Тутинома (маълумот)

Дар ин мацола маълумоти муфассал дар бораи Тутинома оварда мешавад. Тутинома бо забони точики >>

Тутинома бо забони точики картинка

«ТӮТИНОМА» унвони як силсила маҷмӯаҳои мансуру манзуми адабиёти форс-тоҷик аст, ки ҳикоятҳояш аз забони тӯтӣ нақл шудаанд. Маъхази он «Шукасаптати» («Ҳафтод ҳикояти тӯтӣ») ном маҷмӯаи ҳикояҳои ба забони санскрит таълифёфта мебошад. Нахустин асари дар пайравии «Тутинома»-и ҳиндӣ навишташуда «Ҷавоҳир-ул-асмор»-и Имод ибни Муҳаммади Наарӣ (асри 14) мебошад. Як силсила ҳикоятҳои он аз дигар китобҳои ҳиндӣ гирифта шудаанд. Онро Зиёуддини Нахшабӣ дар алоқамандӣ бо маъхазҳои ҳиндияш аз нав таҳрир намуд. Ӯ ҳикоятҳоро ба тартиби муайян даровард, онҳоро кӯтоҳ намуд ва суханпардозиҳои тӯлонию такрорҳои беҳуда ва шумораи ояту ҳадисҳо ва таъбирҳои арабии онро кам кард. Ӯ ба ҷои ашъори шоирони дигар шеърҳои худро ҷойгир намуда, ҳикоятҳои қабеҳашро дигар кардааст.

«Тутинома»-и Нахшабӣ бо усули «ҳикоят андар ҳикоят» навишта шудааст. Он аз забони тӯтии Маймун ном бозаргоне ба зани ӯ нақл мешавад ва зани дилбохтаи бозаргонро то аз мусофират баргаштани шавҳараш дар хона нигоҳ медорад. «Тутинома»-и Нахшабӣ чанд бор таҳриру тарҷума шудааст. Абулфазл ибни Муборак «Тутинома»-и Нахшабиро аз ҷиҳати тарзи баён таҳрир (соддатар) карда, ҳаҷми онро то андозае мухтасар намудааст. Асрҳои 17—18 «Тутинома» тавассути шоирони форсизабони Ҳиндустон Ҳамиди Лоҳурӣ ва Мир Наҷмуддин ду дафъа ба риштаи назм кашида шудааст. «Тутинома» ба бисёр забонҳои халқҳои Шарқ, аз ҷумла, ба забонҳои даканӣ, ҳиндӣ, туркӣ, тоторӣ ва ӯзбакӣ тарҷума шудааст. «Тутинома»-и Зиёуддини Наҳшабӣ ба забони русӣ (1979) ва якчанд ҳикоятҳояш ба забонҳои англисӣ, немиси ва италиявӣ тарҷума ва нашр гардидааст.

Аз таҳрирҳои «Тутинома»-и Нахшабӣ машҳуртаринаш «Тутинома»-и насрии тоҷикии Муҳаммад Худованди Қодирист (асри 18).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Он дар баъзе донишкадаҳои олии мамлакатҳои Европа чун китоби хониш истифода шуда, матнаш дар Ҳиндустон, Осиёи Миёна, Эрон ва Европа борҳо ба табъ расидааст.

Аз «Тутинома»-ҳои Нахшабию Қодирӣ чанде аз ҳакоятҳо ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ мунташир гардидаанд.

Нашр: Зийа ад-Дин Нахшаби. Книга попугая (Тути-наме), Москва, 1979.

Адабиёт: Алимардонов А., Зиёуддини Нахшабӣ ва «Тӯтинома»-и ӯ, Душанбе, 1980.

ҚаблӣШаб ба хайр, эй ҳамнишинон, шаб ба хайр! (шеъри пурра)
БаъдӣАмир ва мори сиёҳ – хикоя аз Тутинома