Шеърхо аз устод Фарзона

Шеърҳои Фарзона шеърхо. Шеърҳо аз устод Фарзона. Шеър Фарзона.

Шоира Фарзона
Устод Фарзона (шоир)

Бо ин ҳама тағйир, ки дар даври қамар шуд,
Хуршед дигар, моҳ дигар, чарх дигар шуд.

На, на, маҳу хуршед ҳамонанд, ки буданд,
Дар чашми ману чашми ту тағйири назар шуд.

Гуфтӣ, ки ҷавонӣ паси сар шуд, дигар, афсўс,
Бар ман паси сар шуд, ба ту, сад шукр, ки сар шуд.

Беҷон шудам аз ваҳм замоне, ки ба гўшам
Аз шарфаи пои Малакулмавт хабар шуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз ҷониби ту муждаи милоди нав омад,
Пажмурдагули парфиканам ғунчаи тар шуд.

Як бори дигар ҷони қадим оби бақо хўрд,
Як бори дигар нахли куҳан тозасамар шуд.

Барномаи навро бидеҳ оғози муборак,
Бархез зи хоби абад, эй дил, ки саҳар шуд.


Аз қолабам барояму хоҳам, ки ҷон шавам,
Ворастатар зи қофилаи лӯлиён шавам.

Хуршед хомӯш аст бад-он сурхии забон,
Ман ҳарфи ӯ бигӯяму ӯро забон шавам.

Оинаам, ки байни туву ту нишастаам,
Бигзор, то ҳамеша чунин тарҷумон шавам.

То ҳамчу най зи мағзи ҷигар нола даркашам,
Бояд зи пӯст бигзараму устухон шавам.

Гоҳе бақостам, гаҳи дигар фаностам,
Гоҳе якин шавам, гаҳи дигар гумон шавам.

Бар қасди пирзоли сияҳкинаи қазо
Ин умри панҷрўза туро меҳрубон шавам.

Ман орзуи даргузаре нестам, бимон,
То дар дили ту занг занам, ормон шавам.

Рӯзе маро ба рӯи кафат гиру сура хон,
То аз садаф барояму луълӯи ҷон шавам.


Эй дил, баро аз баҳри ғам, як омадан, як рафтан аст,
Парво накун аз бешу кам, як омадан, як рафтан аст.

Фикри ту гардон мекунад нуҳ гунбади афлокро,
Берун шав аз фикри дирам, як омадан, як рафтан аст.

Бе як тамошо меравад, бе як таҷалло меравад
Ин лаҳзаҳои муғтанам, як омадан, як рафтан аст.

Таркам макун то ҷовидон, эй зинату орои ҷон,
Эй орзуи муҳташам, як омадан, як рафтан аст.

Ваҳйе, ки ояд аз баҳор моро ба ҷони интизор
Вопас бихонад аз адам, як омадан, як рафтан аст.

Карданд дар пиндори ман тасбеҳу зуннор оштӣ,
Якто бишуд дайру ҳарам, як омадан, як рафтан аст.

Ховар бишуд афрангноз, Афранг шуд ховарнавоз,
Ҳамдам шуданду ҳамқадам, як омадан як рафтан аст.

Бар ҳурмати шамсу қамар, бар дӯстдории башар
Ман додаам қавлу қасам, як омадан, як рафтан аст.

Номи муҳаббат аз азал чун зиндагии беаҷал,
Дар қисмати ман шуд рақам, як омадан, як рафтан аст.

ҚаблӣХуш омади, шеъри ошикона
БаъдӣМушоираи Орзу Исо бо Шоираи Раҳимҷон