Модарам мегуфт доим вақти хоб (шеър, насиҳати МОДАР)

НАСИҲАТИ МОДАР. Модарам мегуфт доим вакти хоб. Насихати модар.

Модарам мегуфт доим вақти хоб:
«Хоб кун, албатта, бо паҳлуи рост!

Он ҳама коре, ки ният мекунӣ,
Сар бикун бо қувваи бозуи рост.

Нонро доим ба дасти рост гир,
Пӯш аввал остини ростро,

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Гар бибандӣ аҳд, дасти рост деҳ,
Дасти чап не хайр дорад, не бақо».

Хурд будам, бехабар будам ҳанӯз:
Фарқ байни дасти чаппу рост чист?

Хоб кардан, сер будан муддао,
Муддао дар дасти чаппу рост нест.

Баъд фаҳмидам, муроди модарам
З-ин насиҳатҳош дигар будааст:

Бо чунин панду насиҳатҳо ба ман
Ростиро тарбият бинмудааст.

1960 Лоиқ

ҚаблӣҚадри модар (Кадри модар, иншо-эссе)
БаъдӣДасти дуои модар (шеъри пурра)