Шеър дар бораи ВАХДАТ

Якчанд шеър дар васфи Вахдат дар сомонаи www.DONISHJU.net хонед, дӯстон. Вахдат шеър, Ваҳдат шеър иншо>>


Суруди ВАҲДАТ

Тоҷикему якдилу ҷонем,
Партави* як субҳи тобонем.
Шуълаи як моҳи шомафрӯз*,
Нури як хуршеди тобонем.

Ваҳдати мо – иқтидори* мо,
Ваҳдати мо – ифтихори мо.

душанбе таджикистан музей

Ҳамватан ҳастему хурсандем,
Ҳамтанему решапайвандем*.
Бо тамоми мардуми дунё
Ҳамдаму ғамхору дилбандем*.

Ваҳдати мо – иқтидори мо,
Ваҳдати мо – ифтихори мо.

Тоҷикистон, хоки аҷдодӣ*,
Марзи бахту кишвари шодӣ,
Аз парешонӣ ту эмин бош
Дар қабои* сабзи озодӣ.

Ваҳдати мо – иқтидори мо,
Ваҳдати мо – ифтихори мо.

Сайидалӣ Маъмур

Ваҳдат — пояи хушбахтӣ ва рушди миллат!


  • партав – нур
  • ваҳдат – ягонагӣ, муттаҳидӣ
  • хоки аҷдодӣ – замини бобоён, гузаштагони мо
  • моҳи шомафрӯз – моҳе, ки шабро равшан мекунад
  • иқтидор – қувват; тавоноӣ
  • дилбанд – маҳбуб, азиз, меҳрубон
  • қабо – як навъ либоси рӯйпӯши дарози пешкушода; ҷома, ҷелак

шеър дар бораи вахдат, шеър дар васфи сулху вахдат

ҚаблӣШеър дар бораи МАРД
БаъдӣШеър дар бораи гариби

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед