Барои ба найча печондани ришта дар мошини дарздӯзӣ механизмҳои махсус – риштапечонак ва риштарангкунак мавҷуданд. Риштапечонак дар дастаи (1) мошин, дар назди гардона ҷойгир аст.
Риштарангкунак (2) дар платформаи мошин ҷойгир карда шудааст. Риштапуркунак меҳварест (5), ки ба он втулка гузошта шудааст. Дар тарафи рости меҳвар чархи доирашакл мавҷуд аст, ба гирди он чархи резинӣ (6) гузошта шудааст. Дар кунҷи чап пайвандак мавҷуд аст. Пайвандак ба фишанг (8) васл карда шудааст. Барои ба ҳолати зарурӣ маҳкам кардани меҳвар забонак (9) мавҷуд аст. Барои ҳамвор печонидани ришта забонакро (1) истифода мебаранд.
Риштарангкунак аз ду шайбаи тарангкунанда, ки ба платформа маҳкам карда шудааст ва меҳвар барои ғалтак иборат аст.

1- риштапечонак
2- ритатарангкунак
3- меҳвари ғалтак

Супориш
- Расми найчаи риштапечонакро аз назар гузаронед ва қисмҳои онро дар мошинаи дарздӯзӣ нишон диҳед?
- 2. Пайиҳам пур кардани риштаро ба найча нишон диҳед? Машқи риштапечониро дар синфи 5-ум иҷро карда будед, қоидаҳояшро медонед. Онро иҷро кунед.