Шуриши Восеъ. Ҷунбишҳои мардумӣ дар солҳои 80-уми асри XIX

Ҷунбишҳои мардумӣ дар кишвари Туркистон. Ба зери тасарруфи Русия гузаштани Осиёи Миёна аҳволи мардумро чандон беҳтар накард. Инкишофи муносибатҳои молию пулӣ қисми деҳқонон, махсусан косибон ва ҳунармандонро хонахароб намуд. Худсариҳои ҳокимони маҳаллӣ ҳадду канор надошт. Истеҳсолкунандагон ҳарҷанд маҳсулоти зиёд ба даст дароранд ҳам, вале он бо роҳҳои гуногун: ба воситаи андозҳо, баргардонидани қарз ва ғайра насиби ҳаннотон мегардид. Бинобар ин халқи мазлуми меҳнаткаш ба душвориҳои давр тоб наоварда, ба мубориза бармехест.

Баъди дар қисми сарзамини Осиёи Миёна – кишвари Туркистон ҷорӣ гардидани ҳукуматдории бевоситаи Русияи подшоҳӣ, аллакай соли 1872 дар соҳили Қарасуи уезди Тошкент ва дар Хуҷанд, соли 1873 дар Пошӣ ном деҳаи Ӯротеппа, соли 1875 дар худи Ӯротеппа, соли 1880 боз дар Хуҷанду Ӯротеппа ва дигар ҷойҳо ҷунбишу шӯришҳои халқӣ ба вуқӯъ омадаанд. Бояд ба инобат гирифт, ки аллакай дар солҳои 80-уми асри Х1Х дар кишвари Туркистон аввалин баромади коргарон ба амал омадааст. Ин баромади соли 1885 дар кони ангишти Заврон-Киштутӣ волости Панҷакент (тобеи уезди Самарқанд) мебошад, ки дар он тақрибан 80 нафар коргарон кор мекарданд.

Ҷунбишҳои мардумӣ дар аморати Бухоро. Шӯриши Восеъ. Аҳволи халқи меҳнаткаш дар аморати Бухоро боз ҳам вазнинтар ва худсарии ҳукуматдорони маҳаллӣ зиёдтар буд. Маҳз чунин ҳолат соли 1871 боиси шӯришҳои халқӣ дар бекигариҳои Қаршӣ ва Ғузор гардид.

Чуноне дар боби аввал ишора рафт, Бухорои Шарқӣ асосан солҳои 70-уми асри Х1Х ба зери итоати ҳукумати амирӣ кашида шуд. Вале, дар ин гӯша аллакай солҳои 80-ум вазъият хело ноором гардида буд. Зеро, дар ин қисми аморат зиндагии мардум боз ҳам тоқатфарсотар ва худсарии ҳокимони маҳаллӣ боз ҳам зиёдтар ба ҳисоб мерафт. Бо ибораи Б.Ғ.Ғафуров «ҳукумати амирӣ аслан Бухорои Шарқиро чун мустамликаи худ қарор дода, дар ин ҷо назар ба қисми ғарбии аморат тартиботи сахттаре ҷорӣ намуд». Амир ба сипоҳиёни дарбории худ, ки дар ин гӯша «хизмат» мекарданд, ба ивази маош чун танҳо, ситонидани андози як ё худ якчанд деҳаҳоро бахшида буд. Дар натиҷа деҳқонони ин гуна деҳаҳо «амалан дар ҳолати крепостноӣ» буданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Худсарию бедодгариҳои ҳукуматдорони амирӣ, ки дар Бухорои Шарқӣ «адои вазифа» доштанд, инчунин зиндагии тоқатфарсои мардуми ин диёр солҳои 1885-1886 сабабгори мавҷи ҳаракатҳои халқӣ дар Мӯъминобод, Кӯлоб, Балҷувон, Ҳисор ва Деҳнав, соли 1887 дар дараи Ромит ва ғайраҳо гардидаанд.

Дар байни шӯришҳои солҳои 80-ум бузургтарин шӯриш бо сарварии Восеъ ба ҳисоб меравад, ки он соли 1888 дар бекигарии Балҷувон ба амал омадааст. Сабаби асосии ин шӯриш ҳам бенавоӣ ва қашшоқии халқи мазлум, зиёд будани андозҳо, худсарии ҳукуматдорони маҳаллӣ ва ғайра гардидаанд. Падари Восеъ – Шакар (номи бобояш – Белак) деҳқони камбағал аз деҳаи Нурунҷои Балҷувон будааст. Мӯҳтоҷӣ ӯро ба деҳаи Дараи Мухтор овард ва Восеъ дар ҳамин деҳаи на он қадар калон ба дунё омад. Ӯро дар ҷавониаш ба ҳайати сарбозони ҳокими Кӯлобу Балҷувон -Сарабек сафарбар намуданд ва соли 1870 дар ҷангҳои муқобили қӯшунҳои амири Бухоро – Музаффархон ширкат варзидааст. Вай ҳатто дар яке аз ҷангҳо бо ҳокими Дарвоз низ иштирок намудааст. Дар натиҷаи ин ҳама Васеъ аллакай бо баъзе нозукиҳои санъати ҳарбӣ шинос гардид. Касби Восеъ деҳқонӣ ва ҷувозкашӣ буд. Ӯ зағирро қисман худаш кишт мекард ва бештар онро аз деҳқонони деҳаҳои гуногуни атроф харида, худ онро ҷувоз мекашид ва равғанашро дар бозори Ховалинг мефурӯхт. Ҳангоми шӯриш Восеъи паҳлавонҷусса тахминан 35-37 сола будааст. Аз сабаби он ки оиди оғоз ва рафти шӯриши Восеъ ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ҳануз дарёфт нагардидаанд, бинобар ин он асосан аз рӯи ривоятҳо тасвир ёфтааст ва табиист, ки онҳо гуногунанд. Чунончӣ, мувофиқи яке аз он ривоятҳо, дар яке аз рӯзҳои бозор, ҳокими Балчувон Мирзо Акрам ҳамроҳи закотчиёнаш ва чанд нафар сарбозон ду деҳқони маҳбусро барои дар сари вақт насупоридани андоз, барои қатл ба бозори Ховалинг овардаанд. Агарчанде дар ҳудуди аморат ҳукми қатлро амир медоду дар шароити Бухорои Шарқӣ ин гуна ҳуқуқро пештар танҳо ҳокими Ҳисор дошт. Восеъ аз воқеа воқиф шуда, ба беку амалдоронаш ҳамлаи шерона намуд ва маҳбусони бечораро аз марг наҷот дод. Дар ҳамон лаҳза қисме аз деҳқонони дар бозор буда ба Восеъ ҳамроҳ мешаванд. Ҳоким бо сарбозони худ аз тарс роҳи гурезро пеш гирифт. Мувофиқи ин ривоят ҳамин ҳодиса барои оғози шӯриш баҳонае гардидааст.

Мувофиқи ривояти дигар (нақли шодравон, набераи Восеъ – Бобои Камол, аз рӯи хотироти падараш – Ҳасан, писари нахустини Восеъ) вақте, ки Восеъ машғули хирманкубӣ будааст, мансабдорони хокими Балҷувон омада аз ӯ чор танга андози «ноҳақона» талаб кардаанд. Восеъ пул надошт. Вале мансабдорон ӯро ба ҳолаш нагузоштаанд. Бинобар ҳамин ҳам Восеъи ба ғазаб омада бо як чолокӣ ба сӯи мансабдорон ҳамла намуда, онҳоро аз асп зада меафтонаду, худ сӯи Судара мегурезад. Восеъ дар муддати 10 рӯз деҳаҳои Сурхдара ва Шӯробдараро тай намуда, мардумро ба шӯриш даъват кардааст. Дар рӯзи 11-ум дар теппаи кӯҳи Тали Баландсор гулхан афрӯхтаанд, ки ин нишонаи даъват ба шӯриш буд. Дар ибтидои шӯриш дар атрофи Восеъ 11 тан ҳамдиёронаш будаанд, вале ба зудӣ сафи онҳо ба 600 нафар расидааст. Онҳо 20 рӯз дар Сурсақова манзил гузошта, ба мубориза тайёрӣ дидаанд. Ҳокими Балҷувон бо қувваҳои дар ихтиёр доштааш ба бошишгоҳи шӯришгарон ҳамла кард, вале шикаст хӯрд. Шӯришгарон деҳаи Хӯҷа Балҷувон ва ниҳоят қалъаи Балҷувонро, ки маркази ҳокимнишин буд, соҳиб шуданд. Ҳоким бо амалдорону сарбозонаш гурехт. 8 рӯз Балҷувон дар ихтиёри шӯришгарон монд. Он лаҳза шумораи шӯришгарон то ба ҳазор нафар расидааст. Онҳо асосан аз ҷумлаи мардуми деҳаҳои Маҳмуддара, Сӯҷина, Шайхон, Чуқурак, Оқтерак ва ғайра будаанд. Дар ин муддат Восеъ «ҳукумати» худро ташкил додааст, ки дар он Юсуф ном шахс вазир, Мулло Назир, ки ӯ ҳам мисли Восеъ ҷувозкаш буд, девонбегӣ таъин шудаанд. Бо ҳамин, бо гирифтани ҳокимият, шӯришгарон дигар чорае наандешидаанд.

  Ҳокими Балҷувон Мирзо Акрам аз вазъият истифода бурда,  қувваҳои парокандаи худро аз сари нав ҷамъ намуд. Дар ин муддат ба ихтиёри ӯ отряде, чун кӯмак аз беки Кӯлоб низ омада расид. Мирзо Акрам бо якҷоягии ин қувваҳо ба қалъаи Балҷувон ҳуҷум карда, онро соҳиб шуд. Шӯришгарон бошанд ба сӯи Кангурт қафо гашта, деҳқонони Кангурту Қизилмазорро ҷамъ намуданд ва қалъаи Балҷувонро бори дуюм ба даст дароварданд. Дар ин муҳориба сарвари нави қӯшунҳои ҳокими Балҷувон Аллаёр низ кушта шуд. Ҳокими Балҷувон бошад боз роҳи гурезро пеш гирифта, ин дафъа дар кӯҳҳои Қизилмазор манзил гирифт. Дар ин лаҳза ба ихтиёри Восеъ Балҷувон, Ховалинг ва Кангурт гузашта буд. Овозаи ғалабаҳои Восеъ ниҳоят то ба амир Абдулаҳадхон, ки ӯ ҳамон лаҳза барои истироҳати тобистона ба Шаҳрисабз омада буд, низ расид. Расидани ин хабар, дар як вақт, бо ба сӯи Ҳисор аз тарафи амир фиристодани дастаи сарбозон бо сарварии Яъқуббек мувофиқ омад. Беки Ҳисор Остонақул қушбегӣ баробари ба мулкаш омада расидани он сарбозон, ба онҳо қӯшунҳои худро низ ҳамроҳ намуд ва сарварии умумиро ба ӯҳдаи худ гирифта, барои пахш намудани шӯриш, ба сӯи Балҷувон шитофт. Восеъ бошад аз омадани қувваҳои зиёди амирӣ хабардор шуда, дар дараи Пули Сангин – купруки дарёи Вахш (ҳоло ҷойи НБО Норак)-ро, ки ягона гузаргоҳ ба сӯи Балҷувон буд, вайрон кард. Вале Остонақул таъхир накарда, барои аз дарёи Вахш гузаштан мардуми деҳаи Норак ва атрофи онро сафарбар намуда, бо дасти онҳо маҷбуран купруке (амаде) бунёд кард.

Қӯшунҳои Остонақул баробари аз дарёи Вахш гузаштан ба муқобилияти сахти шӯришгарон дучор шуданд. Он лаҳза дастаҳои ҷудогонаи шӯришгаронро дӯстони содиқи Восеъ – Назир, Карим, Наим, Нозим, Муҳаммадӣ, Муродалӣ, Раҳимбой, Саидалӣ ва Давлат сарварӣ мекарданд. Вале сифатан акнун бартарӣ ба фоидаи Остонақул буд. Зеро, дар Кангурт ба онҳо отрядҳои парокандаи беки Балҷувон низ ҳамроҳ шуда буданд. Дар Тутқавул ва Кангурт дар байни шӯришгарон ва қӯшунҳои Остонақул ҷангҳои шадиде ба амал омаданд. Вале ин ҳар ду муҳориба ҳам ба фоидаи Остонақул ва мағлубияти шӯришгарон анҷом ёфт.

Восеъ баъди шикастхӯриҳои Тутқавул ва Кангурт аз муҳорибаи нав даст кашида, бо отряди камшумори боқимондааш ба сӯи деҳаи Сарипул (шимолу Шарқии Ховалинг) қафо гашт. Вале қисмҳои қӯшунҳои Остонақул то ба ин ҷо ҳам омада расида, ба шӯришгарон зарбаи охиринро расониданд, ки ин воқеа тахминан охири моҳи июли соли 1888 ба вуқӯъ омада буд. Восеъ баъди ин шикастхӯрӣ, аввал ба деҳаи Гулдара, баъд ба  кӯҳҳои Девлох, ба чарогоҳи Буздара гурехт. Вале дар Буздара Восеъ ва ҳаммаслаконашро сарбозони ҳоким аллакай интизор буданд. Дар ин ҷанги нобаробар (тахминан охири августи соли 1888) Восеъ асир афтод. Ӯро аз он ҷо аввал ба Балҷувон, баъд ба Ҳисор оварданд ва аз он ҷо беки Ҳисор Останақул қушбегӣ вайро бо 6 нафар ҳамсафонаш ба Шаҳрисабз, ба ҳузури амир Абдулаҳадхон, ки ҳанӯз ҳам истироҳаташро дар ин ҷо давом медод, фиристод. Бо ҳукми амир Восеъро дар токи нимвайронаи Оқсараи Шаҳрисабз ба дор кашиданд.

 Баъди пахш намудани шӯриш 120 нафар иштирокчиёни он ҳабс ва 46 нафари онҳо қатл гардиданд. Минбаъд ҳам таъқибкунии иштирокчиёни ин шӯриш 5 сол давом кардааст. Дар шӯриш асосан деҳқонон иштирок кардаанд. Инчунин нисбати ин шӯриш баъзе дороён ва диндорон низ хайрхоҳ буданд. Чунончӣ, ҳангоми ҳабси Восеъ, эшони халифа писарони Восеъ – Ҳасан ва Давлатро дар хонаи худ пинҳон намудааст. Ё худ ҳангоми ба Шаҳрисабз фиристодани Восеъ, ҳамроҳи, ӯ чун гунаҳкорони ашаддии ин воқеа, аз ҷумлаи мансабдорони маҳаллӣ, ба монанди: Абдулҳақхоҷаи Соҳибзода, Муллобойи тӯқсабо, Қурбон қараулбегӣ, Хӯҷамурод мирохӯр ва дигарон низ будаанд. Ба чунин ҷазодиҳиҳо нигоҳ накарда, минбаъд ҳукуматдорони амирӣ маҷбур шуданд, ки миқдори ситонидани баъзе намуди андозҳоро кам намоянд (масалан аз наску нахӯд) ва баъзеашро (ба монанди «сабзапулӣ», ки аввали баҳор аз ҳар оила 4 тангагӣ руёнида мешуд) аз байн бардоранд.

Суруди халқии “Шӯриши Восеъ” <<

Суруди халқии «Шӯриши Восеъ»


Калидвожаҳо: таърихи халки точик, таърихи точикистон, таърихи тоҷикистон, таърих, таърихи точикон, таърихи тоҷикистон, таърихи тоҷик, халки точик дар замони подшохии русия, росия, халки точик  хангоми забти осиёи миёна аз тарафи росия, донишҷӯ тҷ, донишчу, студент тч, donishju tj, реферат аз фанни таърихи халки точик, реферат, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, шуриши восе, шуриши восеъ

ҚаблӣОғози ташаккулёбии синфи коргар ва буржуазияи миллӣ
БаъдӣАвч гирифтани шуришхои зиддимустамликави дар кишвари Туркистон