Сохт ва вазифаҳои эритротситҳо

Сохт ва вазифахои эритротситхо.


Вазифаи асосии эритротситҳо аз узви нафаскашӣ ба тамоми ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои организм кашонидани оксиген мебошад. Инчунин, эритротситҳо дар дур кардани гази дуоксиди карбонат аз бофтаҳо иштирок мекунанд (расми 41).

 Ҳуҷайраҳои хун
Расми 41. Ҳуҷайраҳои хун

Дар таркиби эритротситҳо гемоглобин мавҷуд аст ва сурхии хун ба он вобаста мебошад. Барои ҳамин эритротситҳоро ҳуҷайраҳои сурхи хун меноманд. Гемоглобин дар навбати худ аз ду қисм: сафедавӣ «глобин» ва ғайрисафедавӣ «гемм» иборат аст (расми 42).

Гемоглобин дар шуш ба осонӣ бо оксиген пайваст мешавад ва ранги ин хун сурхи равшан аст, хуни венагӣ дорои гази карбон мебошад, бинобар ин, рангаш сурхи хира мешавад. Эритроситҳои хуни одам аз ду тараф фурӯхамида ё яктарафа барҷаста мешаванд.

Эритроситҳои одам андозаи на он қадар калон дошта, ба 7,5-8 мкм баробаранд. Миқдори Эритротситҳо дар 1 мм3 ё 1 микролитр хун ба ҳисоби миёна 4,55 миллионро ташкил медиҳад. эритроситҳо дар мағзи сурхи устухон ҳосил шуда, қариб 120 рӯз умр мебинанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Эритротситҳо дар испурч ва ҷигар захира мешаванд ва дар ҳолати кам шудани миқдори хун дар организм аз ин узвҳо хун тавассути роҳҳои умумии хунгард ба организм дода мешавад (расми 42).

Эритротсит бо забони точики / тоҷикӣ, картинка
Расми 42. Эритротсит

Мавзӯи пурра >>

Эритротситҳо ва хунгузаронӣ

ҚаблӣЭритротситҳо ва хунгузаронӣ
БаъдӣКамхунӣ