Сиёсатшиносӣ ва заминаҳои пайдоиши он

То асри XIX ҳамаи таҳқиқоти масъалаҳои сиёсӣ дар доираи дигар фанҳо, аз қабили фалсафа, ҳуқуқшиносӣ, ҷомеашиносӣ, таърих ва ғ. сурат мегирифт. Аммо сарчашмаҳои афкори сиёсӣ ҳанӯз 2,5 ҳазор сол пеш ба вуҷуд омада буданд. Аввалин таҳқиқотҳо нисбати сиёсат бо рушду инкишофи демократияи давраи Атиқа алоқаманд аст. Маҳз дар ин давра асосҳои илмии масъалаҳои сиёсӣ гузошта шудаанд. Дар замони феодализм масъалаи мазкур рӯ ба таназзул ниҳод. Танҳо дар асри XVIII рушду инкишофи пурраи таҳқиқоти сиёсӣ оғоз гардид.

Ҳамин тариқ, пайдоиш ва ташаккулёбии сиёсатшиносӣ ҳамчун илми мустақил ба якчанд омилҳои объективӣ вобастагӣ дошт:

1.Инқилобҳои буржуазӣ. Давраи инқилобҳои буржуазӣ барои ба вуҷуд омадани системаҳои нави идоранамоӣ сабаб гардиданд. Гурӯҳҳои наве, ки ҳокимияти сиёсиро дар дасти худ нигоҳ медоштанд, ба ояндабинии дарозмуддати рушду инкишофи сиёсӣ ниёзманд буданд. Аз ин рӯ, онҳо марказҳои илмию таҳқиқотиеро ба вуҷуд оварданд, ки дар ин марказҳо масъалаҳои сиёсӣ мунтазам таҳқиқ мегардиданд. Талабот ба шакли давлатдории нав, ки дар дастгоҳи идории он шахсони дорои дониши сиёсӣ бояд кору фаъолият менамуданд, дар рушду инкишофи ин илм нақши муҳим бозидааст.

2.Ҳуқуқҳои сиёсӣ. Дар дараҷаи муайян шарту шароити мавҷудияти инсонҳо ва ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба дигаргуниҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардиданд. Ба вуҷуд омадани ҳуқуқи умумии иштирок дар интихобот ба фаъол гардидани нақши инсон дар ҳаёти сиёсӣ оварда расонид. Мустаҳкам гардидани раванди мубориза барои ташаккули аввалин ҳизбҳои сиёсӣ, ки онҳо мустақилона дар ҳаёти сиёсӣ ширкат меварзиданд, заминаи муҳимми ташаккулёбии сиёсатшиносӣ ба шумор меравад.

3.Давлатдории миллӣ. Аз байн рафтани парокандагии замони феодализм ва ба вуҷуд омадани давлатҳои мутамарказ ва давлатдории миллӣ сабабҳои аслии мустаҳкам гардидани муносибатҳои нави сиёсӣ гардиданд. Ба вуҷуд омадани шаклҳои нави муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ихтилофҳои сиёсӣ, инчунин фаъол гардидани сиёсати байналхалқӣ ба таҳлил ва баррасиҳои назариявӣ ниёзи бузург дошт. Маҳз дар ин давра сиёсатшиносӣ характери миллӣ пайдо намуда, аввалин мактабҳои миллии сиёсатшиносӣ дар ИМА, Фаронса, Британияи Кабир, Олмон, Италия ва ғ. ба вуҷуд омаданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

4.Антагонизми сиёсӣ. Дар сохтори иҷтимоии ҷомеа дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд омаданд. Дар натиҷаи инқилобҳои буржуазӣ дар ҷомеа синфҳои нав, яъне буржуазия ва пролетариат ба вуҷуд меоянд. Синфи буржуазия сохтори меросии давлатдориро барҳам зада, сиёсати худро дар асоси сохтори нави давлатдорӣ ба роҳ мемонад. Пролетариат ҳамчун аввалин синфи мазлум барои ба даст овардани ҳокимият муборизаро оғоз мекунад. Зеро аз ин пештар синфи мазлум танҳо барои ҳимояи манфиатҳои иқтисодии худ мубориза мебурду халос. Чунки сохтори давлатдорӣ то ин замон хусусияти меросию авлодӣ дошта, ҳокимият барои дигарон дастнорас буд. Мустаҳкам гардидани зиддият (антагонизм) миёни синфҳои ҷамъиятӣ сабабгори ба вуҷуд омадани коркард ва моделсозии сиёсӣ гардид. Тағйирёбии муносибатҳои мутақобила миёни синфҳои буржуазия ва пролетариат ба пайдо гардидани аввалин идеологияҳои сиёсӣ оварда расонид.

5.Секуляризатсия. Дар рушду инкишофи сиёсатшиносӣ раванди секуляризатсияи[1] ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири бузург расонидааст. Аз зери таъсири калисо берун овардани давлат ва баръакс, дар зери таъсири давлат қарор додани онҳо имкон дод, ки як қатор масъалаҳои давлатӣ кафолати сиёсӣ пайдо намоянд. Минбаъд ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон на дар догмаҳои калисоӣ ва навиштаҷотҳои динӣ, балки дар конститутсияҳо эълон ва мустаҳкам гардиданд.

6.Антиколониализм. Раванди фаъол гардидани муборизаҳои миллӣ-озодихоҳии мустамликаҳо ба низоми муносибатҳои байналхалқӣ таъсири амиқ расонидааст ва онро ба дигаргунии ҷиддӣ рӯ ба рӯ намудааст. Чунин раванд на танҳо ба тағйир ёфтани сиёсати ҷаҳонӣ оварда расонид, балки дар шаҳр-давлатҳо (метрополияҳо) низ як қатор дигаргуниҳоро ба вуҷуд овард.

Бо назардошти чунин шарту шароитҳо дар нимаи дуюми асри ХIХ сиёсатшиносӣ ҳамчун илми мустақил ба вуҷуд меояд.

Аввалин марказҳои таҳқиқоти сиёсӣ дар назди донишгоҳҳои бонуфузи Аврупои Ғарбӣ ва Амрико таъсис дода мешаванд. Соли 1880 дар ИМА аввалин шуда маҷаллаи «Political science» ба нашри худ оғоз менамояд ва дар назди Коллеҷи Колумбия мактаби илмҳои сиёсӣ таъсис дода мешавад. Соли 1889 Академияи амрикоии илмҳои иҷтимою сиёсӣ ташкил шуда, дар соли 1903 Иттиҳодияи сиёсатшиносони миллии Амрико таъсис дода мешавад. Дар ин давра дар Аврупои Ғарбӣ низ шабакаи васеи марказҳои илмӣ ва таълимӣ ба вуҷуд меоянд. Дар соли 1871 дар Фаронса Мактаби озоди илмҳои сиёсӣ ташкил шуда, айни замон он бо номи Донишкадаи таҳқиқоти сиёсии Донишгоҳи шаҳри Париж машҳур аст. Соли 1895 дар шаҳри Лондон мактаби илмҳои иқтисодию сиёсӣ таъсис меёбад.

Дар ибтидои асри ХХ сиёсатшиносӣ ҳамчун илм ва ҳамчун фанни мустақил пурра ташаккул меёбад. Соли 1948 бо ташаббуси ЮНЕСКО Коллоквиуми байналхалқӣ оид ба масъалаи илмҳои сиёсӣ баргузор мегардад, ки дар он таълими сиёсатшиносӣ дар мактабҳои олии давлатҳои узви ЮНЕСКО тавсия мегардад. Дар он давра бо назардошти самтҳои таҳқиқоти сиёсӣ сохтори илмҳои сиёсӣ ба таври зерин муайян мегардад:

– назарияи сиёсӣ (назария ва таърихи афкори сиёсӣ);

– назарияи институтҳои давлатӣ (институтҳои марказӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ), сохтор ва шакли амалишавии онҳо;

– назарияи иштироки сиёсӣ ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ (ҳизбҳо, гурӯҳҳои манфиатдор, лоббизм, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ВАО, афкори ҷамъиятӣ);

– назарияи сиёсати байналхалқӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ (сиёсати байналхалқӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, глобалистика, геополитика).

Имрӯзҳо дар ҷаҳон зиёда аз сад маркази таҳқиқоти сиёсӣ арзи вуҷуд дорад, ки аксари онҳо соли 1949 дар Иттиҳодияи байналхалқии илмҳои сиёсӣ муттаҳид шуда буданд. Айни замон сиёсатшиносӣ аз рӯйи шумораи таҳқиқотҳои худ ва шумораи асарҳои чопшудаи ин соҳа дар миёни илмҳои дигар мавқеи намоёнро ишғол намудааст ва яке аз касбҳои бонуфуз низ ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва як қатор давлатҳои дигари сотсиалистӣ сиёсатшиносӣ ба сифати фанни мустақил ва шохаи алоҳидаи илм эътироф намегардид ва он ҳамчун илми буржуазӣ ва зиддимарксистӣ дониста мешуд. Масъалаҳои алоҳидаи илмҳои сиёсӣ дар доираи фанҳои коммунизми илмӣ, материализми таърихӣ, таърихи ҲКИШ (КПСС), назарияи давлат ва ҳуқуқ, атеизми илмӣ ва ғ. мавриди омӯзиш қарор дода мешуданд. Баъди солҳои 1980 дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ раванди бозсозӣ оғоз гардида, демократикунонии ҷомеа ва дигаргуншавии системаи сиёсӣ ба вуҷуд омад. Дар ин давра анҷом додани таҳқиқоти сиёсӣ имконпазир гардида, баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсатшиносӣ ҳамчун илм ва фанни мустақил эътироф гардид.

Сиёсатшиносӣ ба монанди дигар илмҳо, дорои предмети омӯзиши худ ва методҳои таҳқиқотии худ буда, дар ҷомеа вазифаҳои муайянро иҷро менамояд. Предмети сиёсатшиносӣ хеле мураккаб буда, муайян намудани он аз объекти таҳқиқоти сиёсатшиносӣ вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, предмети сиёсатшиносиро метавон ҳам дар мазмуни васеъ ва ҳам дар мазмуни маҳдуд муайян намуд.

Сиёсатшиносӣ дар мазмуни васеъ ҳамчун соҳаи донишҳои байнифаннӣ баррасӣ карда мешавад. Мувофиқи чунин фаҳмиш ҳар он чизе ки хусусияти сиёсӣ пайдо менамояд ва дар ҷаҳони сиёсат ворид мешавад, ҳамчун предмети сиёсатшиносӣ муаррифӣ мегардад. Аммо чунин фаҳмиши васеъ хусусиятҳои муҳимми сиёсатшиносиро равшан сохта наметавонад. Предмети сиёсатшиносӣ ҳамчун илми мустақил дар мазмуни маҳдудаш равшан мегардад ва падидаи сиёсат дар муносибат бо ҳокимияти сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

 «Ҳокимият мазмун ва мақсади асосии сиёсат аст, пас ҳокимияти сиёсӣ сатҳи комилтарини ҳокимият буда, то замоне ки ҳокимият вуҷуд дорад, таҳқиқи ташаккули роҳҳои идораи он аз ҳама бештар ба илмҳои сиёсӣ вобастагӣ дорад»[2]. Зеро маҳз ҳокимият воситаи асосии амалӣ гардидани сиёсат маҳсуб меёбад. Агар предмети сиёсатшиносӣ ба воситаи мафҳумҳои калидӣ, аз қабили «ҳокимияти сиёсӣ» ва «сиёсат» муайян карда шавад, пас хусусиятҳои муҳимми сиёсатшиносӣ ҳамчун илм низ ба воситаи онҳо нишон дода мешавад.

Ҳамин тариқ, сиёсатшиносӣ илм дар бораи сиёсат, равандҳои сиёсӣ, қонуниятҳои ташаккул ва рушду инкишофи ҳокимияти сиёсӣ ва шаклҳои амалигардии он мебошад.

[1] Чизеро аз ихтиёри калисо гирифта ба идораи гражданӣ супурдан, ё ин ки чизеро аз зери таъсири калисо баровардан.

[2] Муҳаммад А.Н. Донишномаи мухтасари сиёсӣ. – Душанбе, 2016. – С.215.

ҚаблӣСИЁСАТШИНОСӢ ИЛМ ДАР БОРАИ СИЁСАТ
БаъдӣКатегорияҳои сиёсатшиносӣ