Шеъри рудакивор

Шеъри рудакивореро, ки сурудани онро маликушшуарои дарбори Ғазнавиён ва шоири тавонои нимаи аввали асри XI Унсурӣ орзу намудаасту бо вуҷуди кӯшишаш натавониста будааст, чӣ шеърест ва чӣ хусусиятҳое дорад?

Ғазал рӯдакивор неку бувад,
Ғазалҳои ман рӯдакивор нест.
Агарчи бикӯшам ба борик ваҳм,
Бад-ин пардаандар маро бор нест.

Дуруст аст, ки Унсурӣ танҳо аз ғазали рӯдакивор ёд овардааст, на аз навъҳои дигари шеъри ӯ, мисли қасида, қитъа, рубоӣ, маснавӣ ва ғ., вале, тавре ки маълум шуд, Рӯдакӣ на танҳо ғазалро, балки тамоми навъҳои дигари шеъриро низ рӯдакивор гуфтааст.

Шеъри Рӯдакӣ ё шеъри рӯдакивор се хусусияти барҷаста дорад. Яке он аст, ки дар он ҳама чиз – муҳтаво, забон, луғат, баён, сабк, воситаҳои тасвир – сода, муқаррарӣ, рӯзмарра, ҳамагонӣ, заминӣ, ошно, табиӣ ва осон мебошад. Дар он чизе, ки ноошно, ношинос, хаёлӣ, бофта, сунъӣ, ғайримуқаррарӣ, ғайритабиӣ, душвор, нестандарҷаҳон бошад, вуҷуд надорад. Ва ин вижагӣ танҳо хоси қисме, гурӯҳе, миқдоре аз шеърҳои шоир ва ё навъе аз навъҳои он, барои мисол ғазал ё қасида ё қитъа ё рубоиёти ӯ нест, балки ба тамоми мероси ӯ, бидуни истисно, хос мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шоирони гузашта ва имрӯза аз бӯқаламуниҳои ҷаҳон ё дунё бисёр сухан гуфтаанд. Рӯдакӣ ин маънии ҷиддӣ ва дарднокро ба таври хеле сода, лекин хеле барҷаста баён намудааст:

Ҷаҳоно, чунинӣ ту бо баччагон,
Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модандаро!

***

Ҷуз ба модандар намонад ин ҷаҳони гурбарӯй,
Бо писандар кина дорад ҳамчу бо духтандаро.

Чунин ташбеҳи заминӣ, гӯёву расо ва хоно дар шеъри шоирони пеш аз Рӯдакӣ ва пас аз ӯ мавҷуд нест. Танҳо Ҳофизи бузургвор тавонистааст пас аз устоди Панҷрӯдӣ ва бо такя бар маънию тасвирҳои вай бигӯяд, ки даҳр (дунё, ҷаҳон) аҷузаи ҳазордомод аст дар бевафоӣ ва нопойдорӣ.

Рӯдакӣ дар ҷои дигаре ҷаҳонро ба нағил, ки имрӯз “оғил”-аш мегӯем, монанд карда, одамонро ба гӯсфандон ташбеҳ додааст ва бо ҳамин содагии тасвиру баён ба гузаранда будани умр ва миранда будани инсон ишора намудааст, ки дар зоти худ нотакрор аст:

Гӯспандему ҷаҳон ҳаст ба кирдори нағил,
Чун гаҳи хоб бувад, сӯйи нағил бояд шуд!

Кашфи ба истилоҳ «асрори ҷаҳон» аз мавзӯъҳои мураккабтарини шеъри дирӯз ва имрӯз буду ҳаст. Вале шоир ин мураккабтарин мавзӯи шеъриро бо осонӣ ба қалам овардааст:

Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,
Он шиносад, дилш бедор аст.
Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,
Шодии ӯ ба ҷойи тимор аст.
Чӣ нишинӣ бадин ҷаҳон ҳамвор,
Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст?!
Куниши ӯ на хубу чеҳраш хуб,
Зишткирдору хубдидор аст.

Рӯдакӣ бо баёни содатарин маъниҳои шоиронаву бо истифодаи маъмултарин воситаҳои баёну тасвир ҳолати ошиқро ин тавр ба қалам овардааст:

Ҳанӯз бо манию аз ниҳеби рафтани ту

Ба рӯз вақт шуморам, ба шаб ситора шуморам.

Дар осори боқимондаи Рӯдакӣ калимаҳое ба назар мерасанд, ки барои хонандаи кунунӣ номафҳум мебошанд, мисли пӯпак (ҳудҳуд ё шонасарак), афшак (шабнам), полик (чорух), капт (занбӯр), ханур (хурма), ованг (ресмон), дева (кирми пилла), фағ (бут), кадӯх (гармоба), вотгар (пӯстиндӯз), фарғанд (зарпечак), пажованд (танба) ва ғ. Ҳамчунин баъзе мисраъ, байт ва пораҳое ҳам ҳастанд, ки ба сабабҳои гуногуне, аз ҷумла носаҳеҳии матн, номафҳумии ин ё он калима ва ё шакли нодурусти қироати он, номаълум будани ангезаи гуфта шудани он маънӣ ва тасвирҳо ва ғ. феълан маънидод кардани онҳо мушкил пеш меорад. Аммо ин ду чиз ба он чи гуфта шуд, ба ҳайси хусусияти аввали шеъри Рӯдакӣ зид нест, зеро он калимаву таъбирҳое, ки барои мо имрӯз пас аз ҳазору саду чанд сол ноошно менамоянд, дар замони шоир аз ҷумлаи луғатҳои маъмул ва барои ҳама ошно будаанд.

Дигар аз вижагии хоси шеъри Рӯдакӣ ин аст, ки дар он ҳама чиз – муҳтаво, забон, луғат, баён, сабк, воситаҳои тасвир тозаву тар, нав, бикр, обнахӯрдаву обнарасида мебошад. Чанд мисол барои тасдиқи наву тару тоза будани маънию тасвирҳои шоиронаи шоир:

Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур
Чун панҷаи арӯси бо ҳинно шуда хузеб.

Лолаи шукуфтаи миёни кишт ба панҷаи ҳинобастаи арӯс ташбеҳ шудааст, ки ихтирои худи шоир буд.

Бунафшаҳои тарӣ хайл-хайл сар баркард,
Чу оташе, ки ба гӯгирд бардавид кабуд.

Ин ташбеҳ ҳам аз ҷумлаи ихтироъҳои худи адиб мебошад: монанд кардани бунафшаҳои навбаромад ба оташи кабудранге, ки вақти даргирондани гӯгирд боло мешавад.

Душманонро чу ҳомун (дашт) паст ва дар тазоди он дӯстонро чу гардун (осмон) воло (баланд) гуфтанро танҳо шоирони бузурге ҳамчанди Рӯдакӣ метавонанд, зеро чунин тасвирро ҳеч шоири қаторӣ ё беҳунаре нагуфтааст ва натавонад гуфт:

Чу ҳомун душманонат паст боданд,
Чу гардун дӯстон воло ҳама сол.

Севумин хусусияти барҷастаи шеъри Рӯдакӣ он аст, ки дар он ҳама чиз – муҳтаво, забон, луғат, баён, сабк, воситаҳои тасвир – ҳамзамон бо содаву осон ва тозаву тар будан олист, яъне, дар ҳадди камолу ҷамол ва дар таносуб ва ҳамбастагии комили лафзу маънист. Чунончи:

Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро,
Шикаста сунбули зулфи ту мушки сороро.
Қасам бар он дили оҳан хӯрам, ки аз сахтӣ
Ҳазор тарҳ ниҳодаст санги хороро.
Ки аз ту ҳеч мурувват тамаъ намедорам,
Ки кас надида зи сангиндилон мудороро.
Ҳазор бор худоро шафеъ меорам,
Вале чӣ суд, чу ту нашнавӣ «Худоро»ро?!
Ту Рӯдакӣ ба ғуломӣ қабул агар бикунӣ,
Ба бандагӣ написандад ҳазор Дороро.

Дар ин ғазал, ки аз намунаҳои аввалини ғазали форсии тоҷикист, сухан аз ёри зебову соҳибҷамол, вале сангиндилу беилтифот ва ошиқи меҳрубону хидматгузоре меравад, шоир тавонистааст, ки ин тазоди сирату сурати маъшуқа ва миёни ӯву ошиқро бо истифода аз маънию тасвирҳои муносиб, калимаву ашёву ҳолатҳои мутазод бозтоб диҳад. Вазну қофияе, ки шоир барои ифодаи ин маънӣ интихоб намудааст, ба ҳоли дили ғамгин ва оҳу нолаҳои пинҳонии ошиқ мувофиқати комил доранд. Агар қофияи ин ғазалро замзама кунед, он нолаҳоро хоҳед шунид.

 Ва мисоли дигаре аз ин қабил:

Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!
Зомада шодмон бибояд буд
В-аз гузашта накард бояд ёд.
Ману он ҷаъдмӯйи ғолиябӯй,
Ману он моҳрӯйи ҳурнажод.
Некбахт он касе, ки доду бихӯрд
Шӯрбахт он, ки нахӯрду надод.
Боду абр аст ин ҷаҳони фусӯс,
Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо, бод!
Шод будаст аз ин ҷаҳон ҳаргиз
Ҳеч кас, то аз ӯ ту бошӣ шод?!
Дод дидаст аз ӯ ба ҳеч сабаб
Ҳеч фарзона, то ту бинӣ дод?!

Тарғибу талқини шодбошию хушгузаронии умр, ки баъдан дар шеъри форсии тоҷикӣ ривоҷ мегирад, хосса дар рубоиёти Умари Хайём ва ғазалиёти риндонаи Ҳофизи Шерозӣ ва беҳтарин намунаҳои ин гуна шеър суруда мешаванд, бо он ҳама шеъри волои Рӯдакӣ ҳамчунон чун намунаи шеъри олӣ боқӣ мондааст. Шоир дар он чунон сухан мекунад ва далелҳое меорад, ки шунаванда ва ё хонандаи он бидуни чуну чаро ва фурсат хостан ба он мегаравад. Ҳар маънӣ, ҳар тасвир, ҳар калимаву ҳар таркибе, ки дар ин шеър ҳаст, тарғиб ва талқин мекунад, ки дар ин ҷаҳони гузарон бояд шод зист.

Ҳамин тавр, дар шеъри Рӯдакӣ, ин шоири оғозгари шеъри форсии тоҷикӣ, ҳама чиз – лафзу маънӣ, баён, тасвир, вазну қофия, таркибу таъбир, ба як сухан тору пуди шеър, монанди оби сарчашмаҳои зодгоҳаш поку беғаш, тару тоза, ноолуда, хуш ва писандида буда, аз ҳама гуна хасу хошок ва хоку гили суханбозию сухансозӣ, сохтакорию санъатороӣ, такаллуфу танофур, заъфи таълиф, ҳашв, сакта, мураккаботи лафзию маънавӣ, ки пасон дар адабиёти форсии тоҷикӣ маъмул мегарданд, дур мебошад.

Дар покию беғашӣ ба шеъри ноби устоди Панҷрӯдӣ танҳо метавон шеъри нобиғагоне, чун Фирдавсӣ, Хайём, Низомӣ, Ҳофиз, Гёте, Уитмен, Пушкин ва Есенинро монанд кард.

Инчунин хонед:

Аз ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед