Система ва таркиби раванди тарбия

Раванди тарбия – системаи мураккаб, динамикӣ ва ҳар қисмати ин система дар навбати худ ҳамчун система ва мазмуни қисматҳои худро дорад. Мувофиқи принсипи системаи иерархӣ (дараҷаҳо) ҳар система фақат аз як қисми хеле возеҳ иборат аст. Масалан, ҳар кадом марҳалаи раванди тарбия нисбатан ҳамчун унсур муносибат дорад, вале худаш дар худ низ система ва дар як вақт системаи ояндаи маълумот мебошад, ки бештар дар нақши унсури система баромад мекунад. Ҳар кадом система бидуни муҳити муайян вуҷуд дошта наметавонад, он метавонад фақат дар якҷоягӣ амал кунад. Ана барои ҳамин ҳам рафти система ба таҳлили раванди тарбия ҳатман алоқаманд бо муҳит омӯхта мешавад. Пештар дар бораи зарурати омӯзиши унсури системаҳои муайяни зиёд гуфта шуд, вале инро дар ҳолате кардан мумкин аст, ки мо ин унсурҳо ва системаро дар амал бинем. Ин ба он хотир, ки ҳатман иштироки онҳоро дар раванди тарбия, яъне мунтазам тағйирёбии онҳоро сари вақт қайд намоем. Аз ин рӯ раванди тарбия ҳамчун системаи динамикӣ дониста мешавад. Раванди тарбияро дар динамикӣ дида истода – яъне муайян кардани чӣ тавр он тавлид гашт, инкишоф ёфт, ва роҳҳои минбаъдаи инкишофи он кадомҳо бояд бошад муайян кард. Вақти таҳлили раванди тарбиявӣ нафақат раванд, инчунин ҳамаи марҳалаи ба он тайёрӣ ҳам омӯхта мешавад.

Ба мо маълум, ки мувофиқи татбиқи ҷудокунии меъёр система ва таркиби гуногунро ҳосил кардан мумкин аст. Меъёрҳое, ки бо онҳо системаҳо ҷудо карда мешаванд, онҳоро дар раванди тарбия бояд таҳлил намуд, ки хеле бисёранд. Дар назарияи педагогикаи муосир бештари маълумоти онҳо намунаи системаҳои раванди тарибя, ки бо меъёрҳо сохта шудаанд, аз инҳо иборатанд: мақсад ва вазифаҳо, мазмуни раванди тарбия, шароити ҷоришавии раванд, ҳамкории тарбиягарон ва тарбиягирандагон, истифодабарии методҳо, шаклҳои фаъолияти тарбиявӣ, марҳалаҳои раванди инкишоф ва дигарҳо. Баъзеи онҳоро дида мебароем.

Ба меъёри мақсаднокӣ сохти раванди тарбия ҳалли маҷмӯи вазифаҳои гузоштаи раванд пешниҳод мегардад. Дар шароити ҳозираи раванди тарбия мактаб инҳо гузошта шудаанд:

  • яклухт ташаккул додани шахсият бо назардошти мақсади рушди мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият;
  • ташаккул додани сифатҳои ахлоқии шахсият дар асоси арзишҳои
  • миллӣ ва башарии умуми инсоният, ба мотивонӣ нигаронидашудаи иҷтимоӣ дар соҳаҳои мутаносиби зеҳнӣ ва инкишофи иродавии шахсият;(инсони комил)
  • шинос кардани мактабиён бо арзишҳои волои инсонӣ xамъиятӣ дар соҳаи илм, маданият, санъат;
  • тарбияи мавқеи ҳаёти мувофиқи азнавсозии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқ ва вазифадории шахсият;
  • инкишофи майл, қобилият ва ҳавасмандии шахсият бо назардошти имконият ва хоҳиш, инчунин бо талаботи ҷомеа;
  • ташкили дарки фаъоляити мактабиён, ки шуури инфиродӣ ва иҷтимоиро инкишоф медиҳанд;
  • ташкили арзишҳои иҷтимоии шахсият, фаъолияти гуногун, ташаккули ҳавасмандонӣ ба мақсади тарбияи сифатҳои мувофиқи шахсият;
  • иникшофи вазифаҳои муҳими гуногуни иҷтимоии шахсият -робита дар шароити фаъолияти меҳнатии тағйирёбанда ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ.

Сохти навбатӣ ба ҷудокунии марҳалаҳои асосии раванди тарбиявӣ тааллуқ дорад. Меъёр пайдарҳамии марҳалаҳо, ки аз байни онҳо албатта бояд раванди тарбия гузарад, вазифаҳои гузошташуда ҳалли босифати худро ёбанд. Сохти мазкур барои чуқур фаҳмонидани қонунияти ягонагӣ ва ба тадриҷии раванди тарбия ниҳоят зарур аст (Нақшаи 13).

Нақшаи 13
Нақшаи 13

Талаботи норма ва қоидаҳои рафторро фаҳмидани тарбиягирандагон ин марҳалаи муҳими раванди тарбия аст. Бечунин ташаккулдиҳӣ ҷамъи вазифаҳои рафтори шахсият натиҷаҳои дилхоҳ дода наметавонад, бисёри системаҳои тарбиявӣ, аз ҷумла тоҷикии тоинқилобӣ, ба марҳалаҳои гузашта кам ё тамоман эътибор намедоданд ва ё калон шавад, худаш фаҳмида мегирад, – мегуфтанд. Ин гуна одамон ҳоло ҳам ҳастанд. Ҳатман бе ҳеҷ гуна мусоҳилакорӣ рафторҳои муфид, ки ба арзишу анъанаҳои миллӣ табдил ёфтаанд, амал бояд кард. Мактабиён дар иҷрои онҳо ҳар қадаре зиёд хато кунанд, ҳамон қадар сари вақт ислоҳ кардани онҳо аҳмияти калони тарбиявӣ дорад, аз хурдӣ ба одат табдил меёбад. Чунончи, пагоҳӣ баъди дастурӯйшӯӣ ба аҳли хонавода (хурду калон) салом додан на дар ҳамаи оилаҳо ба ҳукми одат даромадааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аммо он чизе, ки мақбули талаботи давр нест, таҳаммул бояд кард. Дар мактабҳои пештара камбудиҳои кӯдакон бо ҷазои ҷисмонӣ – «хирс мулло мешавад аз зарби чӯб» ислоҳ карда мешуданд. Зиндагӣ исбот кард, ки чунин ислоҳкунӣ хатои маҳз аст. Ҳоло хатоҳои мактабиён бо воситаи сeҳбатҳои этикӣ, панду насиҳат, фаҳмондан, маслиҳат ва uайра сари вақт ислоҳ карда мешаванд.

Дониш бояд ба эътиқод гузарад – чуқур фаҳмидагирии моҳияти ҳар рафтор ва муносибаткунӣ ҳаминро тақозо мекунад. Мафҳуми «эътиқод» дар принсипҳои муайян ва назарияҳои ҷаҳонбинӣ устувор асосонида шудааст, ки ҳамчун дастури зиндагӣ хизмат мекунад. Бидуни эътиқод раванди тарбия суст иникшоф меёбад, зеро маҳз итминони комил (эътиқод) такягоҳу ҷуръатбахши матиниродагии шахсият аст. Агар шахс сабабҳои табиии хусуфи Офтоб ва Моҳро чуқур донад, дар исботи онҳо бидуни калавиш, бо қатъият дар ақидааш истодагарӣ мекунад ва гуфтаҳои ғайриилмиро дилпурона рад карда метавонад.

Ташаккули ҳис боз як қисми зарурӣ ва басо муҳими раванди тарбия ба шумор меравад. Бидуни эҳсосот ҷустуҷӯи ҳақиқат нест ва шуда ҳам наметавонад. Тарбиягар фақат бо роҳи тунду тез кардани эҳсосот ва ба он такя намуда, ҳисси дарки дурусти норма ва қоидаҳо зуд ба натиҷаҳои барҷаста ноил шуда метавонад, зеро эҳсосот асос ва поягузори тамоми донишҳост.

Аммо, албатта марҳалаи асосии раванди тарбия фаъолият аст. Ҳар қадаре, ки фаъолияти педагогӣ гуногун ва хуб ташкил карда шавад, ҳамон қадар самаранокии тарбия возеҳ мегардад.

Сохти навбатии ҷудо кардани пайдарҳамии раванд ҳам ба ҳамин марҳала мансуб аст, вале бо меъёри дигар – алоқамандӣ ва вобастагии байни қисматҳо, ки самарабахш ҷоришавии равадро таъмин мекунанд: а) лоиҳакашии раванд, ки дар худ мақсад ва вазифаҳои муайяни аниқи тарбияро мегирад; б) ташкили мавод (меҳнатӣ, хифзи табиатӣ), иҷтимоӣ (коллективӣ, ташкилию идоракунӣ, робитакунӣ), рӯҳӣ (ҳисси пуртаъсир, фаҳмидагирӣ, арзишҳои нигаронӣ), фаъолият; в) танзими алоқаи байниҳамӣ ва ислоҳи камбудиҳои он дар раванди асосии намудҳои фаъолияти тарбиявӣ; г) назорат ва ҷамъбасти натиҷаҳои банақшагирифташуда, таҳлили комёбиҳо ва камбудиҳо ва uайра.

Ба сифати меъёр барои ҷудо кардани марҳалаҳои раванди тарбия амалиёти педагогии пайдарҳамиро ҳам истифода бурдан мумкин аст. Он гоҳ дар сохти тарбия қисматҳои зайл пайдо мешаванд: 1) шиносоӣ бо норма ва талаботҳои умумӣ; 2) ташаккули муносибат; 3) ташаккули ақидаҳо ва эътиқод; 4) ташаккули майли умумии шахсият[1]. Дар ибтидои марҳала ҳамчун намунаҳои пештара мактабиён талаботи мафҳум, норма ва қоидаҳоро фаҳмида мегиранд. Сипас муносибати бачаҳо ба норма ва қоидаҳои пешбаришуда ҷалб карда мешавад. Дар асоси муносибати ташаккулёбӣ – дарки азхуд кардани норма ва қоидаҳо ҳатмист. Ин муқоисакунӣ ва фаҳмидагирӣ ба коркарди муҳокимаи навъи – одилона – ғайриодилона, хуб – бад, судманд бефоида меорад. Шакли бештар баланд инкишофи онҳо – эътиқод аст. Бештар роҳи дуруст ташаккул додани эътиқодҳо ва мустаҳкам кардани онҳо – барпо кардани вазъияте, ки ҳоҷати мавқеи худ пайдо гардад2.

Билохира, майли ташаккули умумии шахсиятро тамоми раванди тарбия фаро мегирад – ин коркарди одатҳои устувори рафтор, ки ба норма табдил меёбанд. Системаи одаткардаи амалиёт, рафтор тадриҷан ба нишонаҳои хислати шахсият табдил мегардад.


  • [1] Ниг. Ильина Т. А. Педагогика. – М., 1984. – с. 374 – 378.
  • 2 Ҳамон ҷо. – с. 376.
ҚаблӣШахсияти тарбиягар – омили объекти тарбия (педагогика)
БаъдӣҚонуниятҳои умумии раванди тарбия