Шеърхо аз Шоира Рахимчон

Дар ин саҳифа якчанд шеър аз Шоира Раҳимҷон оварда мешавад. Шеърҳои мазкур аз саҳифаи худи шоира бознашр мешаванд.

Шоира Раҳимҷон
Шоира Раҳимҷон, акс аз саҳифаи фейсбукии шоира

Таслим

Он қадар масти шаробам,
Ки ту дар мастии моӣ.
Он қадар сўхтаҷонам,
Ки надонӣ ба ниёзӣ , нафасӣ, ҳастии моӣ!
Он қадар қадди шамолам ба гумони ту, вале ҳадди насимам,
Ки дами рақс агар нек биёям,
Набарад пай зи паям панҷараву пардаи ту.
Ва ба фармони туям,
Ҳо,
Бишумор бардаи ту!!!


Боз баҳор мешавад,
Боз баҳори орзу.
Шеди тароватам кунад,
Пушти таронаҳо тулӯъ.

Боз баҳор мешавад,
Боз ба ҷӯй об равад.
Боз ба пуштаи танам,
Сабза ба шодӣ медамад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Боз баҳор мешавад,
Боз баҳори интизор.
Боз ба ёд мерасад,
Аҳди ману ҷафои ёр.


“Калиди бахтро аз мо гирифтанд”
Кулоҳу тахтро аз мо гирифтанд,
Шикастанду дариданду…билохир,
Дили садлахтро аз мо гирифтанд.


Эй бародар, аз даҳонат буйи баъди аз шароб
То ҳанӯз меояд охир лофи диндорӣ макун.

Дар ниҳодат деви пастӣ кушта раҳму оштӣ,
Дар азои нотавоният аламдорӣ макун.

Дер мефаҳмӣ чи кардӣ бо ҳамин ақли камат,
Бо ҳамин ақли камат азми ситамгорӣ макун.

Худ надонӣ фарқ байни дину ҳарфи бебақо,
Ҳарфи гуфтан гар надорӣ, ҳарза такрорӣ макун

Ин хурофот аст, динаш мешуморӣ то ҳанӯз,
Силаи раҳм аст хоҳар, саъйи беорӣ макун.

“Май бихӯр, мусҳаф бисӯзу оташ андар каъба зан,
Сокини майхона бошу мардумозорӣ макун”.


Калиди бахтро аз мо гирифтанд,
Кунун қулфи хамушӣ дар лабонам.
Наметонам бигӯям, менависам,
Ки хаста аз тамоми ину онам…


Ман киям? Ман ҳеҷ кас!
Ман киям? Як роҳ хас!

Беҳавас, беҳамнафас
Дар миёни ин қафас.

Тангу торик сарду шум
Гуми гумам, гуми гум!

Ту ки ҳастӣ? Беназир!
Як баҳори дилпазир

Як лабе аз харф пур
Нури нури нури нур!

Пас ту иниву ман он
Хокаму ту осмон

Алвидоъ, падруд, хайр!
Вақт поин шуд, хайр!

Ман дигар ту дигарӣ,
Шояд аз ман беҳтарӣ!

Ин шеър аз тарафи Меҳрнигори Рустам суруда шудааст:


ТУМОРИ РАДНОМА

Дарида аст номаам
Шикаста аст хомаам

Тумор гум кардаам
Тумори радномаам.

Тамоми ҷинси деву дад
Кунун асир мебарад

Маро зи куи боварӣ
Ба куҳи фикрҳои бад

Зи баъди тарси ин карат
Зи одамони бадсират

Имон оварам киро
Ба ҷуз яке,яке фақат?!

Фақат якест ёварам
Ба У имон биёварам

Барои Ӯ биёфарам
Таронаҳои боварам!


Ин ҷо ки ҳастии ману мо бас баҳонаист,
Пиндоштӣ, ки кори ҷаҳон ҷовидонаист?

Сад офарини ҷони мани ранҷдидае,
К-андар ҳарими хеш ҳанӯзам таронаист.

Таҳсин чу дар даҳони шумо зангбастааст,
Таҳқир аз забони шумо бекаронаист.

Ингуна аз нигоҳи ҳасудона хастаам ,
Бекина дар замона дигар дона-донаист!

То чанд қабза-қабза канӣ мӯйи ҳавсала,
В-он гаҳ гунаҳ ба гардани мо бори шонаист?!

То кай каломи шоири маддоҳи косалес,
Аҳсаншунав барои шумо шоиронаист.

Шоира сархати ҳама ҷоро магар гирифт?
Душман азо гирифтаву гуфто:”Расонаист”!


Боз ҳам ёд.

Инак…
Баъди ҳазорон имтиҳон охир,
Дар ин пайроҳаи тақдир.
Дар ин роҳе, ки бе ту хурдаам сад тир,
Ту аз ман меравӣ имрўз.
Наандешида бе ту мешавам маъюс,
Наяндешида бе ту мешавам дилгир.

Ту аз ман меравӣ эй он, ки қарни пеш рафтиву
Вале ҳолу ҳавои ту.
Вале фоли вафои ту,
Дурӯғ буду набудӣ аз барои ман,
Ту рафтиву кунун сар мезанад кори хатои ман.

Нафасро мебарӣ охир,
Ҳавасро мебарӣ охир.
Қанории хаёлат будаму, аммо
Қафасро мешканӣ охир.

Ту, эй девонаи дар нақши дил, эй вой,
Ту эй, ки синамои дил ҳамеша интихоби иштибоҳеро.
Ҳама ҳоли табоҳеро,
Ҳама андуҳу оҳеро.
Ҳама рўзи сиёҳеро,
Фақат аз нақши ту меҷўст.
Дар ин шаҳр аз ту бўе, нақши рў меҷўст,
Ва имдоде ба вақти гуфтугў меҷўст.

Ту аз ман меравӣ имрӯз?
Бирав, аммо дар он ғурбат,
Касе чун ман адоят нест.
Касе дар нимараҳ чун резаи ноне нахоҳад ҷуст, эй ғофил,
Турову чун гадоят нест.
Бирав, аммо бидон оворагӣ ҳаргиз,
Давои дур рафтан нест.
Ва ё мағрур рафтан нест,
Ба ин дард охири ман ё ту ҳаргиз то сукути гўр рафтан нест,
Нарав, охир намеёбӣ канори дигаре девонагӣ ҳаргиз!


Дигар ишора ба суи ту метавонам кард?
Ки ту ягона касӣ?
Ҳама ангуштҳои ман монда
Ба зери чарх инак
Бигу ангушти ишорат ба куҷост?
Ки Худоро ба ҳамон ангуште ба ту оштӣ додам
Дигар ангушт надорам ки Худоро ба ту ошноӣ кунам.
Ва надорам ангушт ки дигар чаллаи зебои туро.
Ба намоиш бикашам.
Ҷуз ҳамин дил ки варо чархи ҷафо тика намуд.
Дигар эъҷоз надорам ҳамаро
Ба ҳамоиш бикашам.

Ба ҳавасҳои дилам механдад,
Кудаки вақт,ки дер омадаам.
Паси ин чодари тасмим, ки бихоҳам бинишинам акнун
Сер,сер омадаам.
Сер аз ранги ҳавас
Сер аз лаззати омодакабобе зи магас…

Туй дорам.
Ҳамагӣ мерақсанд,
Тухфаҳо меоранд.
Он яке руи табак чеҳраи манфур аҷаб
Дигаре чеҳра ба пинҳони ниқоби оҳу.
Он яке дар дили коса асали заҳрқатӣ
Дигаре мегазадам чун ору.
Он яке халтаи лутфаш ба сари души шаётин бор аст
Ва ба рақси нигаҳаш мегуяд:
“Фурсати умр хамин микдор аст”!


Ёдовар мешавем, ки ашъори мазкур аз Шоира Раҳимҷон буд, ки аз саҳифаи фейсбукиашон бознашр шудаанд.

Бо мо бошед, беҳтарин маводро мутолиа намоед!

ҚаблӣИди Навруз дар Тоҷикистон
БаъдӣИсёни Муканнаъ (Нехзати Муканнаъ)