Амир ва мори сиёҳ (Ҳикоя аз «Тӯтинома»)

Рӯзе амире ба шикор рафт. Ногоҳ море тарсон пеши ӯ расид ва гуфт:

«Эй амир, маро ҷой бидеҳ, ки пинҳон шавам».

Амир гуфт:

«Чаро тарсон ҳастӣ?»

Мор гуфт, ки душман барои куштани ман чӯбе гирифта, дунболи ман меояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Амир бар мор раҳм намуд ва дар остини худ ӯро ҷой дод. Мор дар остини амир пинҳон шуд. Баъди як лаҳза марде бо чӯб ба он ҷо расид, гуфт, ки мори сиёҳ аз пеши ман гурехта омадааст, ин ҷо касе ӯро дидааст?

Амир гуфт:

«Не».

Он мард бар чап ва рост назар кард, морро надид, роҳи худ пеш гирифт.

Амир гуфт:

«Эй мор, душмани ту рафт, акнун ту низ роҳи худ пеш гир».

Мор гуфт, ки туро хоҳам газид ва хоҳам кушт, баъд аз он хоҳам рафт. Намедонӣ, ки ман душмани туам. Ту сахт аҳмақ ҳастӣ, ки бар ман эътимод кардӣ ва раҳм намудӣ, маро ба остини худ ҷой додӣ.

Амир гуфт:

«Эй мор, ба ту некӣ кардаам, чаро бо ман бадӣ кардан мехоҳӣ?»

Мор гуфт:

«Хирадмандон гуфтаанд, ки бо ҳар кас некӣ кардан хуб нест».

Амир дар дили худ тарсид ва пушаймон гардид ва дар дили худ андешид, ки алҳол чӣ гуна аз дасти ӯ ҷон бадар барам ва инро аз остин берун кунам? Чустӣ ба кор бурд ва морро гуфт:

 «Эй мор, море дигар меояд. Ману ту ин сухан пеши ин мор изҳор кунем. Агар ин сухани ту писанд кунад, пас ҳар чӣ хоҳӣ, бо ман бикун».

Мор чун рӯйи худ гардонид ва ба тарафи мори дигар дид, филҳол амир фурсат ёфта, санге ба сараш зад ва онро кушт.

Инчунин хонед, зиндагиномаи Зиёуддини Нахшабӣ

Зиёуддини Нахшабӣ

Нӯшервон ва ободии мулк (ҳикоя)


Амир ва мори сиёх (Хикоя аз «Тутинома»), хикояхои точики, афсонаи точики.

ҚаблӣЗиёуддини Нахшабӣ
БаъдӣИбни Ямини Фарюмадӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед