Мухаммад Икбол Лохури

Дар ин саҳифа, маълумот оиди Мухаммад Икбол Лохури, зиндагинома ва ашъори Мухаммад Икболи Лохури оварда мешавад. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аз сомонаи www.DONISHJU.net >>

Мухаммад Икбол Лохури

Муҳаммад Иқбол шоир, файласуф ва ходими ҷамъиятии Ҳиндустон, симои калидӣ дар адабиёти урду ва форсу тоҷик, мутафаккир, падари рӯҳонии Покистон ва мубаллиғи ин мамлакат ба шумор меравад.

Муҳаммад Иқбол 9 ноябри соли 1877 дар Сиалкот дар оилаи дӯзандаи диндори машҳур таваллуд ёфтааст. Оилаи онҳо аз браҳман (одами табақаи олӣ дар Ҳиндустон) буданд, ки дини исломро қабул кардаанд. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифт. Аз чорсолагӣ китоби муқаддаси «Қуръон»-ро омӯхт. Дар соли 1892 ба духтари яке аз духтурон аз Гуҷарат бо номи Каримбибӣ оила барпо кард.

Соли 1895 Муҳаммад Иқбол ба мактаби олии давлатии Лоҳур дохил шуда, дар он ҷо фалсафа, адабиёти арабӣ ва англисиро омӯхт. Яке аз устодонаш шарқшинос Томас Уокер Арнолд буд, ки ба Муҳаммад Иқбол барои васеъ намудани шуурнокиаш сайёҳати Аврупоро тавсия дод. Соли 1899 вай дараҷаи магистриро гирифт. Сипас дар Англия (дар мактаби олии Тринти Донишгоҳи Кембриҷ) ва Олмон (Донишгоҳи Мюнхен) таҳсил намуд. Соли 1908 профессори фалсафа гардид. Дар Мюнхен диссертатсия доир ба мавзӯи «Рушди метафизика дар Форс»-ро ҳимоя намуд. Дар Британияи Кабир Муҳаммад Иқбол узви шуъбаи лондонии Лигаи тамоми ҳиндуҳои мусулмон гардид. Дар Олмон бошад, бо кори Гёте, Гейне ва Нитсше ошноӣ пайдо кард.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Аз соли 1908 дар Лоҳур зиндагӣ кард ва он ҷо аз фанни фалсафа дарс медод, баъдтар ҳуқуқшиносиро мавриди диққат қарор дод. Ба эҷод охири соли 1890-ум шурӯъ кард. Бо китоби алоҳидаи назмаш «Асрори ман» дар соли 1915 баромад намуд. Шеърҳоро бо забони урду, панҷобӣ ва форсӣ эҷод мекард. Дар марҳилаи аввали эҷодиёташ бо забони урдуӣ шеър менавишт, баъдтар ба забони форсӣ гузашт. Бо забони форсӣ манзумаҳои фалсафиро бо номи «Асрори худӣ» ва «Рамузи бехудӣ», маҷмӯаи «Забури Аҷам», достони «Ҷовиднома» ва «Мусофир» нашр кард. Илҳомбахши шеъри вай, пеш аз ҳама Ҷалолиддини Балхӣ буд. Худи Муҳаммад Иқбол дар эҷодиёташ мавзӯъҳои расмии маҷмӯаҳои сӯфиёна ва орифонаро тараққӣ додааст.

Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,
Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.
Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,
Не зи урёниву не аз қатъи мӯст.
Муҳкамӣ ӯро на аз лодинӣ аст,
Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст.
Қуввати авранг аз илму фан аст,
Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.

Бо ҳиссиёти публитсистӣ маҷмӯаҳои назмии ба забони урду нашршуда, ба мисли «Боли Ҷабраил», ки дар он гимни масҷиди Кордовҳо, «Зарби калом» ва инчунин «Армуғони Ҳиҷоз» хеле фарқият доранд. Соли 1923 ба табъ расонидани достони лирикии «Паёми Машриқ»-и Муҳаммад Иқбол ҷавоб ба «Девони Машриқу Мағриб»-и Гёте гардид.

Миёнаҳои соли 1920 фаъолона дар зиндагии сиёсии Ҳинд иштирок намуд. Соли 1926 Муҳаммад Иқбол узви Маҷлиси қонунбарории Панҷоб интихоб гардид. Дар соли 1928 бо ақидаи нав шудани ислом «Таҷдиди ақидаҳои динӣ дар ислом» баромад намуд. Дар соли 1930 Муҳаммад Иқбол бо сифати раиси иҷлосияи Лигаи мусулмонон барои бунёди давлати мусулмонӣ дар ҳайати федератсияи Ҳинди мустақил баромад кард. Ин, оқибат асоси он шуд, ки Иқболро «падари рӯҳонии Покистон» эълон карданд.

Пас аз фавти Муҳаммад Иқбол ақидаҳои вай аз тарафи ҳаракати Покистон вусъат дода шуданд, ки ба давлати алоҳидаи мустақили Покистон оварда расонд. Дар ду мизи мудаввар, ки дар Лондон баргузор карда шуданд, иштирок намуд. Инчунин, аз мамолики Франсия, Испания ва Италия дидан намуд ва дар конфронси мусулмонӣ дар давлати Байтулмуқаддас ширкат варзид. Тирамоҳи соли 1933 вай ба кишвари Афғонистон даъват шуда буд, то ки таъсиси донишгоҳро дар Кобул муҳокима кунанд.
Дар даврони сотсиалӣ-инқилобӣ эҷодиёти худро бо ақидаҳои сотсиализм равнақ дода, «бединии коммунистӣ»-ро рад кард. Дар соли 1953 «Базми Иқбол» ташкил гардид.
Писари вай Ҷовид Иқбол файласуф ва судяи Суди Олӣ шуд.


Мақбараи Муҳаммад Иқбол дар Лоҳур

Муҳаммад Иқбол 21-уми апрели соли 1938 дар Лоҳур даргузашт. Мақбараи Иқбол дар Ҳузури Боғ пеш аз баромадгоҳ ба масҷиди Бадшахӣ дар Форт Лоҳур буда, расман аз ҷониби Ҳукумати Покистон посбонӣ карда мешавад.


Васфи табиат дар ашъори Муҳаммад Иқбол

Васфи табиат аз ҷумлаи он мавзўҳоест, ки гумон аст ягон адиб дар эҷодиёти худ онро сарфи назар карда бошад. Маҳз манзараҳои мафтункунандаи табиати рангин аст, ки бо сиру асрори ҳайратовари худ илҳоми ҳазорҳо адибонро меорад. Адибони гуногун васфи табиатро гоҳе аз барои он мекунанд, ки манзараи зебоеро боз зеботар баён кунанд, агар гўшаи торикеро тасвир карданӣ бошанд, пас талош мекунанд он ҷо нуре ёбанду онро хотирмон ба қалам диҳанд.

Адиби соҳир, ҳангоми тасвири табиат ба ҳамон нуқтаҳое эътибор медиҳад, ки дар бисёр мавридҳо аз назари мо дур ва аз фаҳмишамон дар канор мондаанд. Вобаста ба табъ, завқ ва истеъдоди асарофарии адиб инчунин андозаи меҳре, ки ў ба табиати зинда дорад, ҳар як гўшаи ҷойе, обу дарахту сабзаи маҳале, шукуфтани гулҳои чамане, навои паррандаҳои зебопару хушхони боғе, тобиши муъҷизамонанди фаслҳои сол ва мисли инҳо сурати тоза, ҷолиб ва мафтункунандаро мегирнд.

Шоири маъруфи урдузабону форсизабони Ҳинду Покистон Муҳаммад Иқбол (1877-1938) ”Фасли баҳор”, “Қатраи об”, “Шабнам”, “Ҷўйи об”, “Насими субҳ” ва “Бўйи гул” барин як силсила шеърҳо гуфта, бо ин васила фаромўш накардааст, ки бе васфи табиат, бе ёдовар шудан аз ҳусни табиат, бе дарки мақоми табиат дар фаъолияти ҳар як эҷодкор, албатта як навъ костагӣ, як навъ берангӣ намудор мешавад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» №11(463) аз 15-03-2018

Дил (Рубоиҳо аз Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ)

Дигар омӯз (Шеъри Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ)