Шеърхо дар васфи зиндаги аз ин мақола дарёфт кунед. Якчанд шеър бо забони точики >>
Зиндагӣ! Бо гарму сардат гарму сарде доштем,
Ҳамнабарди ҳар набарди ту набарде доштем!
Дар баҳористони шодият баҳорафшон шудем,
Бо хазонрези замонат ранги зарде доштем.
Шеваи озодмардии туро омўхтем,
Гуфтугў ҳарчанд бо номарду марде доштем.
Давоми матн пас аз блоки реклама
Рўзу шабро дар хаёли равшанӣ барҳам задем,
К-офтобу моҳтоби раҳнаварде доштем.
Қисмат аз сар созҳои якнавозе менавохт,
Рўи ҳар як пардаи он коркарде доштем.
Сад ҳазорон шукр аз як синаи беморбахт,
Сад ҳазори дигар аз сад гуна дарде доштем.
Бо ҳама бешу ками айём ҳамчун Озарахш,
Дар китоби шеъри фардо байти фарде доштем.
Озарахш
шеър дар бораи зиндаги шеър дар васфи зиндаги шеър