Осиёи Миёна (Варазруд) дар давраи парокандагии феодалии асрҳои VI-VII

Мулк-давлатҳои Осиёи Миёна

Мулк-давлатҳои Осиёи Миёна. Бо сабаби он ки дар асрҳои VI-VII дар ҳудуди Осиёи Миёна давлатҳои хурд-хурд хеле бисёр буданд, бинобар ин онҳо дар сарчашмаю адабиётҳо баъзан мулк-давлатҳо ном бурда мешавад. Дар бораи мулкҳои ҷудогонаи Тахористон – Ҳуттал, Вахон, Шуғнон, Чағониён, Шумон сайёҳ ва зоири дигар буддоӣ Хой-Чао, ки соли 726 ба Варазрӯд омада буд, маълумот медиҳад. Тахористон навоҳии имрӯзаи ҷанубии Тоҷикистону вилояти Сурхандарёи Узбекистон ва қисматҳои шимолии Афғонистонро дар бар мегирифт. Ин давлат аз ҷиҳати масоҳат ба Бохтари қадим шабоҳат дошт.

Яке аз мулкҳои пуриқтидори Тахористон-Хуттал, яъне Хатлон буд. Дар Хатлон асрҳои VII-VIII намояндагони ашрофони маҳаллӣ ҳумкронӣ мекараданд. Номи яке аз шоҳон, ба ризояти Табарӣ, Ассабол будааст, ки шояд номи туркӣ бошад. Он дар сарчашмаҳои ҷиноӣ дар шакли Шаболо омадааст. Аз маълумоти маъхазҳои таърихӣ бармеояд, ки волии Хатлон то 50 ҳазор лашкар доштааст. Чунин миқдори лашкарро ҳокимони Шумон, Қубодиён, Шуғнону Вахон низ доштаанд.

Дар сарчашмаҳо аз таърихи сиёсии мулки дигар Чағониён чунин маълумот дарёфт кардан мумкин аст. Чағониён сараввал тобеи давлати Ҳайтолиён буд. Дар ибтидои асри VII, соли 719 малики Чағониён Тиши Якчашма ном шахс будааст, ки дар як вақт ябғуи Тахористон ҳам маҳсуб мешуд. Унвони волии Чағониён-чағонхудот буд.

Тахористон ҳарчанд кишвари калону фарох ба ҳисоб равад ҳам, вале аз нигоҳи сиёсӣ мамлакати номутамарказу пароканда буд. Дар сари ҳар як мулк як волӣ ё малики мустақил меистад. Ба таври дигар Тахористонро конфедератсияи номуназзам ё иттиҳоди мулк-давлатҳои соҳибихтиёр гуфтан мумкин аст.

Номи Суғд такрибан дар ҳама сарчашмаҳо зикр ёфтааст. Мувофиқи маълумоти Сюан-Сзан дар асри VII Суғд кишваре будааст, ки байни дарёи Чу дар шимолу шарқ ва дарвозаи Бойсун дар ҷануби ғарб тӯл доштааст. Маълум, ки ин масоҳат ҳудуди сиёсию ҷуғрофӣ набуда, балки макони зиндагии суғдиён маҳсуб мешуд. Аз маъхазҳои арабу форсизабони асрҳои X-XIII ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Суғд маъмулан ба ду маъно фаҳмида мешуд. Суғд ба маънои васеъ тамоми водии Зарафшону водии Қашқадарёро дар бар мегирифт, ба маънои маҳдуд танҳо навоҳии Самарқандро фаро мегирад ва маркази Суғд шаҳри Самарқанд буд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар ибтидои асри VII дар Суғди Самарқанд намояндагони ашрофони маҳаллӣ ҳукмронӣ мекарданд. Ба Суғди Самарқанд мулкҳои Маймурғ, Иштиҳон ва Кушония, навоҳии қисмати шарқии Бухоро, Нахшаб барин ҳашт вилоят тобеъ буданд. Унвони малики Бухоро-чжаоу буда, пасон дар чоряки дуюми асри VII шакли Бухорхурдотро гирифтааст.

Панҷакент мулки мустақил буд. Ба ҳайати он ба ғайр аз ноҳияи имрӯзаи Панҷакент дар ибтидои асри VIII воҳаҳои атрофи болооби Зарафшон ҳам дохил мешуданд. Дар асоси ҳуҷҷатҳои суғдӣ, ки аз қалъаи кӯҳи Муғ ёфт шудаанд, маълум мешавад, ки дар болооби Зарафшон – Моғиён, Паргор, Киштут, Мартушкат ном мулкҳо вуҷуд доштанд, ки ба ҳайати Панҷакент дохил мешуданд.

Ихшиди Суғд ба дигар вилоятҳои Варазрӯд робитаҳои тиҷоратӣ ва дипломатӣ дошта, ба дигар кишварҳо ҳатто ба Чин ҳайати сафорат фиристода, сафоратҳоро қабул мекард. Суғд конфедератсияи мулкҳои нисбатан мустақил ба шумор рафта, 2 вилоят, 5 шаҳр-округ ва 14 рустои водиҳои Зарафшону Қашқадарёро дар бар мегирифт.

Дар водии Фарғона низ иттиҳоди сиёсӣ ё давлати феодалии Фарғона вуҷуд дошт. Дар қадим ин мамлакатро Даван, Бохан, Паханна ва Фрагана, подшоҳонашро бошад, «ихшид» меномиданд. Пойтахти он дар шаҳри Ахсикат ҷой гирифта буд. Даван дар шимол бо Ҳафтрӯд дар ғарб бо Чочу Илок, дар ҷанубу ғарб бо Суғд, дар ҷануб бо Тахористон ва дар шарқ бо воҳаҳои Туркистони Шарқӣ ҳамсарҳад буд.

Дар асрҳои VI-VIII дар Фарғона деҳқонӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ, инчунин тиҷорати дохилию хориҷӣ ривоҷ ёфта, пояҳои мустаҳками иқтисодӣ дошт. Дар ин айём Фарғона мулк давлати нисбатан пуриқтидор маҳсуб шуда, дар ҳаёти сиёсии Варазрӯд нақши калон мебозид. Дар он аксаран халқияти эронинажоди суғдӣ, ки пасон асоси халқи тоҷикро ташкил намуданд, сукунат доштанд.

Дар асрҳои V-VIII мулкҳои Чоч ва Илок низ муҳим буданд. Пойтахти Чоч – шаҳри Бинокат буда, подшоҳи онро «тудун» мегуфтанд. Пойтахти Илок-Тункат буда, ҳокими онро «деҳқон» мегуфтанд. Дар асрҳои V-VI вилояти Чоч ба давлати Ҳайтолиён, дар нимаи дуюми асри VI-VII бошад, ба Ҳоқонии Туркони Ғарбӣ тобеъ буд. Дар ибтидои асри VIII Чочу Илок аз лиҳози сиёсӣ муттаҳид шуда, ба давлати ягона табдил ёфта, истиқлолияти худро барқарор намуданд.

Дар асрҳои III-IV бо сабаби суст шудани давлати Кушон-Хоразм аввалин шуда аз ҳайати он баромад. Ин давлатро хоразмшоҳиён, ки ба сулолаи маҳаллии африғиҳо (фариғуниён) мансуб буданд, идора мекарданд. Ба Хоразми ин давраи инкишофи шаҳрсозӣ, ҳунармандӣ ва бозургонӣ хос аст. Хоразм асрҳои IV-VI аввал ба ҳайати иттиҳоди хиёниҳо баъд ба тобеияти давлати Ҳайтолиён ва дар нимаи дуюми асри VI-VII бошад, ба васалияти Ҳоқонии Ғарбии Турк даромад.

Ҳавзаҳои дигари таърихию фарҳангии Варазрӯд – Устуршана, Ҳафтрӯд ва водии Талас ғолибан таҳти нуфузи Суғд ва тамаддуни суғдӣ қарор доштанд. Тахтгоҳу афшинҳои Уструшана шаҳри Бунҷикат маҳсуб мешуд. Дар Уструшана шаҳру деҳоти калон, ба монанди Дизак (Ҷиззахи имрӯза), Харкана, Катвондиз, Хуҷкат, Зомин, Ваҷкат, Куркат ва ғ. мавҷуд буданд, ки онҳо дар тарвиҷи ҳаёти шаҳрӣ, тараққиёти ҳунармандӣ ва тиҷорат нақши муҳим мебозиданд.

Яке аз вилоятҳои калони таърихию ҷуғрофии Варазрӯд – Ҳафтрӯд буд. Ҳафтрӯд дар шимол бо кӯли Балхаш, дар шимолу шарқ бо Сасиқкӯл ва Аллоқул, дар ҷанубу шарқ бо қаторкӯҳҳои Алатови Ҷунгаристон дар ҷануб бо қаторкӯҳҳои Тиёншон ҳамсарҳад буд. Дар Ҳафтрӯди давраи қадим қабилаҳои эронии сакоӣ маскан гирифта, дар ибтидои асри миёна ба ин ҷо як гурӯҳи калони суғдиён ҳиҷрат намуда, касабаҳои хешро бунёд карда, ин вилоятро ба васояти Суғд дароварданд.

Ҳама мулк – давлатҳои феодалии Варазрӯд тақрибан низоми сунатӣ ва сохтори устувори ҳарбию идорӣ, сиёсӣ надошта, аз ҳамдигар дур буданд. Набудани низоми ягонаи идорӣ, барпо накардани муносибатҳои судманди ҳарбию сиёсӣ ва иқтисодӣ, сар задани ҷангҳои доимӣ байни ин мулк – давлатҳо боиси парокандагии сиёсии Варазрӯд гардид.

Сохти иҷтимоию иқтисодии Варазрӯд. Ҷамъияти ин давраи Варазрӯд маъмулан аз се табақа ашрофон, тоҷирон ва коркунон, яъне зироаткорон ва ҳунармандон иборат будааст. Инчунин аз ҳуҷҷатҳо маълум мешавад, ки дар асри VII ибтидои асри VIII дар Суғд чанд табақаи ғуломон-ғуломони муқарраррӣ, ғуломони гаравӣ, асирони ғуломшуда мавҷуд буданд.

Ба шумораи зиёди ғуломон нигоҳ накарда, қувваи асосии истеҳсолкунандаро на ғуломон, балки табақаҳои дигари меҳнаткаши шаҳру деҳот ташкил медоданд. Табақаи деҳқонон, ки корҳои гуногунро иҷро мекарданд, бо номи «мардум» маълум буданд. Гурӯҳи дигари аҳли меҳнатро «маҷбуран коркунанда» меномиданд. Ин ду деҳқонон бе музд кор мекарданд. Ба ғайри ин ду гурӯҳ табақаи деҳқонон низ буданд, ки бо музди муайян кор мекарданд. Ҷамоати деҳотин дар сарчашмаҳо бо номи «мардум» ва «кишвар» ёд шуда ба тоифаи хокпошон – китиҷкорон, кашоварзон ва кадиварон ҷудо мешуданд.

Зисту зиндагонии табақаҳои гуногуни он давраи ҷамъият аз дигар фарқ мекард. Дар тасвирҳои Афросиёб, Аҷинатеппа ва Панҷакент зиндагии бофароғати ашрофон, айшу нӯши сарватмандон, ҳамзамон зиндагии қашоқона бенавоён тасвир ёфтааст. Ҳаёти он замони ҷомеа мавзӯи ҳунари мусаввирӣ ҳисоб мерафт.

Дар асрҳои V-VIII шаҳрҳо ва ҳаёти шаҳрӣ хеле равнақ ёфта буд, шаҳрҳо – маркази косибию тичорат, илму фарҳанг ва маркази маъмурияти феодалӣ ба ҳисоб мерафтанд. Ба ин Панҷакент, Пайканд, Самарқанд, Балх, Чоч, Бухоро, Тирмиз, Ахсикат, Бинҷикат, Бухоро ва ғ. мисол шуда метавонанд.

Вилояти Самарқанд ба дараҷае ободу шодоб, сердарахту фаровонҳосил буд, ки волиёни нахустини араб онро «равзат-ул-амир ал-мӯъминин», яъне «боғи халифа» номида буданд. Дар Суғд, Фарғона ва Хуталон асппарварӣ мақоми хоса дошт. Дар фосилаи солҳои 624-750 барои фурӯш галаи аспҳои хушзоти суғдӣ мунтазам бурда мешуданд. Дар ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ гову гӯсфанд, буз, аспу хар ва хаҷир зикр шудааст. Дар Суғду Тахористон ва Фарғона кирмакпарварӣ ҳам равнақ ёфта буд.

Дар баробари хоҷагӣ, ҳамзамон ҳунармандӣ ҳам яке аз машғулиятҳои асосии он давраи мардуми Тахористону Суғд, Фарғона, Хоразм ва Чочу Илок ба ҳисоб мерафт. Дар Тахористон коркарди канданиҳои фоиданок хеле ривоҷ ёфта сангҳои қимматбаҳо, пеш аз ҳама лаъли Бадахшону лоҷувард ва дигар сангҳо истихроҷ мешуд. Дар асоси маълумотҳо гуфтан мумкин аст, ки дар Тахористон аз тилло сар карда, то оҳан васеъ истифода бурда мешуд. Аз тилло ашёи заргарӣ, зебу зинат, ҳайкалу муҷассамаҳо месохтанд. Аз оҳан асбобу анҷоми рӯзгор, яроқу аслиҳа месохтанд.

Ҳунари бофандагии халқиятҳои Варазрӯд ба дараҷаи камолот расид. Газворҳои пашмию пахтагӣ ва сару либоси аъёну ашроф, ки хеле мураккаб дӯхта шуда буданд аз ҳунари баланди бофандагон шаҳодат медиҳанд. Бозёфтҳои бостоншиносон имконият медиҳанд, ки дар бораи се навъи матоъ-газвори пашмини рах-рах, газвори пашмини гулдор ва газвори шоҳӣ маълумот гирем.

Ҳунармандии суғдиён низ аз дигар халқиятҳои Варазрӯд мондани надошт. Миқдори зиёди маъдан пеш аз ҳама, эҳтиёҷоти дохилиро қонеъ мегардонд, пас аз он қисман ба содирот бароварда мешуд. Аз ҳафриёти Панҷакент дар бораи ашёи оҳан маводи зиёде ба даст оварда шудаанд.

Афзалияти аслиҳаи суғдиён дар шакли зебову мукаммали зоҳирии он буд. Ба ғайр аз яроқсозӣ дар Суғд ҳунари заргарӣ ва бофандагӣ шӯҳрат пайдо карда буданд. Бисёр ашёи заргарӣ – гушворҳои тиллоӣ, ақиқсанги фирӯзачашми марвориднигон, ангуштаринҳои нигинашон аз сангҳои қиматбаҳо ёфт шудаанд. Дар Қалъаи Муғ қариб 150 намуди матоъ ёфт шуд. Мувофиқи тадқиқоти олимон аз 135 намуди матоъ 90-тоаш пахтагин, 44-тоаш абрешим ва фақат 1-тоаш пашмин аст.

Вусъати ҳунармандӣ, танҳо хоси Суғду Тахористон набуда, балки тамоми Варазрӯдро фаро мегирифт. Аз Тахорисутону Суғд бисёр навъҳои дору ҳам ба фурӯш мерафт. Пайдо шудани тангаҳои суғдӣ дар Тахористон ва тахористӣ дар Суғд аз ривоҷи тиҷорати дохилӣ ва тарвиҷи муомилоти пулии ин ҳавзаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд. Тиҷорати хориҷӣ ба мамлакатҳои Шарқу Ғарб ва аҳолии даштҳои Шимол ривоҷ ёфта буд. Масалан, мулк-давлатҳои Варазрӯд бо Византия муомилот мекарданд, ки он ба воситаи Эрон ва минтақаи Моварои Кавказ бурда мешуд. Аз Византия ба Суғд шоҳӣ меоварданд. Дар Суғд аз рӯи намудҳои онҳо шоҳӣ бофта, ба мамлакатҳои Ғарб ба фурӯш мебурданд. Дар баробари тиҷорати хориҷӣ тавассути «Роҳи бузурги абрешим, тиҷорати дохилӣ ҳам ривоҷ меёфт.

Тамаддуни аҷдодони тоҷикон дар асрҳои VI-VIII. Тамаддуни тоҷикон дар замони муносибатҳои феодалӣ тадриҷан ривоҷ ёфта, дар заминаи бархӯрду табодули фарҳангии қавму халқиятҳои эронии Тоҷикистони таърихӣ мазмуну рӯҳияи созанда касб кардааст. Агар тамаддуни Эрон дар он давра дар ҳолати марказиятнокиву иқтидормандӣ, ваҳдати сиёсиву фарҳангии Сосониён нумӯъ карда бошад, тамаддуни Варазруд дар ҳолати бархурди тадриҷии халқиятҳои бумӣ бо қавмҳои кучӣ, омезишёфтани фарҳанги эронӣ бо унсурҳои мадании туркон, ниҳоят дар вазъияти парокандагии сиёсӣ рушду нумӯъ кардааст, ки ин ҳолат албатта аломатҳои фарқкунандаи дин, афкори иҷтимоию сиёсӣ ва тамаддунро ба вуҷуд овардааст.

Дар асрҳои VI-VIII равобити тиҷоратӣ асосан ба василаи «Роҳи бузурги абрешим» сурат гирифта, алоқаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Варазрӯдро бо Чину Ҳиндустон ва Эрону Византия хеле васеъ намуд. Таъсири байниҳамдигарии фарҳанги мардуми муқимӣ ва кӯчиро пурзӯр кард. Халқияти Варазрӯд ба ҷараёни таърихи ҷаҳонӣ кашида шуда, дар ин ҷо фарҳанги ғайратманди хосе, ки симои баргузидаи эронӣ дошт тарвиҷ ёфт.

Аз намунаи осори хаттии суғдӣ, ки то ба замони мо расидаанд: маҷмӯи ҳуҷҷатҳои қалъаи кӯҳи Муғ, катибаҳои Панҷакент ва Чилҳуҷра аз Тоҷикистон, номаҳои қадими суғдӣ аз Турфони Туркистони Шарқӣ, ҷамъи катибаҳои Синд аз Покистони шимолӣ, катибаи Бугут ва Қаробалосағун аз Муғулистон, катибаи Лодак аз Тибет, катибаҳои Макшуф аз Қирғизистон ва деворнигораҳои харобаҳои Афросиёби Самарқанд ёдгориҳои нодиру нотакрор маҳсуб мешаванд. Осори номбаршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки забону хатти суғдӣ на танҳо дар сиккаю ҳуҷҷатҳои ҳукмронони Суғд, балки дар асноди расмӣ ва номаҳо низ ба кор рафта дар минтақаи паҳновари Осиёи Марказӣ ба унвони забони миёнҷӣ (Linena Franka) аз асри IV то VIII маъмул ба кор мерафт.

Тахтаи машқи алифбои суғдӣ, ки аз Панҷакент ёфт шудааст, матни машқҳои котибон, ки дар сафолпораҳои Марв дарёфт гардид, аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Суғди ибтидои асримиёнгаӣ мактабҳои саводомӯзӣ ва санъати котибӣ амал мекарданд. Дар аксари ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ котибони чирадасти суғдӣ: номи Ромтиш, Вғашфағн, Ваченок ва Саймич, Тишич зикр шудаанд, ки ин албатта аз тарвиҷи мактаби хату хаттотии Суғд шаҳодат медиҳад ва аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар Суғд хату савод хеле пеш рафта будааст.

Дар кори тарғиби хат ва саводнок шудани халқҳои Осиёи Марказӣ ва эҷоди хатти худӣ хатти суғдӣ нақши муҳим дошт. Дар асоси хатти суғдӣ алифбои уйғурӣ ба вуҷуд омад. Баъд дар асоси алифбои уйғурӣ хатти муғулию манҷурӣ пайдо шудааст, ки ин воқеаи ногузир буд. Чунки дар асрҳои V-VIII дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар Ҳафтруд ва Туркистони шарқӣ забони суғдӣ васеъ истифода бурда мешуд. Дар ин ҷо аҳолӣ бештар бо забони суғдӣ ва қисман ба туркӣ ҳарф мезаданд. Дар шаҳрҳо, хусусан ду забонӣ васеъ паҳн шуда, дар байни ашрофони босаводи Ҳоқонии Ғарбии Турк донандагони забони суғдӣ бисёр буданд.

Эҳтимол меравад, ки хату забони суғдӣ, аз ҷумла турку уйғурҳо пасон расму хатти қадимаи руниро эҷод карда бошанд, зеро асоси ин хат ҳам алифбои суғдӣ ва оромӣ буда, алифбои фонетикаи забони туркиро ташкил медод. Ин навъи алифбои туркӣ аз 38 то 40 ҳарф иборат буда, паси ҳамдигар рӯи сангу чӯб навишта мешуд.

Ҳамзамон бо хату забони суғдӣ – забони бохтарӣ ҳам, ки забони расмии Тахористон буд, дар ташаккулу тарбиҷи тамаддуни тоҷикон нақши муҳим бозидааст. Ба шаҳодати сайёҳи ҷиноӣ Сюан-Сзан алифбои забони бохтарӣ аз 25 ҳарф иборат буда, дар заминаи расмулхати юнонӣ асос ёфтааст, он аз чап ба рост хонда мешудааст. Осори хаттӣ ба забони бохтарӣ аз маъбади Сурхкӯтал, маҳалли Работаки Афғонистон, аз дайри буддоии Қаротеппаи Узбекистон ва аз навиштаҳои рӯи тангаҳо, мӯҳрҳои шоҳони кушониву ҳайтолӣ, аз ҳамдафну сафолпораҳо кашф шудаанд.

Дар асрҳои IV-VIII аҳолии Варазрӯд маъмулан ба дину ойинҳои зардуштӣ, буддоӣ, массеҳӣ ва монавӣ эътиқод доштанд. Вале зардушгтия дар Хоразму Суғд ва Чоч хеле зиёд паҳн шуда буд. Онҳоеро, ки зардуштии мазҳаб буданду дар оташкадаҳо русумотии диниро мекарданд, баъдтар арабҳо маҷус ё маҷусӣ номиданд. Тақрибан дар ҳама шаҳрҳои хурду калони Варазрӯд оташкадаҳои зардуштиён мавҷуд буданд. Оташи муқаддас озархурро номида шуда, дар оташкада шабу рӯз ҳамвора фурӯзон меистод.

Аз манбаҳои хаттӣ ва ковишҳои бостоншиносоӣ маълум мешавад, ки дар асрҳои VI-VIII талқини дини буддоӣ на танҳо дар Тахористон, балки дар Суғду Фарғона ва Туркистони Шарқӣ низ пурзӯр гашта, тарғибгарони он тавассути Чочу Фарғона ва Ҳафтрӯд ва Туркистони Шарқӣ, ҳатто ба вилоятҳои дохили Чин мерафтанд. Дар боби тарҷумаи матнҳои динии буддоӣ аз забони санскрит ба забонҳои бохтарию суғдӣ ва аз он ба забонҳои чиноӣ ва туркӣ рохибону фозилон ва муболиғони суғдию тахористонӣ ва марвӣ саҳми калон доштанд.

Ба туфайли китобҳои динӣ ақидаҳои буддоӣ дар бораи покизагии рӯҳу ҷисм, растагорию росткорӣ ва камолоти рӯҳӣ тарғиб гардида, дуздӣ, дурӯғгӯӣ, бадахлоқй ва сармастӣ сарзаниш карда мешуд. Имрӯз як силсила иботахона, яъне дайраҳои буддоӣ, ки маркази таҳвилкунандаи афкору ақида ва ойини Буддо буданд, харобаҳои Аҷинатеппа, Кофарқалъа, Қаротеппа ва Зангтеппа дар ҳудуди Тахористони қадиму ибтидоӣ асримиёнагӣ кашфу ҳафр шудаанд. Суғдиён ҳам дар тарғибу талқини дин ойин нақши созгор гузоштаанд. Имрӯз чанд теъдод осори суғдии буддоӣ, аз қабили «Вассантра статакӣ», «Достони мавлуди Буддо» ва «Сутуройи иллат ва маълул» ёфт шудаанд, ки аз забони санскрит ё ҷиноӣ ба забони суғдӣ тарҷумаю тафсир шудаанд.

Аз маълумоти манбаъҳо бармеояд, ки дар Варазрӯд ба ғайр аз зардуштиёну буддоиён боз пайравони таълимоти мазҳаби несториании дини масеҳӣ ҳам кам набуданд. Ноҳияи Ургути Самарқанд на фақат барои Суғд, балки барои тамоми Варазрӯд маркази паҳнкунандаи ойини масеҳӣ маҳсуб мешуд. Тахмин меравад, ки дини насронӣ ба Суғд дар асрҳои V-VI ворид шуда бошад, дар ибтидои асри VI дар Самарқанд эпископ, дар асри VIII бошад, митрополит ва дигар пешвоёни олимақоми динӣ ба ҷамоаҳои насронӣ раҳнамоӣ мекарданд.

Дар асрҳои IV-VIII дар шаҳрҳои Варазрӯд баробари ҳунармандӣ ва меъморӣ, соҳаҳои гуногуни ҳунар, мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ ривоҷ ёфтааст, ки тасвиру гаҷкориҳо, деворнигораҳои қасру кӯшкҳо, гаҷию сафолии ҳайкалҳои ибодатхонаҳо, маъбудаҳо, санамҳои аз чуб офаридашуда, рамзу симоҳои дар тангаҳо акс ёфта, аз намунаҳои нодири он ҳунар ҳастанд. Онҳо бешубҳа, дигаргуниҳои ичтимоӣ, тарвиҷи иқтисодӣ ва муносибатҳои сиёсии он замонро дар худ таҷассум намуданд.

Дар харобаҳои Балаликтеппа, Панҷакент, Чилҳуҷра, Варахша ва Афросиёб, ёдгориҳои шаҳри Кува мусаввараю ҳайкалҳо ва нақшҳое ёфт шуданд, ки асарҳои беназири ҳунари он замон ба ҳисоб мераванд. Зиёда аз 60 тасвираҳои ҷолиби деворӣ харобаҳои Панҷакент ёфт гардида ҳам, мазмунана бойу рангин ҳастанд. Дар байни онҳо манзараи ҳаракати аскарон достонҳои қадимаи суғдиён, маросими динӣ ва маросими кишти ҳосилро мушоҳида кардан мумкин аст.

Тасвир ва деворнигораҳои Афросиёб хусусияту мундариҷаи хос доранд. Дар он манзараи як маҷлиси мутантан тасвир ёфтааст. Дар сафи пеш фили сафед меравад ва дар таҳти равони болои фил як бонуи сарватманде нишастааст, ки эҳтимол, шоҳдухтар ё малика бошад. Дар сағрии фил, дар пушти тахти равон канизи шоҳдухтар тасвир ёфтааст. Аз паси фил се бонуи аспсавор менамоянд. Дар дасти яке аз онҳо ба забони суғдӣ чунин ибораи мухтасар сабт шудааст: «ақрабои малика».

Аз паси онҳо ду марди мусаллаҳи уштурсавор мераванд, ки дар даст чӯбдасти салтанат доранд, боз чор паррандаи сафед инъикос шудааст, ки онҳоро ду марди даҳонбаста гирифта мераванд ва ниҳоят боз як саворе ба назар мерасад, ки нисбат ба дигарон ду баробар калонтар кашида шудааст. Шояд ки ин маросими арӯсбиёрони сафир бошаду эҳтимол духтари филсавор арӯси марди аз ҳама калон тавиршуда, сардори сафорат бошад. Дар девори ғарбии хона бошад, одамони либоси шоҳона ба бар бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо тасвир ёфтаанд, ки ин лавҳаи қабули сафирон аз ҷониби ихшиди Суғд Вархуман мебошад.

Дар ҳунари мусаввирии арсҳои IV-VIII ҳайкалтарошӣ мавқеи калон дошт. Дар боби инкишофи он таъсири мазҳаби зурвонии зардуштӣ ва дини буддоӣ зиёд аст. Одатан дар буткадаҳо ҳайкали хурду калони буддо ва коҳинонро аз лою гаҷу лой ва санг сохта мегузоштанд. Ҳайкалҳои мӯҳташами буддоии Қува водии Фарғона ва Аҷинатеппаи назди Қурғонтеппа ёфта, омӯхта шуданд. Дарозии ҳайкали буддоие, ки аз Аҷинатеппа ёфта шуд, қарибан 12 метр аст.

Дар он давра санъати кандакорӣ ривоҷ ёфт. Пораҳои боқимонда ва мисли ангишт сӯхтаҳои ҳайкали чӯбин, нақшҳои гуногуни табиат, ҷонзодҳою ҳайвонот, ҳокиме дар сари тахт, ки аз Афросиёб ва Панҷакент ёфт шудаанд, аз тарвиҷи кандакорӣ далолат медиҳанд. Дар байни онҳо ҳайкали ҷозибаноки раққоса ҷолиби диққт аст. Раққоса дасти чапро ба миён монда, пои ростро қат карда, ҳангоми ҳаракат намудан тасвир ёфтааст, ки он шаддаву шалдори аҷоибдӯхти раққосаи қоматаш нозукро дақиқ таҷассум медиҳад.

Манбаъҳои ҷиноӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар асрҳои IV-VIII дар Варазрӯд ҳунари мусиқӣ, рақс, сарояндагӣ, мутобагӯӣ ва дорбозӣ равнақ ёфта буданд. Бухоро бо санъаткорон, Самарқанд бо найнавозон, Чоч бо раққосону раққосагон, Хутан бо сурнайнавозон, Куча бо бастакорони бо маҳорати худ шӯҳрат ёфта буданд. Дар фосилаи асри V-VIII аз Чочу Самарқанд, Кешу Маймурғ ҳайати раққосон, аз Хуттал бошад, гурӯҳ-гурӯҳ занони мақомчии ба қасри императорони Чин барои ҳунармандӣ ва омӯзондани фиристоданд.

Хулоса, дар асрҳои IV-VIII фарҳангу маънавиёти ҷомеа махсусан меъморӣ, хату савод, эътиқоди динӣ, ҳунари мусаввирӣ ва мусиқӣ ривоҷ ёфта, равобити фарҳангии мулк- давлатҳои Варазрӯд тарвиҷ мекунад. Дар натиҷа фарҳанги хосу ғановатманде офарида мешавад, ки пешрафти маънавиёти ҷомеаро дар худ таҷассум менамуд.

ҚаблӣТаъсиси Ҳоқонии Ғарбии Турк / Хоконии Гарбии Турк
БаъдӣХилофати Араб. Забти Хуросону Мовароуннаҳр аз тарафи забткорони араб