Шаклҳои давлат ва намудҳои он

Шаклхои давлат ва намудхои давлат. Шаклхои давлат аз рӯи се унсур муайян карда мешавад: шакли идораи давлатӣ, сохтори давлатӣ ва режими сиёсӣ.

Вобаста ба шакли идораи давлатӣ давлатҳо мешаванд: шакли идораи ҷумҳуриявӣ ва монархиявӣ.

Вобаста ба шакли сохтори давлатӣ давлатҳо мешаванд шакли сохтори мураккаб – федеративӣ ва сода – унитарӣ.

Аз назари режими сиёсӣ бошад давлатхо мешаванд шакли режими сиёсии демократӣ ва ғайридемократӣ.

Мафҳум ва намудҳои шаклҳои идоракунии давлатӣ. Шакли идоракунии давлатӣ муайян карда мешавад аз мазмуни ташкили идораи давлат ва усулҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ. Аз ин назар дар давлатҳои ҷумҳуриявӣ халқ ҳамчун сарчашмиаи ҳокимияти давлатӣ баромад намуда дар низоми идоракунӣ роҳбари давлат тариқи интихобот сари чанд вақт муайян карда мешавад. Аммо дар шакли идораи монархиявӣ бошад, монарх тимсоли корол, шоҳ, султон ва амсоли инҳо тариқи меросбарӣ муайян карда мешаванд. Яъне инҷо тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ меросист. Шакли идораи ҷумҳурӣ вобаста ба мазмун ва махсусияти идора ба чунин намудҳо тақсим мешавад: ҷумҳурии президентӣ, парлумонӣ. Чунин ҷудонамоӣ воьбастагӣ дорад аз таъсир ва нуфӯзи ниҳодҳои давлатӣ дар ташкили ҳукумати иҷроия, аз масъулияти ҳукумат дар назди мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ғ. Мисол, дар ҷумҳурии Президентӣ Ҳукумат аз ҷониби Президент ташкил карда мешавад ва назди ӯ ҳисоботдиҳанда аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мафҳум ва намудҳои шаклҳои сохти давлатӣ. Шакли сохтори давлатӣ аз тарзи ташкили сохтори маъмурӣ ҳудудии ҳокимияти давлатӣ маншаъ мегирад. Дар он диққати асосӣ ба мақоми ҳуқуқии қисмҳои таркибии воҳидҳои марзӣ ва муносибати тарафайни онҳо дода шудааст. Унитарӣ ин навъи давлатест, ки давлат аз сохторҳо ва воҳидҳои маъмурӣ марзии ягона ва марказонидашуда иборат аст.  Давлатҳои унитарӣ ин давлатҳои аз назари сохтори маъмурӣ ва марзӣ ягона буда дорои як Конститутсия як мақомоти иҷроияи марказонидашуда ва як ҳокимияти намояндагии марказонида шуда мебошад. Шаҳрвандии ягонаро дорад. Мисол, Тоҷикистон, Қирғизистон ва ғ. Федеративӣ шакли мураккаби давлатдорист, ки дар дохили воҳидҳои сохторӣ ва маъмурии давлат мавҷудияти сохторҳои нисбатан мустақили воҳидҳои марзӣ маъмуриро дар паҳнои халқият ва миллатҳои мухталиф имконпазир медонад. Дар федератсия дар заминаи халқиятҳои мухталиф субектҳои нимамсутақили сиёсӣ чун автономияҳо ва штатҳо бо конститутсия ва сохторҳои мустақил доро мебошад. Шаҳрвандии ягонаро дорад.

Мисол, Федератсияи Россия, ИМА. Конфедеративӣ бошад ин шакли мураккаби ташкили ҳокимияти марзию маъмурист, ки дар он субъектони мустақили ҳокимияти давлатӣ бо нишонаҳои нимамустақили давлат мавҷуд аст. Ин шакли давлатдорӣ муваққатӣ буда, дар асоси шартнома ва созишномаҳо пайдо шуда пас аз мӯҳлате ё ба навъи федеративӣ ва табдил меёбад ва ё пароканда мешавад. Мисол ИДМ.


Нишонаҳои давлат


Мафхум ва намудхои шаклхои сохти давлати, Шаклхои давлат ва намудхои он, шакли идораи давлати, сохтори давлати ва режими сиёси.

ҚаблӣМоҳияти давлат ва ҳуқуқ, функсияхои давлат ва хукук
БаъдӣҶомеаи шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ