. Киштиҳо дар соҳилҳои он лангар партофта наметавонистанд.

Заминҳои Лаконика нисбат ба заминҳои Аттика серҳосилтар буданд. Дар ғарбтари Лаконика Мессения ҷойгир буд. Ин вилоятро аз тарафи Ғарб – халиҷи Мессения ва аз тарафи Шарқ халиҷи Лаконика иҳота карда буд.

Мессения ҳам, мисли Лаконика нимҷазира ба ҳисоб мерафт ва заминҳои ҳосилхез ва кӯҳсор дошт.

ДОРИҲО ДАР ПЕЛОПОННЕС

Дар охирҳои ҳазорсолаи II пеш аз милод қабилаҳои дориҳо ба Юнон зада даромаданд. Онҳо, аз ҷумла Лаконикаро ҳам забт намуда, шаҳреро бо номи Спарта бино карданд, ки сокинони он минбаъд спартагӣ ном гирифтанд.

Ба Мессения лозим меомад, ки ҳуҷумҳои сершумори спартагиҳоро зада гардонад. Лекин спартагиҳо ҳамоно муборизаи худро барои ба даст овардани Мессения давом медоданд. Аз ҷабру зулми спартагиҳо қисми аҳолии Мессения аз ватан баромада рафтанд, қисми дигари он дар кӯҳҳо пинҳон шуда, аз он ҷо бар зидди спартагиҳо мубориза мебурданд. Як шаби борони сахт спартагиҳо ба кӯҳ баромада, ногаҳон ба ҷойе, ки ҷанговарони мессениягӣ пинҳон шуда буданд, ҳамла карданд.

Дар байни спартагиҳо ва мессениягиҳо муҳорибаи шадиде ба амал омад. Дар ҷанг зану кӯдакони мессениягиҳо низ иштирок карданд. Ба камшуморӣ ва бад мусаллаҳ буданашон нигоҳ накарда, онҳо қаҳрамонона ҷангиданд. Ин муҳориба се шабу се рӯз давом кард ва аз ҳар ду тараф одамони зиёде талаф шуданд. Тарафҳо дигар маҷоли давом додани ҷангро надоштанд. Байни онҳо гуфтушунид cap шуд. Спартагиҳо иброз доштанд, ки аз муҳосираи мессениягиҳо баъди Мессенияро тарк кардани онҳо даст хоҳанд кашид. Мессениягиҳо ноилоҷ ба шарти спартагиҳо розӣ шуда, аз ватани худ – Мессения баромада рафтанд.

Ҳамин тариқ, спартагиҳо Мессенияро истило карда, ба давлати худ ҳамроҳ намуданд.

СПАРТАГИҲО, ИЛОТҲО

Дориҳо Лаконика ва Мессенияро ишғол карда, аҳолии маҳаллиро ба илотҳо, яъне ба ғуломон табдил доданд. Ғосибон табақаи ғуломдоронро ташкил намуданд.

Ҳамин тариқ, дар Спарта ду табақа – ғуломдорон ва илотҳо (дар Спарта ғуломонро илот меномиданд) ба вуҷуд омад.

Илотҳо ҳар сол ба хоҷагонашон хироҷ мепардохтанд, ки он аз ҷав, шароб, равған ва маҳсулоти дигар иборат буд. Ҳаҷми боҷро

қонун муайян мекард ва ғуломдор ҳуқуқ надошт, ки онро зиёд кунад.

Маҳсулоти изофаро илот метавонист дар бозор фурӯшад, ё ки ҳамчун захира дар хона нигоҳ дорад. Спартагӣ ба корҳои хоҷагии онҳо дахолат намекард. Хоҷа ҳуқуқ надошт, ки илотро кушад ва ё фурӯшад. Ба ҳар ҳол, илотҳо озод набуданд ва барои озод шудан кӯшиш мекарданд. Онҳо барои иҷрои ин мақсад борҳо шӯриш бардоштаанд.

ИДОРАКУНИИ СПАРТА

Ҳанӯз дар замонҳои қадим дар Спарта аз ду сулолаи шуҳратманд ду шоҳ ҳукмронӣ мекард. Бисёр вақт дар байни онҳо зиддият ва душманӣ ба амал меомад. Геракл яке аз сулолаи шоҳони

Спартаро оғоз бахшидааст. Барои ҳамин халқи Спарта шоҳҳои ин сулоларо ҳурмату эҳтиром мекард. Лекин ҳокимияти онҳоро қонунҳои Спарта маҳдуд карда буданд.

Шоҳҳони сулолаи Геракл дар замони ҷангҳо ба сардории лашкар ва дар айёми осоишта ба корҳои додхоҳию динӣ машғул мешуданд. Дар мамлакат Маҷлиси халқӣ ва Шӯрои куҳансолон вуҷуд дошт. Шӯрои куҳансолон аз 30 нафар иборат буд. Шоҳҳо ҳам ба ҳайати он дохил буданд.

Дар Шӯрои куҳансолон масъалаҳои муҳимтарини давлатиро муҳокима мекарданд. Маҷлиси халқӣ ҳамаи шаҳрвандони комилҳуқуқи Спартаро дар бар мегирифт, вале ҳуқуқи он маҳдуд буд. Маҷлиси халқӣ танҳо қарорҳоеро, ки шоҳҳо ва Шӯрои куҳансолон қабул мекарданд, тасдиқ мекард.

ЗИНДАГИИ СПАРТАГИҲО

Меҳнати маҷбурии илотҳо спартагиҳоро аз корҳои хоҷагӣ озод карда буд. Аз ҳамин сабаб вақти холии онҳо бисёр мемонд. Онро спартагиҳо барои корҳои идораи давлатӣ, таҳсил, варзиш ва мақсадҳои дигар истифода мебурданд.

Дар асрҳои VII–VI пеш аз милод илотҳо қисми зиёди аҳолии Спартаро ташкил мекарданд. Онҳо орзу доштанд, ки бар спартагиҳои золим ғолиб бароянд. Илотҳоро танҳо ба воситаи зулму зӯроварӣ дар зери итоат нигоҳ доштан мумкин буд. Чӣ тавре ки муаррихи қадим Плутарх шаҳодат медиҳад, спартагиҳо гоҳ-гоҳ гирудори илотҳоро махсус ташкил мекарданд. Спартагиҳо ин «шикор»-и илотҳоро «криптия» меномиданд. Дар он спартагиҳои ҷавон ҳам иштирок менамуданд.

Спартагиҳои ҷавон бо шамшерҳои кӯтоҳ мусаллаҳ шуда, пешакӣ камин мегирифтанд ва ногаҳон ба илотҳо ҳамла карда, онҳоро мекуштанд.

Дар чунин давлат барои ақаллият бехавфу хатар зиндагӣ кардан кори осон набуд. Барои ҳамин Ликург ном донишманди спартагӣ лоиҳаи қонунеро таҳия кард, ки он манфиати тамоми табақаҳои аҳолии Спартаро инъикос карда буд. Қабул ва татбиқи ин қонун Спартаро ба урдугоҳи ҳарбӣ табдил дод. Ҳамаи сокинони он ба интизоми ягона итоат мекарданд.

Қонуни Ликург унсурҳои майдатарини зиндагии спартагиҳо, ҳатто тарзи дӯхти сарулибос, ороиши мӯйи cap, намуди ришу мӯйлаб, хӯрду хӯрок, тарзи оиладорӣ ва ғайраро дар бар мегирифт.

Қонуни Ликург ҳар як оилаи спартагиро вазифадор мекард, ки писарони 7-солаи худро ба «Лагер-фариштаҳо» бидиҳанд. Дар ин таълимгоҳҳо спартагиҳои ҷавон бо усули спартагӣ тарбия меёфтанд. Дар онҳо матонат, нотарсӣ, шуҷоатмандӣ, золимӣ, ҳилаю найранг, фармон додану фармон иҷро карда тавонистан ва дигар сифатҳоро ташаккул медоданд.

Спартагиҳо ба фарзандони худ таълим медоданд, ки кӯтоҳу пурмазмун гап зананд. Ин гуна суханрониро «лаконикӣ» меномиданд, зеро маҳз мардуми Лаконика ҳамин тавр кӯтоҳу пурмазмун сухан мекарданд. Писарбачаҳои спартагӣ дар синни 7-солагӣ ба мактаб мерафтанд. Онҳо дар он ҷо дар шароити сахт зиндагӣ карда, бадан ва иродаи худро обутоб медоданд. Дар рӯйи бӯрёҳои аз най бофташуда мехобиданд, пойлуч ва белибос роҳ рафтанро ёд мегирифтанд.

Ба бачаҳо хондану навиштан, навохтани най ва сурудхониро ёд медоданд. Қариб тамоми вақти дигарашон ба машқҳои ҷисмонӣ, хусусан, гуштигирӣ ва муштзанӣ сарф мешуд. Барои он ки бачаҳои спартагӣ ба дард мардонавор тоб оварда тавонанд, онҳоро сари чанд вақт бераҳмона мезаданд. Баъзан аз зарбаи химча пӯсти бадани писарбачаҳо кафида, хуншор мешуд. Писарбача бояд ба ҳамаи ин азобу шиканҷаҳо тоқат карда, доду фиғон набарорад.

Бачаҳо ва наврасон бояд ҳамаи фармонҳои ашхоси аз худ калонро бечунучаро иҷро мекарданд. Фақат бо иҷозати калонсолон гап мезаданд. Юнониҳо шӯхикунон мегуфтанд, ки «овози ҳайкалҳои сангин назар ба овози писарбачаҳои спартагӣ бештар шунида мешавад».

ТАРБИЯИ СПАРТАГИҲО

Аз хотираҳои Плутарх

Дояҳои ғамхор ва моҳир кӯдаконро парпеч намекарданд, то ки узвҳои бадани онҳо озодона ҳаракат кунанд, озодона, бе ҳавою ҳавас тарбия мекарданд, як хӯрокро аз дигараш фарқ карда наметавонистанд, аз торикӣ наметарсиданд, ирода надоштанд, чӣ будани гиряро намедонистанд. Аз ҳамин сабаб, баъзан аҷнабиён дояҳои дар Лаконика таваллудёфтаро мехариданд, вале Ликург бачаҳои спартагиро барои нигоҳубини мураббиҳои кироя ва ё харидашуда манъ кард.

Падар ҳам писарашро он тавре, ки мехост, тарбия карда наметавонист. Ҳамин ки кӯдак ҳафтсола мешуд, Ликург онҳоро аз волидонаш ҷудо карда, ба гурӯҳҳо тақсим мекард, то ки якҷоя зиндагонӣ кунанд ва якҷоя хӯрок хӯранд, бо ҳамдигар бозӣ ва меҳнат карданро ёд гиранд. Сарвари гурӯҳҳо ҳамон писаре таъйин карда мешуд, ки дар баробари сифатҳои дигар бофаҳму бофаросат, нотарс ва дар набард далеру шуҷоъ бошад…

Дар баробари болоравии синну сол талабот ба спартагиҳои ҷавон ҷиддитар мешуданд. Мӯйсари бачаҳоро кӯтоҳ метарошиданд, пойлуч давутоз мекарданд, бо пойи урён бозӣ карданро ёд мегирифтанд. Дар дувоздаҳсолагӣ бе сарулибос гашту гузор мекарданд, соле як маротиба курта мегирифтанд, тан ва сару либосашон ифлос буданд, ҳаммом ва шустушӯй ба онҳо бегона буд, дар тӯли як соли дароз онҳо ҳамагӣ якчанд маротиба худро пок мешустанд. Онҳо бо ҳамроҳии гурӯҳ болои лойқа ва дар фарше, ки бо дастони луч аз найҳо дар соҳили Энрот месохтанд, мехобиданд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Аз харита Лаконика ва Мессенияро ёбед.
  2. Дориҳо Лаконикаро кай забт кардаанд?
  3. Дориҳо худро чӣ меномиданд?
  4. Дориҳо Мессенияро чӣ тавр забт карданд?
  5. Киҳоро “илот” меномиданд?
  6. Спарта чӣ хел идора карда мешуд?
  7. Дориҳои спартагишуда ба халқҳои маҳаллӣ чӣ тавр муносибат мекарданд?
  8. Ба таври «лаконикӣ» сухан карданро шарҳ диҳед.
  9. Дар бораи тарзи зиндагии спартагиҳо нақл кунед.
  10. Спартагиҳо бачагони худро чӣ тавр тарбият мекарданд?
  11. Спартагиҳо бо кадом мақсад илотҳоро шикор («криптия») мекарданд?
ҚаблӣДавлати Афина
БаъдӣШаҳр-давлатҳои Юнон