Таъсиси давлати Чини Қадим

Таъсиси давлати Чини Кадим. Табиат ва ахолии Чин. Пайдошавии давлат. Ташкилёбии давлати Чжоу. Рушди хочаги ва тичорат. Идораи давлати Чжоу.


ТАБИАТ ВА АҲОЛИИ ЧИН

Қариб 80 дарсади ҳудуди Чинро кӯҳистон ташкил мекунад. Кӯҳистони Чин асосан дар тарафи ғарб воқеъ аст. Чини Ғарбӣ зимистони хунук ва тобистони муътадил дорад. Чини Шарқӣ аз наботот ғанӣ буда, заминаш серҳосил аст. Дар ин қисмати Чин водии дарёҳои Янзӣ ва Хуанхэ воқеъ гардидаанд. Ин дарёҳо барои обёрии зироат хеле мусоид мебошанд. Аз ҳамин сабаб чиниёни қадим аввал маҳз дар водиҳои ҳамин ду дарё сокин шудаанд. Баъдтар сокиншавии қабилаҳои чинӣ дар дигар ҷойҳо, аз ҷумла дар навоҳии кӯҳсор ҳам сурат гирифт.

Дар ноҳияҳои қӯҳистон ва водиҳои Чин дар замони қадим қабилаҳои сершумори кӯчманчӣ ва зироаткор сокин буданд. Дар ҳамсоягии онҳо қабилаҳои сершумори ҷангҷӯйи кӯчманчӣ зиндагӣ мекарданд. Чиниёни қадим маҷбур мешуданд, ки худро аз ин қабилаҳои бераҳму ғоратгар муҳофизат намоянд.

Таркиби қабилаҳои қадими чинӣ якхела набуд. Дар шимол ва шимолу ғарбии Чин тунгусҳо, манҷурҳо ва муғулҳо, дар ҷанубу ғарбӣ қабилаҳои сершумори тибетӣ, ки онҳо аҷдоди қабилаҳои ман мебошанд ва дар ҷануб қабилаҳои дигари ба забон ва фарҳанги чиниҳо наздики бирмагиҳо ва ҳиндучиниҳо сокин буданд. Мавҷудияти қабилаҳо боиси ташаккули халқи Чин гардид.

ПАЙДОШАВИИ ДАВЛАТ

Давлати қадимтарини Чин–Шан Ин мебошад. Ташкилшавии он ба асрҳои XVIII–XII пеш аз милод рост омадааст. Тахминан 1400 сол пеш аз милод, гуфта мешавад дар ҳуҷҷати қадими Чин, пешво Пан Ген қабилаи худро ба Анян меорад ва дар соҳили дарёи Хуанхэ бо номи Шан шаҳри калоне бунёд мекунад. Ин ном ба сулола ва давлати ташкилкардаи ӯ ҳам гузошта мешавад.

Қабилаҳои чжоус, ки дар ҳавзаи дарёи Вэй сокин буданд, дар асри XII пеш аз милод шоҳии Шанро забт ва пойтахти он шаҳри Шанро ба хок яксон мекунанд. Баъд онҳо ба ин давлат номи «Ин»-ро медиҳанд.

ТАШКИЛЁБИИ ДАВЛАТИ ЧЖОУ

Ин давлат дар асрҳои XII–XI пеш аз милод ба вуҷуд омада, ташаккул ёфтааст. Онро қабилаҳои маскуни шимоли Чин ва музофоти ҳозираи Шенси дар ҳавзаи рӯди Вэй ташкил карда буданд. Бо мурури замон қабилаҳои мазкур қабилаҳои дигари минтақаро ба худ тобеъ намуда, ҳудудҳои давлати худро то ба Ин васеъ карданд. Дар байни ин ду давлат робита ҳам вуҷуд дошт. Шоҳи Ин ба қабилаҳои чжоу муҳофизат кардани сарҳадҳои шимолу ғарбии давлати худро супорида буд.

Аз ҷиҳати забон ва фарҳанги халқҳои ин ду давлат бо ҳам хеле наздик буданд. Оилаҳои ашрофони Ин духтарони худро ба пешвоёни қабилаҳои чжоу ба занӣ медоданд. Қабилаҳои чжоу тарзи давлатдорӣ, хат, солшуморӣ, меъморӣ ва ғайраро аз қабилаҳои Ин меомӯхтанд. Қабилаҳои чжоу натанҳо пешрафтҳои давлати Инро эътироф мекарданд, балки худро ворисони он ҳам мешумориданд. Мувофиқи маълумоти адабиёти қадими Чин, шоҳи давлати Чжоу мақсади забти Инро мекунад, лекин иҷрои ин мақсад ба ӯ муяссар намешавад. Баъд ин корро ба писари худ васият мекунад. Шоҳи нави Чжоу У Ван бар зидди Ин лашкар мекашад. У Ван то дарёи Хуанхэ рафта, ба муқобилати сахти лашкари Ин дучор шуда, ақиб мегардад ва ба ҳуҷуми нав хубтар тайёрӣ мебинад. Ҳуҷуми дуюми У Ван бо ғалаба анҷом ёфт. Дар соли сездаҳуми шоҳигарии худ вай ба шоҳи Ин пурра ғалаба ба даст медарорад.

Ҳамин тариқ, Ин барҳам хӯрда, давлати Чжоу таъсис меёбад.

РУШДИ ХОҶАГӢ ВА ТИҶОРАТ

Дар давраи мавҷудияти давлати Чжоу кишоварзӣ машғулияти асосии аҳолӣ буд. Чорводорӣ дар ҳамон музофотҳое тараққӣ кард, ки барои ин кор шароити мусоид доштанд, хусусан дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ.

Ба чорводорӣ амалдорони махсус назорат мекарданд. Шоҳони Чжоу ба асппарварӣ аҳамияти калон медоданд, чунки лашкар ба асп эҳтиёҷи калон дошт. Чарогоҳҳои хуби алоҳида барои чарондани аспҳои шоҳ муайян карда шуда буданд.

Дар Чжоу зироатпарварӣ рушд кард. Чиниҳои қадим барои ҳосилхез шудани замин усули киштгардонро истифода мебурданд. Замин ба се қитъа тақсим карда мешуд ва ҳар сол дар ду қитъа кишт карда, як қитъаи онро дам медоданд. Барои серҳосил шудани замин ба он пору меандохтанд.

Дар Чжоу боғутокпарварӣ, полизу обчакорӣ, туту кирмакпарварӣ ҳам рушд карда буд. Давлат кишоварзӣ ва кишоварзонро қадр мекард, обрӯи онҳоро баланд мебардошт. Ҳар сол корҳои кишоварзӣ бо иҷрои маросимҳои ботантанаи махсус оғоз мешуданд. Шоҳ ҳам аз ин кори муҳим дар канор намемонд. Ӯ шахсан ба воситаи сипор хатти аввалини заминро кашида, баъди ҷамъоварии ғалладона нони аз он пухташударо аввалин шуда мечашид. Дар як қисса гуфта мешавад, ки дар мақбараи ашрофи чинӣ сипори кишоварзӣ ва камони ҷанговарро дар паҳлуи марҳум гузошта мегӯрониданд.

Косибӣ ҳам дар Чжоу рушд ёфта буд. Косибон, махсусан аз биринҷӣ, зарфҳои гуногун, афзори корӣ, силоҳ ва маснуоти дигари ҳунармандӣ истеҳсол мекарданд. Устохонаҳои косибӣ ҳам давлатӣ ва ҳам хусусӣ буданд. Ба кори косибӣ амалдорони давлатӣ назорат мекарданд.

Рушди чорводорӣ, ғаллакорӣ ва косибӣ боиси рушди тиҷорат гардид. Маҳсулоти изофамонда ба бозор бароварда мешуд. Дар ҳар як шаҳр якчанд бозор мавҷуд буд. Дар бозорҳо молҳоро мувофиқи навъашон дар растаҳои алоҳида гузошта мефурӯхтанд. Нархи молро мувофиқи қарордоди ҳукуматдорон муайян мекарданд. Ба тартиби бозор раиси он назорат мекард. Идораи раис дар мобайни бозор ҷой гирифта буд.

ИДОРАИ ДАВЛАТИ ЧЖОУ

Чжоу давлати ғуломдорӣ буд. Дар давраи Чжоу дар Чини қадим ҷамоаи деҳотӣ вуҷуд дошт, ки он барои идораи давлат хеле мусоид буд. Агар ягон шахси ҷамоа аз уҳдаи пардохти андоз набарояд, онро аз аъзои дигари ҷамоа меситонданд.

Давлат соҳиби мутлақи замин ба ҳисоб мерафт. Дар заминҳои ашроф аз меҳнати ғуломон фаровон истифода бурда мешуд. Ғуломдорӣ, ки ҳанӯз дар давраи Шан Ин ба вуҷуд омада буд, дар давраи Чжоу боз ҳам рушд кард. Дар баробари подшоҳ гурӯҳи калони амалдорони давлатӣ ташаккул ёфтанд. Баъди шоҳ дар идораи давлат шахси дуюм ёвари ӯ буд. Тамоми риштаҳои идораи давлатиро шоҳ ба вай месупорид. Ёрдамчии шоҳ дар ихтиёри худ се нафар мушовири махсус дошт. Онҳоро баъзан «се пир» ҳам меномиданд. Яке халқро муҳофизат менамуд, ба идораи ҳаёти хоҷагии мамлакат, рафти корҳои кишоварзӣ ва тиҷорат масъул буд. Шахси дуюм «сардори галла» ё худ «сардори лашкари мулкҳои шоҳ» ба ҳисоб мерафт ва ба тамоми корҳои мудофиаи мамлакат роҳбарӣ мекард. Шахси сеюм сардори корҳои ҷамъиятӣ ба шумор рафта, назорати низоми обёрӣ, таъминоти об, сохтмони биноҳои ҷамъиятӣ, роҳҳо ва ғайра низ дар ихтиёри ӯ буд. Ин шахс дар ихтиёраш амалдорони иҷрокунандаи зиёде дошт.

Дар дарбори шоҳ амалдорони дигар ҳам бисёр буданд. Онҳо ба шоҳ дар идора кардани давлат ёрӣ мерасонданд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Дар бораи табиат ва аҳолии Чини қадим нақл кунед.
  2. Давлати Шан Ин кай ва чӣ тавр ба вуҷуд омадааст?
  3. Хатти иероглифии чиниёни қадимро шарҳ диҳед.
  4. Давлати Чжоу кай ва чӣ гуна ба вуҷуд омадааст?
  5. Исбот кунед, ки дар Чжоу хоҷагӣ ва тиҷорат чӣ тарз тараққӣ карда буд?
  6. Давлати Чжоу чӣ тавр идора карда мешуд?
  7. Барои ҳосилхез шудани замин дар Чини қадими замони Чжоу кадом чораҳо андешида мешуданд?
  8. Усули идораи давлати Чжоуро шарҳ диҳед.
ҚаблӣФарҳанги Ҳиндустон (таърих, Хиндустони Кадим)
БаъдӣЧин дар замони империяи Син