Синфи кирмҳои серқилча ё полихетҳо. Номи синф аз бисёр будани қилҳо дар параподияҳо гирифта шудааст. Намояндаҳои ин синф, асосан дар чуқуриҳои гуногуни баҳрҳо вомехӯранд. Миқдори камашон дар обҳои ширин ва ҷангалҳои тропикӣ зиндагонӣ мекунанд. Дар бадани онҳо баромадҳои зиёд: параподия (ба пой монанд), мӯйлабҳои ҳискунанда ва қилҳо мавҷуд аст. Қилҳо дар як вақт вазифаи ҳаракат ва ҳис карданро иҷро мекунанд. Баромадҳо аз ҳама нағзтар дар қисми сар тараққӣ кардаанд. Қисми сар дар натиҷаи якҷояшавии ду – се сегменти пеши тана ҳосил шудааст. Дар қисми сари онҳо сӯрохии даҳон, мӯйлабҳо ҷойгир шудаанд.
Дар ҳар як сегменти бадан як ҷуфт параподия мавҷуд буда, онҳо қили бисёр доранд. Параподия бо қилҳо вазифаи шино карданро (ба монанди бел задан) иҷро мекунанд. Намояндагони ин синф нереида, реггардак ва ғайраҳо мебошанд. Нереида даранда буда, баданаш аз ҳалқаҳои якхелаи бисёр иборат аст (расми 71).
Афзоиши нереида бо роҳи ғайриҷинсӣ ва ҷинсӣ ба амал меояд. Дар вақти афзоиши ғайриҷинсӣ бадани кирм ба қисмҳои зиёд тақсим шуда, дар ҳар кадоми он қисмҳо сар ва қисми дум ташаккул меёбад.

Афзоиши ҷинсиашон бошад, чунин ба амал меояд: Дар ҳар як сегмент ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ба балоғат расида, тавассути кафидани девори ҳалқаҳо (сегментҳо) тухм ва нутфа ба об мебарояд, дар он ҷо бордоршавӣ ба амал меояд. Баъд аз ин волидайн мемиранд ва аз тухми бордоршуда кирминаи шинокунанда мебарояд. Кирмина трохофор ном дошта, ба нок монанд аст. Баъди якчанд вақт шино кардан, кирмина ба зери об рафта, аз он кирмҳои ҷавон пайдо мешаванд. Намояндаи дигари ин синф реггардаки калони баҳрӣ буда, дар зери лойқа ё рег лона кофта, ҳаёт ба сар мебарад. Нереида хӯроки муҳимми моҳиҳои шикорӣ мебошад.
Мавзӯи пурра >> Таснифи типи ҳалқакирмҳо





















