Макоми Абуабдуллохи Рудаки дар адабиёт

Дар ин мақола макоми устод Абуабдуллохи Рудаки дар адабиёти точик оварда мешавад. Зиндагиномаи шоирро инҷо хонед: Зиндагиномаи Рӯдакӣ

МАҚОМИ ШОИР

Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ҳамасронаш ва адибони асрҳои баъдӣ ҳамчун «Одамушшуаро», «устод», «сари шоирон» ва «соҳибқирони шоирӣ» эътироф доштанд. Кисоии Марвазӣ (охири а. Х ва ибтидои а. ХI ) аз Рӯдакӣ ҳамчун «устоди шоирони ҷаҳон» ном бурдааст:

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Рӯдакӣ устоди шоирони ҷаҳон буд,
Садяк аз ӯ туӣ, Кисоӣ, яргист.

Рашидии Самарқандӣ (а. ХII) гуфтааст:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Низомии Арӯзии Самарқандӣ (а. ХII) ӯро ҳам «соҳибқирони шоирӣ» ва ҳам «устод» номидааст:

К-он кас шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон
Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.

Шуҳрати Рӯдакӣ на танҳо дар Самарқанду Бухоро – ду пойтахти Сомониён, балки тамоми Хуросони бузургро фаро гирифта буд. Шеъри ӯро дар ҳама ҷо замзама ва пайравӣ мекарданд, чунонки худ мегӯяд:

Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвашт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.

Самъонӣ (ваф. 1167) дар тазкирааш бо номи «Китоб-ул-ансоб» аз қавли Абулфазли Балъамии вазир овардааст, ки «Рӯдакиро дар Араб ва Аҷам монанд нест».

Пеш аз Рӯдакӣ ва дар замони ӯ шоироне, ки ба забони форсии дарӣ шеъри нағз менавиштанд, кам набуданд, баъзе аз онҳо соҳибдевон ҳам буданд, мисли Ҳанзалаи Бодғисӣ. Аммо аз гузаштагон ва аз ҳамзамонони Рӯдакӣ касе набуд, ки дар шеъру шоирӣ бо ӯ баробарӣ кунад. Хидмати бузурги ин шоир дар адабиёти тоҷик дар он аст, ки шеърро ҳам аз ҷиҳати лафз ва ҳам маънӣ ба ҳадди камолу ҷамол расонд ва самти инкишофи ояндаи онро барои садсолаҳо муайян намуд. Рӯдакӣ нахустин шоире буд, ки дар навъҳои гуногуни шеърӣ, аз қабили қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, маснавӣ ва дар мавзӯъҳои гуногуни шеърӣ – мадҳ, ишқ, хамрия, васф, марсия, ҳолия, панду ҳикмат, шиквоия ва ҳамосӣ асарҳое офарид, ки барои адибони баъдина аз давраҳои муаллиф то ба рӯзгори мо намунаи ибрат мебошанд. Барои ҳамин ҳам ӯро, барҳақ, падари адабиёти форсии дарӣ ё бунёдгузори он мешуморанд.

Инчунин хонед:

Шеърҳо аз эҷодиёти Абуабдуллохи Рудаки

ҚаблӣБофандаги – Хунархои мардуми
БаъдӣЧумлахои хуллас ва тафсилӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед