Ихтисорахо (дар забони точики).
Ихтисораҳо калимаҳо ва ибораҳои кӯтоҳшудаанд. Дар забони тоҷикӣ ду навъи ихтисораҳо истифода мешаванд: 1.Ихтисораҳои забони русӣ: колхоз, совхоз. 2.Ихтисораҳои тоҷикӣ: ДАТ (Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон), ҶТ (Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар китобҳои дарсию асарҳои илмӣ бо мақсади сарфаҷӯӣ аз ихтисораҳо зиёд истифода мекунанд: С.А. –Садриддин Айнӣ, Ш.Р. –Шарофиддин Рустамов. Ихтисораҳое, ки аз ҳарфҳои аввали калимаю ибораҳо сохта шудаанд, бо ҳарфи калон навишта мешаванд: АИ (Академияи илмҳо). |
Машқи 357. Исмҳоро бодиққат хонда, шакли кӯтоҳи калимаҳои ишорашударо нависед. Намуна: ҶТ –Ҷумҳурии Тоҷикистон.
1.Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз канданиҳои зеризаминӣ бой аст. 2. Баҳодур бо мақсади такмили дониш ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард.
Машқи 358. Шакли пурраи ихтисораҳои зерро нависед: ДМТ, СММ, ИМА, ШКД…