Низомии Арӯзии Самарқандӣ

Низомии Арӯзии Самарқандӣ Аҳмад ном дошта, падару бобояш Умар ва Алӣ будаанд. Тахаллусаш Низомӣ. Лақабаш Арӯзӣ будааст. Самарқанд зодгоҳи ӯст. Аз рӯи анъанаи роиҷи замон, нисбаи ӯ Самарқандӣ шудааст. Тахмин меравад, ки шояд солҳои 475-80 ҳиҷрӣ (1086-91 мелодӣ) ба дунё омада бошад.

Ҷавони бисёр хушсалиқа, донишомӯз, хушзеҳне буд Аҳмад. Аз ин хотир, ба бисёре аз илмҳои фарогири ҳамон замон чун ҳисоб, ҳандаса, риёзӣ, нуҷум, кимиё, адаб ворид шуда буд. Ҳамон соле, ки Умари Хайём ба маркази илмию адабии Хуросон, яъне ба Балх омад (соли 506 ҳиҷрӣ – 1113 мелодӣ), Низомӣ худро ба дидори Хайём расонид. Он вақтҳо Хайём на чун шоир, балки чун ситорашинос, риёзидон, ҳаким маъруфият дошт. Ва азбаски Низомии Арӯзӣ ҳам ҳавасманди илмҳои табиӣ буд, Хайёмро чун устоди худ шинохт ва ба соли 530 ҳиҷрӣ (1135 милодӣ), вақте гузораш ба Нишопур афтод, оромгоҳи Ҳаким Хайёмро зиёрат намуд, дуои хайр кард ва қарзи шогирдиро ба ҷо овард.

Айёми ҷавонии Низомии Арӯзии Самарқандӣ ба як давраи пурфоҷиаи таърихии ҳаёти сиёсии Мовароуннаҳру Хуросон рост омад. Давлати абарқудрати Ғазнавиён ба сабаби истиқлолхоҳии шоҳону амиронаш ба парокандагӣ рӯ ниҳода буд. Туркҳои салҷуқӣ бо сарварии Султон Санҷар аз ҳокимияти Ғазнавиён саркашӣ карда, дар Марв маркази маъмурии худро бунёд сохтанд ва барои ба сари хоҷаҳои собиқашон  Ғазнавиён теғ кашидан омода шудан гирифтанд. Сарварони қабилаҳои парокандаи тоҷикони воҳаи Ғур (сарзамини кӯҳистони Бомиён ва водии Ҳарирӯд) дар Шимол то Каписову сарҳади Бадахшон ба зери ливои Қутбуддин Маҳмуди Ғурӣ иттифоқ оростанд ва талабу фармонҳои султон Масъуди Ғазнавиро напазируфтанд. Дар Са- марқанду Бухоро қарлуқҳои биёбонгарди кӯчии Қарохонӣ сар дароварданду даъвои ҳокимият карданд.

Дар ҳамин вазъияти парешонии мулку диёр Низомии Арӯзии Самарқандӣ сар ба ҳар дар мезад, то харидоре ёбад, ки ба туфайли илму донишаш ва ё ашъори шогирдонааш мояи зиндагӣ пайдо кунад. Наёфт. Ҳатто соли 510 ҳиҷрӣ (1117 мелодӣ) қасидаи мадҳияе навишта, худро ба дарбори Салҷуқиён, ба амирушшуарои ин дарбор Амир Муиззӣ муаррифӣ кард. Амир Муиззӣ ҳам ба гӯши ӯ насиҳати бисёре хонду аз дар ронд.

Дар тақдири баъдии Низомии Арӯзӣ пошхӯрии давлати Ғазнавиён ва дар охирҳои асри XI ба сари қудрат омадани ҳокимияти тоҷикони Ғур нақши муассире бозид. Низомии Арӯзӣ худро ба дабирии дарбори Ғуриён зад ва “Бандаи мухлис…чиҳилу панҷ сол то ба хидмати ин хонадон мавсум шуд”. Ва дар ҳамин ҷо тӯли 10 соли охири зиндагонӣ китобчаи ёддоштмонанде бо унвони “Чаҳор мақола” аз нӯги қалами ӯ рӯи коғаз рехт. Дар мақолаи якуми китоб сухан аз боби ҳунару истеъдоди дабирӣ (котибӣ) меравад, мақолаи дуюм ба масъалаи шеъру шоирӣ бахшида шудааст, илми нуҷум ва дониши омӯхтаи мунаҷҷим дар он илм мақолаи сеюми китобча аст. Мақолаи чаҳорум “Дар илми тиб ва ҳидояти табиб” ном дорад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Намунаҳо аз рубоиёт ва дубайтиҳои халқӣ


Зиндагиномаи/шархи холи Низомии Арузии Самарканди, Низоми Арузи Самарканди биография точики

ҚаблӣТашбеҳ (дар адабиёт)
БаъдӣМасъуди Саъди Салмон