Тести санҷишӣ аз фанни информатика – технологияи иттилоотӣ (синфи 7)
- Технологияи иттилоотӣ – илм дар бораи … мебошад.
- а) ҷобаҷогузории иттилоот дар барандагони техникӣ;
- б) иттилоот ва тарзҳои нигаҳдории он;
- в) хосиятҳову тарзҳои тасвиркунӣ, усулу воситаҳои ғункунӣ, қабулкунӣ, нигаҳдорӣ, табдил, ирсол, сабт ва истифодаи иттилоот бо истифода аз техникаи компютерӣ (*);
- г) татбиқи компютер дар раванди таълим.
- Каналҳои алоқаи телефонӣ, нурӣ-нахӣ, маснӯӣ имконият медиҳанд, ки…
- а) иттилоот ҳифз карда шавад;
- б) иттилоот ирсол карда шавад (*);
- в) иттилоот табдил дода шавад;
- г) иттилоот эҷод карда шавад.
- Умумияти мошини Беббиҷ, компютерҳои замонавӣ ва тафаккури инсон аз қобилияти коркарди …. онҳо иборат аст.
- а) иттилооти рақамии (*);
- б) иттилооти матнии;
- в) иттилооти садоии;
- г) иттилооти графикии.
- Иттилоот бо чӣ чен карда мешавад?
- а) килобут;
- б) байт (*);
- в) километр;
- г) мегадрайв.
- Кадомаш воҳиди ченаки иттилоот нест?
- а) бит;
- б) байт;
- в) Кбайт;
- г) бод (*).
- Воҳиди ченаки хурдтарини иттилоот кадом аст?
- а) байт;
- б) мегагертс;
- в) бит (*);
- г) килобайт.
- Бит чиро ифода мекунад?
- а) адади даҳиро;
- б) адади ҳаштиро;
- в) адади шонздаҳиро;
- г) адади дуии 0 ё 1-ро (*).
- Ҳангоми ҷудокунии объект кадом амал истифода мешавад?
- а) F8;
- б) NumLock;
- в) пахши дукаратаи тугмаи чапи муш;
- г) пахши тугмаи чапи муш (*).
- Пахши тугмаи рости муш чиро амалӣ менамояд?
- а) барномаро ба кор медарорад;
- б) менюи контекстиро мекушояд (*);
- в) банди менюро интихоб мекунад;
- г) вазифаи тугмаи Enter-ро иваз мекунад.
- Компютер чиро коркард мекунад?
- а) мафҳумҳои абстрактиро;
- б) иттилоотро (*);
- в) танҳо калимаҳои англисиро;
- г) рақамҳо, аломатҳо, иероглифҳоро.
- Вазифаи сафҳакалид аз чӣ иборат аст?
- а) аз дохилкунии матн ва фармонҳо (*);
- б) аз такягоҳи дасти корбар будан;
- в) аз дохилкунии дискҳо;
- г) аз дохилкунии ҷузвдонҳо.
- Windows чист?
- а) барномаи графикӣ;
- б) системаи амалиётӣ (*);
- в) виройишгари матнӣ;
- в) ҷадвали электронӣ.
- Замимаҳои Windows кадомҳоянд?
- а) ҷузвҳои Windows;
- б) барномаҳои DOS;
- в) санадҳои Windows;
- г) калкулятор, блокнот, виройишгари графикии Paint (*).
- Чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст, ки барнома фаъол аст?
- а) тугмаҳои Alt+F4-ро пахш кардан лозим аст;
- б) ба лавҳаи масъалаҳо назар кардан лозим аст (*);
- в) ба бандҳои менюи «Оғоз» назар кардан лозим аст;
- г) ба соати системавии экран назар кардан лозим аст.
15. Манипулятори «муш» таҷҳизоти:
- а) робитасози чопгар бо компютер аст;
- б) дохилкунии иттилоот ва фармонҳост (*);
- в) модулятсия ва демодулятсия аст;
- г) ҳисобкунаки иттилоот аст.
- Ҳангоми қатъи кори компютер иттилооти кадом хотира ҳазф мешавад?
- а) компакт-диск;
- б) хотираи доимӣ;
- в) диски магнитӣ;
- г) хотираи фаврӣ (*).
- Парванда чист?
- а) воҳиди иттилоотии одитарин, ки аз пайдарпайии байтҳо иборат аст ва номи нотакрор дорад (*);
- б) маҷмӯи тағйирёбандаҳои индексдор;
- в) навъи объект;
- г) маҷмӯи далелу қоидаҳо.
- Системаи амалиётӣ чист?
- а) муҳити барномавиест, ки интерфейси истифодабарандаро муайян мекунад (*);
- б) системаи барномасозии сатҳи паст;
- в) барномаи ҳазфи вирусҳои компютерӣ;
- г) маҷмӯи барномаҳои санадсоз.
- Парвандаи фишурда кадом аст?
- а) парвандае, ки бо ёрии бойгонисоз сара карда шудааст (*);
- б) парвандае, ки бо вируси компютерӣ сироят ёфтааст;
- в) парвандае, ки аз дастрасии беиҷозат ҳифз шудааст;
- г) парвандае, ки дер боз истифода нашудааст.
- Парвандаи фишурда аз ҳолати аввалааш бо чӣ фарқ мекунад?
- а) вай аз дастрасии беиҷозат осонтар ҳифз мешавад;
- б) дастрасӣ ба вай вақти камтарро талаб мекунад;
- в) вай аз вирусҳо ҳарос надорад;
- г) вай ҷойи камтарро ишғол менамояд (*).
- Пайдарпайии дастурҳои барои компютер фаҳмо чӣ ном дорад?
- а) парванда;
- б) ҷузвдон;
- в) санад;
- г) барнома (*).
- Бо ёрии кадом таҷҳизот иттилоот коркард мегардад?
- а) сафҳакалид;
- б) сканер;
- в) протсессор (*);
- г) монитор.
- Барномаҳои махсуси халалрасон чӣ ном доранд?
- а) барномаҳои татбиқӣ;
- б) вирусҳои компютерӣ (*);
- в) барномаҳои корӣ;
- г) барномаҳои стандартӣ.
- Диапазони А1:В3 дар ҷадвали электронӣ чанд катакро дар бар мегирад?
- а) 6 (*);
- б) 5;
- в) 4;
- г) 3.
Эзоҳ: Ҷавобҳои дуруст бо аломати ситорача (*) ишорат карда шудаанд.
Давоми матн пас аз блоки реклама